Имрӯз бояд ба як масъалаи муҳими маънавӣ ва иҷтимоӣ - боварҳои беасос, аз ҷумлаи фолбинӣ, ҷодугарӣ, туморбозӣ ва амсоли инҳо диққат диҳем. Зеро дар асри 21 зиндагӣ дорему ҳанӯз  ҳастанд нафароне, ки ба суханони фолбинҳо ва амалҳои тӯморбозиву дуохонӣ бовар мекунанд.

Бояд таъкид намуд, ки чунин амалҳо дар ҳеҷ китоби осмониву диние навишта нашудааст ва на асоси воқеӣ доранд. Танҳо одамонро чунин ақидаҳои бесос гумроҳ месозанду бас.

Ин гуна рафторҳо  асосан аз норасоии маърифат ва дониш сарчашма мегиранд. Вақте, ки инсон илм ва мантиқро намешиносад ва аз он кӯча намегузарад ба ҳар гуна боварҳои беасос ва суханони ҷодугарону ба ном муллоҳо бовар мекунанд.  Чаро боре ба худ савол намедиҳанд, ки зиндагии он ҷодугарону муллоҳо то кадом андоза хуб аст?!  Онҳо, ки фиребгару ҳилагаранд, ба меҳнату заҳмати ҳалол даст намезананд, аз ҳисоби мову шумо зиндагиашонро пеш бурда, бо фиребу найранг луқмаи ҳаром мехӯранд.

Дар замони муосир пешрафт ва дастовардҳо танҳо бо ақл, дониш ва кӯшиши худи инсон имконпазир аст, на бо фолбинӣ ва ҷодугарӣ.  Коршиносону донишмандони ислом мегӯянд, ки ҳеҷ инсоне тақдирро дигар карда наметавонад ва ояндаро низ пешгӯӣ карда намешавад.

Ҳифзи фарҳанг ва маънавиёт, истифодаи дониш ва фикрронии мантиқӣ роҳҳои асосии аз ин гуна боварҳои беасос берун омадан ё раҳо шудан аст.

Шараф, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар, ки имрӯз бо масъулият ва садоқат барои пешгирӣ ва решакан кардани  амалҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ талош мекунанд. Ташаккур ба онҳо, ки барои таъмини амнияти ҷомеа, риояи қонун ва таъмини адолат корбарии муштаракро ба роҳ мондаанд. Ва мо тариқи расона ва телевизиону дигар пойгоҳҳои иттилоотӣ мебинем, ки фолбинҳову ҷодугарони нохондаи фиребгар дастгир шуда, беҷазо намемонанд.

Ва хонандаи азиз, худ қазоват кунед, ки агар онҳо қудрати пешгӯӣ ё ҷодугарӣ медоштанд, наметавонистанд худро раҳо бахшанд, магар!? Анна, бо ҳамин савол мантиқан фикр кунед ва зиндагии худро “тағйир” надиҳед! Зеро,  ба ҷуз офаридгор касе тақдирро табдил намедиҳад ва ҳеҷ қудрате надорад.

Ҷодугарӣ, пеши мулло рафтану фолбинӣ ба шахс ва ҷомеа  таъсири манфӣ расонида инсонро аз роҳи дуруст дур мекунад. Ба ҷойи он, ки одамон бо кӯшиш ва заҳмат мушкилоти худро ҳал намоянд, бо суханони ба ном муллоҳои ҷодугар бовар карда, интизори “тақдири тайёр” мешаванд. Ҳой мардум, тақдирсоз ману шумо бо ақлу заковат ва бо донишу маърифат ҳастем. Буҷаи хонаводаву ҳақи фарзандонро ошкору пинҳон ба пойи муллоҳо нарезед, зеро онҳо ба ҳеҷ коре барои ҳаёти шумо қодир нестанд.

 Садорат Бафозода,
муовини раиси ноҳияи Сангвор