- Диданд: 88
Паёми табрикии муҳтарам Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, раиси ноҳияи Сангвор,
бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Сиву чор сол пеш миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди хеле бузург ва муқаддас – истиқлоли давлатӣ ноил гардида, соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки ҳоло мо ин рӯйдоди муборак, яъне тантанаи адолати таърих ва давлатдории навини худро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.
Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ тамоми мардуми ноҳияро самимона табрик ва муборакбод намуда, ба ҳар як хонадон саломативу сарбаландӣ, сулҳу сафо, хушбахтӣ ва осоишу рӯзгори обод орзу менамоям.
Бо ҳукми тақдир миллати тоҷик ба орзую ормони деринаи худ расид ва имрӯз баҳри таҳким ва пойдории Истиқлол ба корҳои ободонию созандагӣ машғул аст.
- Диданд: 91
«Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст».
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
34 сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр мебошад. Дар фазои Ватани азизамон хуршеди Истиқлол нурафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад.
Ҳар гоҳ сухан аз Истиқлоли давлатӣ ё миллат меравад, мо бояд ёдовар шавем, ки ҳадафи асосии талоши ҳар як халқ барои озодӣ, таъсиси давлати миллӣ ва истифодаи мустақилонаи корҳои давлатдорӣ мебошад. Истиқлол ба мо имконият медиҳад, ки сохтори давлатдорӣ, фарҳанг, иқтисод ва тарбияро ба таври мустақилона инкишоф диҳем, ормонҳои таърихиро амалӣ созем ва Тоҷикистони ободу шукуфон бунёд намоем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ миллати мо ба дастовардҳои назаррас дар ҳама соҳаҳо ноил шудааст. Истиқлол барои ҳар фарди кишвар озодӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро таъмин мекунад. Мо бояд ҳар рӯз ба қадри ин неъмат бирасем, онро ҳифз намоем ва барои пешрафти Ватан саъй кунем.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ чунин гуфтааст: «Маҳз ба шарофати талошу кӯшиш барои истиқлол, озодӣ ва пешрафти мо тавонистаанд, ки ҳанӯз дар асри даҳум, яъне ҳазору сад сол муқаддам давлати миллии мутамарказ ва дорои ҳамаи аркони зарурии давлатдориро ташкил диҳанд, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ бо номи давлати Сомониён шуҳрат ёфтааст». «Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст».
Баъди ба даст овардани истиқлол дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд. Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба қатори он санадҳои муҳимтарине дохил мешавад, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мо мавқеи махсуси худро доранд.
- Диданд: 93
- Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор карда шавад.
- Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
- Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони Озмун ва омӯзгоронеро, ки шогирдонашон дар даври ҷумҳуриявии Озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2026 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор гаштани Озмуни мазкур 2 660 000 (ду миллиону шашсаду шаст ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
- Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
- Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
29 августи соли 2025
№АП-862
- Диданд: 85
Халқи тоҷик яке аз қадимтарин халқҳои ҷаҳон ба шумор рафта, ниёгони мо садсолаҳо пеш соҳиби давлату таҷрибаи бойи давлатдорӣ буданд.
Давлати абарқудрати аҷдодони мо давлати Сомониён ҳанӯз 1100 сол қабл арзи ҳастӣ дошт ва ҳудуди он тамоми Осиёи Марказии имрӯза ва қисми Хуросонро дар бар мегирифт, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзандаи худро дошта таҷрибаи давлатдории Сомониён то ҳанӯз истифода карда мешавад.
Давоми ҳукмронии Ҳокимияти шӯравӣ гарчанде дастовардҳо бисёр буданд, вале истиқлолияти комили давлатӣ ба даст оварда нашуда буд. Тамоми муаммоҳои халқу миллати тоҷик аз боло, аз тарафи роҳбарияти КИ ҲК Шӯравӣ ҳаллу фасл карда мешуданд, ки на ҳама вақт ба манфиати халқамон буданд.
Саҳифаи 5 аз 34









