Як қазоват! Аз силсилаи андешаҳо...
Чӣ қадар осон гап мезананд! Дар хориҷа мегарданду гумон мекунанд, ки нони ҳалол мехӯранд. Аммо, нонро бо маломат кардани миллату давлату ватани хеш хӯрданаш куҷост ҳалол?! Нон дар ҳеҷ куҷо бепул нест! Ҳар як сухани заҳролуд, ҳар як санги маломатеро, ки ба сӯи Ватан мепартоянд, бо як бурдаи нон баробар иваз мекунанд. Инҳо ҳамон ватанфурӯшонанд, ки солҳост дар кишвари бегона нишаста, бо бадном кардани Ватан, миллат ва таърихашон рӯзӣ меёбанд.
Аз худ “ҳизб”-у “гурӯҳ”-ҳои сохта, дар фазои маҷозӣ худро қаҳрамон, доно ва “хари калон” эълон мекунанд. Даъват месозанд, муроҷиат мекунанд, овоз баланд мекунанд, ки “эй мардум, хезед, ҳама чиз дурӯғ аст, ҳақиқат танҳо он аст, ки мо мегӯем”. Вале, ин мардум фанди шуморо кайҳо хӯрдаву акнун дорнистаанд, ки барои чӣ ором намегиред. Чунки аз ҷакидан нон мехӯред.
Мардум, махсусан ҷавононе, ки як замон фирефтаи чанд сухани пучу сафсата, фалсафафурӯшӣ ва ваъдаҳои пучу ҳавоии шумо шуда буданд, имрӯз натиҷаашро бо чашми худ диданд. Онҳо азоб кашиданд, роҳ гум карданд, умр ва умед бохтанд. Акнун шуморо мешиносанд, чеҳраи ҳақиқии шуморо фаҳмиданд, эй ниқобдорон ва хоҷадорон!
Шумо на наҷотбахшед, на роҳнамо! Шумо на раиси ҳизбу на соҳибминбаред, балки асирони манфиатед, “арӯсони” виҷдони фурӯхтаед, ки ҳар ҷо бод вазад, ҳамон тараф мегардед. Барои як бурда нон, барои як иқомати муваққатӣ, барои чанд лайк ва ҷалби таваҷҷуҳи осебпазирон, омодаед ба Ватан, ба миллат ва ҳатто ба ояндаи фарзандони худ санг партоед.
Аммо бидонед! Ватан бо ин сангандозиҳо вайрон намешавад. Баръакс, ҳар санге, ки мепартоед, ниқоби шуморо меафтонад, ва чеҳраи асили манфуратонро нишон медиҳад. Мардум бедор асту бедордил, фарқ мекунанд, кӣ дӯст асту кӣ душман, кӣ аз дард мегӯяд ва кӣ дарди шикам дораду овораи ҳафтод мулк гаштааст.
Раисе, ки ба қавли баъзеҳо худро раҳбари ҳиз (б)-и наҳзати исломӣ меномад, ҳизбе, ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст, аз чеҳраи манфураш ҳам пайдост, ки чӣ гуна худро бечора вонамуд кардан мехоҳад. Гоҳе нақши мазлумро мебозад, гоҳе худро қурбонии замона нишон медиҳад. Аммо амалҳояш, “раисшавӣ”-ҳояш, макру ҳила ва бозии пуштипардагиаш ҳамаашро фош кард. Ӯ дар асл қудратхоҳ аст, на ғамхори касе.
Бисёре аз аъзоёни худи ҳамин ҳизб, вақте ҳақиқатро диданд, канор рафтанд. Фаҳмиданд, ки ин роҳ- роҳи адолат нест, балки роҳи манфиати як нафар аст.
Баъдан Муҳаммадиқбол, овораи дигари мулқҳои бегона ҳам, бар зиддаш баромад, чун равшан шуд, ки ин даъвоҳо, ин шиорҳо, ин “мубориза” ҳамааш барои як чиз аст. Муҳаммадиқбол ҷойи дигар рафт, то аз минбари сухан нон хӯрад , шояд манфиату қудратро ӯ ба даст меорад.
Ӯ имрӯз бо як минбари пулакӣ зиндагӣ мекунад. Барои он ки шикамаш гурусна намонад, аз ҳамин минбар меҷакаду меҷакад, далелҳои сохтаву бофта пеш меорад, ва мардумро гӯл задан мехоҳад. Сухан мебофаду мисли кампири афсонагӯй ба гӯши мардум афсона мехонад. Гӯё қаҳрамон аст, гӯё наҷотбахш аст, гӯё тамоми ҳақиқат дар ҷайби ӯст.
Аммо ин мардум дигар фирефтаи ин афсонаҳо нестанд. Мардум имрӯз момои афсонагӯйро мешиносанд. Медонанд, ки ӯ худ талабанда аст, ба касе чизе дода наметавонад, ба ҷуз сухани холӣ. Қудрати бунёд надорад, танҳо қудрати сангпартоӣ дорад. Агар санг партофтан ҳам бас шавад, аз ӯ аз ҳама чиз мемонад, на роҳ драду на оянда....
Мо миллати сарбаланду бостонии тоҷик ҳастем. Миллате, ки бо ҳама сахтиҳо, бо ҳама тӯфону озмоишҳои таърихӣ устувор монд ва имрӯз бо сарбаландӣ роҳи худро интихоб кардааст. Мо дар атрофи роҳбари хирадманду ватансози худ ҷамъ омадаем. Ин иттиҳод тасодуфӣ нест.
Имрӯз барои мо муҳимтарин арзиш, субот, ваҳдат ва оромии Ватан аст. Мо хуб медонем, ки парешонӣ, фитна ва суханҳои заҳролуд чӣ гуна миллатҳоро ба вартаи нобудӣ бурдаанд. Аз ҳамин хотир, ҳар касу нокас, ҳар гурӯҳу садои бегона наметавонад моро аз ин сарҷамъӣ ва иттиҳоди миллӣ ҷудо созад.
Мо дигар фирефтаи шиорҳои холӣ, афсонаҳои сохта намешавем. Миллати тоҷик имрӯз бо ақли созандааш роҳашро интихоб намудааст. Қувваи мо дар ваҳдат аст, дар ҳамдигарфаҳмӣ аст, дар эътимод ба ояндаи худ аст...
То даме ки мо якпорчаем, то даме ки даст ба даст дода, барои ободии Ватан, пешрафти давлат ва осудагии наслҳои оянда талош мекунем, ҳеҷ тӯфоне наметавонад ин киштиро ғарқ созад. Зеро миллате, ки сарҷамъ аст, шикастнопазир аст.
Абдулло Олимзода, муовини раиси ноҳияи Сангвор









