Бахшида ба 33-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мактаби сиёсии Пешвои миллат, мактаби мардпарварӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Ин мактабу ин пайроҳа  исбот намудааст, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлол, орому осуда ва пешрафта иродаи қавӣ, масъулияти баланд ва муҳаббати беандоза ба Ватан зарур аст.

Дар марҳалаи ҳассоси таърихӣ, замоне ки Тоҷикистони тозаистиқлол ба буҳрони сиёсиву низомӣ рӯ ба рӯ буд, маҳз бо ташаббус ва талошҳои пайгиронаи  Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ, генерли Артиши миллӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи таъсиси Артиши миллӣ гузошта шуд. Пешвои миллат ҳамчун асосгузори Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бунёди сохторҳои низомии кишвар нақши ҳалкунанда гузоштанд.

Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳифзи истиқлолу тамомияти арзӣ ва таъмини амнияти давлат таъсис ёфтанд. Ин иқдоми таърихӣ барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва барқарории сулҳу субот заминаи устувор фароҳам овард.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як замоне таъсис  дода шуд, ки дар он замон вазъияти сиёсию иқтисодии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва дар он замон барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Хушбахтона санаи 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.

Ҳаминтариқ, санаи 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар азизамон шаҳри Душанбе,  нахустин  паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Барои таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати кишвар аз марҳилаҳои аввал барои бунёди ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизотҳои муосир ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ эътибори махсус дода шуд.

Соли 1999 аввалин машқҳои ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар гарнизони Хатлон доир карда шуд. Ба ҳамин тартиб, аз ҳамон солҳо тибқи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар машқҳои муштараки зидди террористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ дар ҳама гарнизонҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.

Баъд аз андешидани тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва ба нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфт. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳои дар пеши роҳбударо бартараф карда, давра ба давра шакл гирифт,  пеш рафт.

Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон яке аз нерӯҳои пурқудрат  ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад.    

Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолро бояд ҳифз намоем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу суббот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори  мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Чунки ҳеҷ як давлату халқият бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлатро таъмин менамояд.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони сощибистицлолӣ мебошад, ки Афсарону сарбозони он имрӯзҳо вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар наздашон гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Бояд, ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат ба даст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Мо ҷавонон, ки ояндагони ин миллати пурғановат ва ин диёри биҳиштосоем, талош бар он меварзем, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунем. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро  сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори бузург аст.

 Рафизода С.С., ҳуқуқшинос,  н. Сангвор