Тағйирёбии босуръати равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва густариши шабакаҳои иҷтимоӣ имкониятҳои нав фароҳам овард, ки ҳамзамон заминаи паҳн гардидани андешаҳои носолим ва ифротӣ ба вуҷуд омада. Аз ин рӯ, эҳтиёт будан аз корҳои номатлуб ва худдорӣ намудан аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундрав, ифротгаро, террористию экстремистӣ вазифаи муҳими шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Тундравӣ ва ифротгароӣ зуҳуроти хатарноки иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд, ки бар асоси таҳаммулнопазирӣ, бадбинӣ ва рад намудани арзишҳои умумибашарӣ бунёд мегарданд. Экстремизм одатан бо таблиғи андешаҳои якҷониба зуҳур намуда, дар баъзе ҳолатҳо ба амалҳои зӯроварона ва террористӣ оварда мерасонад. Терроризм бошад, шакли ниҳоят хавфноки чунин падидаҳост, ки бо истифода аз зӯроварӣ ва тарс барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ё ғаразнок амалӣ мегардад. Чуноне, ки мо медонем, имрўзњо фаъолияти созмону гурӯҳҳои ифротї боиси нооромӣ, харобӣ ва талафоти ҷонӣ гардида, обрӯ ва суботи кишварҳои гуногунро зери хатар мегузоранд.
Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ҷалб гардидани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо мебошад. Ҷавонон, ки қишри фаъол ва ояндасози ҷомеа маҳсуб меёбанд, баъзан бо сабаби норасоии маърифати ҳуқуқӣ, таъсири таблиғоти бардурӯғ, мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ё тарбияи дуруст мавриди фиреб қарор мегиранд. Гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои муосири иртиботӣ андешаҳои худро дар шакли ҷолибу фиребанда пешниҳод намуда, эҳсосоти ҷавононро ба манфиати худ истифода мебаранд. Онҳо бо ваъдаҳои бардурӯғ, тафсири нодурусти арзишҳои динӣ ё шиорҳои зоҳирфиреб кӯшиш мекунанд, ки афродро ба сафи худ ҷалб намоянд.
Оқибатҳои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундрав ниҳоят сангин мебошанд. Пеш аз ҳама, чунин амалҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегарданд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти экстремистӣ ва террористиро қатъиян манъ намуда, барои иштирок дар чунин ташкилотҳо ҷазои сахт пешбинӣ намудааст. Бояд ќайд намуд, ки ин амалҳо ба амнияти давлат ва оромии ҷомеа таҳдид эҷод намуда, боиси коста гардидани ваҳдат ва эътимоди шаҳрвандон мегарданд.
Бо мақсади пешгирии чунин зуҳурот баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ аҳамияти муҳим дорад. Ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад ва дарк намояд, ки риояи қонун асоси зиндагии осоишта мебошад.
Нақши оила ва муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи насли наврас бисёр муҳим аст. Тарбияи дуруст, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ метавонанд ҷавононро аз таъсири андешаҳои ифротӣ эмин нигоҳ доранд. Падару модарон бояд ба рафтору доираи муоширати фарзандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, истифодаи онҳо аз шабакаҳои иҷтимоиро зери назорат қарор диҳанд. Муассисаҳои таълимӣ низ бояд тавассути чорабиниҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон саҳмгузор бошанд.
Илова бар ин, ҳамкории фаъоли шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад дар ошкор ва пешгирӣ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро мусоидат намояд. Бепарвоӣ нисбат ба таблиғоти тундравона метавонад оқибатҳои ногувор ба бор орад. Аз ин рӯ, ҳар як шахс бояд масъулияти шаҳрвандии худро эҳсос карда, дар ҳифзи субот ва амнияти ҷомеа саҳм гузорад.
Дар маҷмӯъ, эҳтиёт будан аз корҳои номатлуб ва худдорӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро шарти муҳими таъмини зиндагии орому осоишта мебошад. Ҷомеаи солим танҳо дар сурате рушд мекунад, ки шаҳрвандонаш дорои маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва эҳсоси масъулиятшиносӣ бошанд. Ояндаи дурахшони кишвар аз интихоби дурусти ҳар яки мо вобаста аст. Бо такя ба илму дониш, меҳнати ҳалол ва эҳтироми қонун метавонем суботи ҷомеаро ҳифз намуда, барои наслҳои оянда муҳити амну ободро мерос гузорем.
Нурзода Туйчӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва
варзиши ноҳияи Сангвор









