(Дар ҳошияи Паём)

Соли 2026, соли вусъати корҳои  ободонӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ

Тули солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ ва созандагӣ дар кишвар пайваста вусъат ёфта, имрӯз инфрасохтори деҳоти кӯҳистон низ бо симои нав, иншооти зебову замонавӣ,  боғу гулгаштҳо ва биноҳои маъмуриву фарҳангӣ ба шаҳраки ормонҳо мубадал гаштаанд.

Президенти кишвар, ки сиёсати онҳо бар пояи мактаби созандагӣ устувор аст, бо дурнамои рушди давлат, соли 2026-ро “Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ” эълон намуданд. Ин иқдоми муҳим идомаи мантиқии сиёсати бунёдкорона буда, ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангиву таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон равона шудааст.

Масъалаҳои  бисёр муҳиме, ки дар Паёми Пешвои миллат садо доданд, ин даҳ соли охири фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурӣ буд, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ , нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ дар соҳаи фарҳангу иттилооту технологияву иноватсияву саноатикунонӣ ва тамоми ҷиҳатҳои фаъолият ба самъи кулли аъзои парлумон ва дар умум ба тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд. Чун ҳарвақта албатта, барои солҳои баъдӣ, Пешвои муаззами миллат ба хотири рушди соҳаҳои афзалиятнок ва инфрасохторҳои тамоми деҳот, инчунин дар робита ба таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатӣ, ки соли 2026-ро “Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ” эълон карданд.  

Мо таҷриба доштем, масалан эълони соли фарҳанги техникӣ, соли рушди маориф, соли оила, соли ҷавонон, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Паёмҳои дигар ироа шуда буд.  Дар фарқият аз эълони солҳои гузашта, имсол як вижагии хоси худро дорад, чунки ду масълаи аз назари аввал фарқкунанда аз нигоҳи таҳлили амиқ дар ҳам вобаста дар ин Паём ироа шуд. Ба хотири 35 солагии истиқоли давалатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаҳои давлатии  миёнамуҳлат таҳия намудааст,  ки ҷиҳати рушди соҳаҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ равона гардидаанд. Ба хотире ки мо натиҷаи беҳтареро сазовор шавем, дар давоми 35 соли истиқлол пешниҳоди Президенти кишвар  барои соли 2026, ки 35 солагии истиклоли давлатии мо таҷлил мегардад, хеле саривақтӣ ва амри зарурист. Зеро эълон шудани ободониву бунёдкориҳо як таҳрике хоҳад буд ҷиҳати рушди ҳам иқтисоду ҳам соҳаи кишоварзиву ҳам соҳаи саноату умуман ободониву рушди меъмориву рушди шаҳрсозӣ дар саросари кишвар ва мо аминем, ки таъсир ва таҳрики бисёр  муҳиме ин пешниҳод барои тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми дастандаркорони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ хоҳад буд.

 Аҳамияти ҳувият дар пойдории  давлат...

Масъалаи ҳувияти миллӣ, гарчанде масъалаи нав нест, ҳамеша таваҷҷуҳи донишмандон ва олимонро ба худ ҷалб намудааст.  Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва равандҳои босуръати тағйирёбандаи замон, масъалаи ҳифз ва тақвияти ҳувияти миллӣ аҳамияти хоса пайдо намуда, аз ҳар фарди ҷомеа худогоҳӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгонро талаб менамояд.

Дар замони муосири бархурди тамаддунҳо ва ё ҷаҳоникунонӣ ҳамон миллате зиндаву пояда мемонад ва ҳамон давлате рушду инкишоф меёбад, ки хотираи таърихии худро нигоҳ дорад. Аз гузаштаи таърихии худ огоҳ бошад. Ифтихори миллии бисёр баланд дошта бошад. Яъне дар умум ҳуввияти баланди миллии ин миллатро дошта бошад.

Ин масъала чаро диққати муҳақиқону сиёсатмадоронро  ҷалб намудааст?  Чунки дар замони муосири ҷаҳонишавӣ ягона омил ва шояд омили бунёдии зинда нигоҳ доштани миллат ва поянда нигоҳ доштани заминаҳои давлатдорӣ ва умри абад додан ба давлат, ин мавҷуд будани ҳуввияти миллӣ дар шууру вуҷуди ҳар як фарди соҳибмиллат мебошад.

