Дар ҳар давру замон ҳастанд фарзандони нохалафе, ки боиси ашкрезии модарон мегарданд. Ба ёд биёрем чанги таҳмилии шаҳрвандиро, ки фарзандони бешуури ин ватан, фирефтаи найранги душман гардида, даст ба хуни бародари хеш заданд ва ба амнияти давлату миллат халал ворид карданд. Вале, акнун ҳар шахси худогоҳ ва худшинос ҳаргиз ба чунин рафтору кирдор роҳ намедиҳад. Бале! Роҳ намедиҳанд, ки шахсони бегона ба сарзамини ӯ сангпартоӣ намоянд ва ба арзишҳои миллӣ халал расонанд.

Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо нафароне пайдо мешаванд, ки аз рӯи кирдор ва андешаи худ ба номи миллат иснод меоранд. Онҳо зери таъсири афкори ифротӣ ва манфиатҳои шахсӣ ё барои ба даст овардани мансабу манфиати муваққатӣ мекӯшанд суботи ҷомеаро халалдор созанд.

Ин гуна афрод бо чанд сухани фиребанда ва ваъдаҳои пучу беасос талош мекунанд эътимоди мардумро ба даст оранд ё барои қувваҳои хориҷӣ хизмат намоянд.

Аммо, ҳамеша “тири онҳо хок мехӯрад”. Ба андешаи соҳибдиле: “Ноқобилони даҳр ба мақсад намерсанд”.

Ҳатто истилоҳи “ноқобил” барои эшон ҳайф аст... дареғ.. Онҳо нохалафанд, ки бар сари миллати хеш санг мепартоянд ва мехоҳанд сарзамини худро ба дасти бегонагон бифурӯшанд. Онҳо ба оромӣ, ободӣ ва суботи миллат бовар надоранд ва бо ҳар ҳаракати худ кӯшиш мекунанд арзишҳои миллӣ ва истиқлолиятро халалдор созанд. Онҳо фикр мекунанд, ки бо таъсири манфиатхоҳӣ ва ҳаваси муваққатӣ метавонанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд, вале ин орзуи нопокашон ҳаргиз ҷомаи амал нахоҳад пӯшид...

Бояд ин ҷо таъкид кард, ки амнияти ману шумо дар ирода ва масъулияти ҳар як шаҳрванди худогоҳ қарор дорад. Вақте ки ҳар як нафар бо зиракии сиёсӣ, худшиносӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ва  иродаи фардӣ амал мекунад,  суханони фиребкорон ва таъсири афроди бегона, аккоси он “сагони дайдуву зархаридони хориҷӣ”, барояш асаре надоранд.

Гусоламагзҳое, ки имрӯз кӯшиш доранд миллати сарбаланди тоҷикро роҳ нишон диҳанд, воқеан бо усулҳои пинҳонӣ ва манфиатҳои шахсӣ кор мекунанд. Онҳо бо суханони фиребкорона ва ваъдаҳои пуч талош доранд, ки мардумро аз роҳи рост гумроҳ созанд ва орзуву ояндаи миллатро ба хатар андозанд. Ин афрод маҳз ҳамон роҳеро мехоҳанд насли ҷавон паймояд, ки худ рафтаву ба ҷое нарасидаанд. Ҷойе, ки онҳо рафтаанд, торикӣ асту зулмот, беватанӣ асту гадоӣ, на роҳе, ки фардои дурахшон ба сӯйи ободии Ватан дорад...

Таҷрибаи таърихӣ ва воқеият нишон медиҳад, ки миллати тоҷик ҳамеша худогоҳ ва зирак будааст. Зиракии ҷавонон ва донишандӯзиҳояшон ба онҳо имконият медиҳад, ки чунин афрод ва таъсиррасониҳои манфии онҳоро шиносанд ва ба суханони фиребкорона гӯш надиҳанд.

Мо фарзандони боору номуси миллати тоҷик, дар пешорӯи ин таҳдидҳо бо ҷони худ ва иродаи қавӣ дар ҳифзи амнияти давлату миллат истодаем. Роҳҳои пасту баландро мепаймоем, то ватани мо ободу осоишта ва озод аз таъсири манфии бегонагон ва ҳамагуна таҳдидҳо бошад.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пайваста таъкид мекунанд,  онҳое, ки дар муқобили давлат ва манфиатҳои миллӣ амал мекунанд, чунин афрод ва гурӯҳҳо бо таъсири манфӣ, фиребкорӣ ва хоҷагони  хориҷиашон кӯшиш мекунанд, ки оромии ҷомеаро халалдор намоянд ва таваҷҷуҳи мардумро аз арзишҳои миллӣ дур созанд.

Вале мо бо ғурури баланди ватандорӣ ва худшиносии миллӣ дар атрофи Пешвои миллат ҷамъ омада, бо  ҳамбастагӣ барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, амнияти миллӣ ва якпорчагии давлат қадам мезанем.

Ҳамбастагӣ дар атрофи Пешвои миллат ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ба мо имкон медиҳад, ки ватани мо ободу озод, миллатамон сарбаланд ва истиқлоламон устувор боқӣ монад...

Аммо, вой бар ҳоли ватанфрӯшони гадо!

Абдулло Олимзода,
муовини раиси но
ҳияи Сангвор