Ин нукта муҳим аст, ки чаро дар замони муосир ин қадар масъалаи ҳуввият масъалаи худшиносиву худогоҳӣ ба масъалаи муҳим ва сиёсати давлатҳо табдил ёфтааст. Муҳимтарин асосе, ки пояи дилхоҳ давлатро ташкил медиҳад, ин манфиати миллӣ аст. Манфиати миллӣ шарту шароитест, ки дар он давлат, ҷомеа ва миллат рушд мекунад, инкишоф меёбад ва пешрафт мекунад. Ва манфиати миллӣ решаву заминаву пояҳои худро аз арзишҳои миллӣ, аз одатҳову ахлоқи миллӣ аз арзишоту принсипҳои миллӣ то ҷое мегирад. Аз ин нигоҳ агар дар вуҷуди ҳар як соҳибватану соҳибмиллат заминаҳои ҳуввияти миллӣ ташаккул ёбад, яъне тафохури миллӣ дошта бошанд, огоҳии миллӣ дар вуҷуди эшон сабзида бошад, пас ин миллат поядаву барҷо хоҳад монд ва ин давлат абарқудрату тавоно хоҳад гашт.

Бояд таъкид кард, ки пояндатарин ва устувортарин давлат он давлате аст, ки фарзандонаш  нисбат ба ояндаи Ватан бетараф нестанд, ғами фардои онро мехғранд ва худро масъули сарнавишти кишвар мешуморанд.

Пешниҳоде, ки Пешвои миллат карданд, ҷиҳати таҳкими пояҳои худшиносӣ ё ки ҳуввияти миллӣ қадами хеле муҳим аст, дар роҳи пояндатар, усутувортар ва аҳамиятноктар кардани арзишҳои ҳазорсолаи миллӣ ва баланд бурдани огоҳии миллӣ, ҳам огоҳии сиёсиву ҳам огоҳии таърихӣ ҳам огоҳии фарҳангиву афродии миллат. Аз ин дидгоҳ хеле муҳим аст, дарки худшиносии миллӣ.

Бояд гуфт, ки дар ин ҷо то чӣ андоза иштироки фаъоли шаҳрвандон барои муваффақ шудан дар корҳои созандагӣ  заминагузор метавонад бошад. Аз нигоҳи фалсафаи ватаншиносӣ мегғем, ки Ватан ва Модар мафҳумҳои бо ҳам алоқаманду баробаранд. Мисли оне, ки як фард модари хешро дӯст медорад, эҳтиром мекунад, арҷ мегузорад ва аз ӯ ифтихор дорад. бояд имрӯз аз Ватан аз меҳан ҳар як фард ҳам ифтихорманд бошад ва ҳам онро дӯст дораду омодаи хизмат ба ин марзу бумро дар дилхоҳ ҳолату вақт бошад. Яъне камфаъолӣ дар роҳи рушду пешрафти давлат  нуктаеро мемонад, ки шумо ба модари дуюматон ки ВАТАН аст беътиноӣ мекунед ва барои пешрафту пояндагии давлат ҳарақат намекунед. Имрӯз агар ҳар як нафар,  чӣ коргар бошаду чӣ хонанишин , ҳама фарзандони ин Ватан, рисолату масъулият ва вазифаи инсониву шаҳрвандиашро дуруст аз рӯи виҷдон аз рӯи дасту дилу нияти пок амалӣ созанд, дар маҷмуъ аз нигоҳи мантиқӣ метавон гуфт, ки тамоми ҷомеа рушд мекунад, мушкилот бартараф хоҳанд шуд. Яъне иштироки фаъоли шаҳрвандон таҳрик ё омили асосии рушд маҳсуб меёбад. Аз ин зовия шинохти дурусти манфиатҳои миллӣ муҳим аст.

Инсон, пеш аз ҳама, бояд дар сохту сози тафаккури миллӣ қадами аввалро гузорад, зеро маҳз аз ҳамин ҷо худшиносӣ, эҳсоси масъулият ва муҳаббат ба Ватан оғоз меёбад. Ташаккули андешаи миллӣ заминаи устувори болоравии ҳувият ва пойдории ҷомеаро фароҳам меорад.

Пешвои миллат бунёдгузори мактаби бузурги андешаи миллӣ...

Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи худ мактаби бузурги тафаккури миллӣ ва андешаи миллиро бунёд намудаанд. Маҳз бо такя ба чунин тафаккури солим ва андешаи миллӣ метавон як давлати миллиро бунёдгузор буд.

Воқеан, нигоҳи некбинона ба ояндаи ҷомеаро мо насли калонсол бояд дар замири кӯдакон чун гул парвариш диҳему сабзонем, то онҳо бо руҳияи солим, ба фардо ба камол расанд. Дар баробари ин, ҳар яки мо бояд ҳувиятсоз бошем, дар гуфтор, рафтор ва андеша.

Иштироки фаъол дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, вусъати корҳои созандагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ на танҳо вазифаи давлат, масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа аст. Бо тафаккури миллӣ ва заҳмати содиқона метавон Тоҷикистони ободу пешрафта ва ҷомеаи дорои ҳувияти устуворро барои наслҳои оянда ба мерос гузошт...

Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ,

муовини аввали раиси ноҳияи Сангвор