Дар тӯли таърихи инсоният хурофот ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҳамеша вуҷуд дошт. Ҳарчанд баъдан  илму технология рушд ёфта, сатҳи маърифат баланд шуда, дар баъзе қишрҳои ҷомеа то ҳол боварҳои беасос ва хурофотпарастӣ ҷой доранд. Ҷомеашиносон бар он назаранд, ки хурофот на танҳо масъалаи эътиқоди шахсӣ, балки як мушкили иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.Ба ақидаи ҷомеашиноси маъруф Эмил Дюркгейм, хурофот бештар дар касоне рушд мекунад, ки дар онҳо ноустувории иҷтимоӣ, сатҳи пасти маърифат ва камбуди иттилооти илмӣ вуҷуд дорад. Дар чунин ҳолат инсон мекӯшад бо такя ба боварҳои беасоси мардумӣ  маъно диҳад ва худро аз тарсу изтиробҳои равонӣ эмин созад.

Сотсиологҳо таъкид мекунанд, ки хурофотпарастӣ аксаран дар шаклҳои гуногун зоҳир мешавад. Бовар ба фолбинӣ, сеҳру ҷоду, таъбирҳои беасоси хоб, нишонаҳои хаёлӣ ва рад кардани табобати илмӣ. Ба гуфтаи ҷомеашиноси муосир Питер Бергер, чунин боварҳо инсонро аз тафаккури интиқодӣ дур карда, ӯро ба вобастагии равонӣ гирифтор месозанд.

Омилҳои асосии паҳншавии хурофот, ба андешаи муҳаққиқон, ин сатҳи пасти саводнокӣ, набудани тарбияи илмӣ, таъсири муҳити иҷтимоӣ ва баъзан истифодаи хурофот ҳамчун воситаи манфиатҷӯӣ аз ҷониби шахсони алоҳида мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо хурофот ба як «тиҷорат» табдил ёфта, эҳсосоти мардумро сӯистифода мекунанд.

Ҷомеашиносон бар ин боваранд, ки мубориза бо хурофотпарастӣ танҳо бо роҳи манъ кардан натиҷа намедиҳад. Баръакс, баланд бардоштани сатҳи маърифати илмӣ, тарбияи тафаккури интиқодӣ, нақши муассисаҳои таълимӣ, оила ва васоити ахбори омма дар ин раванд хеле муҳим аст. Чунон ки сотсиолог Энтони Гидденс таъкид мекунад, ҷомеаи муосир танҳо дар сурате рушд мекунад, ки шаҳрвандонаш тавонанд воқеиятро бо ақл, дониш ва таҳлил дарк намоянд, на бо хурофот.

Бисёр мебинему мешунавем ва худ мушоҳида мекунем, ки бархе аз мардум,  ба суханҳои беасос ва хурофотӣ ба осонӣ бовар мекунанд. Масалан, мегӯянд: “Агар аз пеши ту пишак гузарад, корат сиёҳ ва баста мешавад”; ё “Агар дар болои чоят кафк бинӣ, пулдор мешавӣ”, “Нохунҳоятро дар рӯзи чоршанбе нагир”, “Рӯзи шанбе сафар накун” ва ғайра. Ин гуна боварҳо кам нестанд ва мутаассифона, дар зеҳни бисёриҳо ҷой гирифтаанд.

Аммо саволи мантиқӣ ба миён меояд,  оё мо ягон бор дидаем ё шунидаем, ки як пишаки безабон ва беозор қудрати сиёҳ кардани кору рӯзгори инсонро дошта бошад? Пишак махлуқест, ки танҳо зиндагии худро дорад.  Магар ӯ ҳаққи гаштугузор дар рӯи заминро надорад? Чӣ гуна метавонад тақдири инсон ба қадамҳои як ҳайвони ночиз вобаста бошад?

Аз тарафи дигар, ҳолатҳое низ ҳастанд, ки воқеан нигаронкунандаанд. Баъзе ҷавонон аз дуои модаре, ки онҳоро нӯҳ моҳ дар батни худ парвариш карда, бо ранҷу азоб ба дунё овардааст, рӯ мегардонанду бепарвоӣ нишон медиҳанд, вале аз гузаштани пишак ё аз як нишонаи хайёлӣ сахт метарсанд. Оё ҷойи тааҷҷуб нест, ки инсон аз дуои модар, ки дар фарҳанги мо муқаддас шуморида мешавад, наметарсад, аммо аз хурофоти беасос ҳарос дорад?

Олимону ҷомеашиносон чунин ҳолатро натиҷаи заъфи тафаккур ва камбуди маърифат медонанд. Вақте инсон бо ақлу мантиқ фикр намекунад, ҷои онро тарс, овоза ва боварҳои сохта мегиранд. Дар натиҷа, баъзан хурофот ба меъёр табдил ёфта, арзишҳои воқеӣ канор мераванд.

Чизи дигаре, ки аз мушоҳидаам мехоҳам гӯям, ин аст, ки мутаассифона, имрӯз қисми муайяни ҷавонон бар асари бесаводӣ, каммаърифатӣ ва сатҳи пасти таълиму тарбия ба ҳар гуна суханҳои беасос ва даъвоҳои ғайриилмӣ бовар менамоянд. Дар фазои муосири иттилоотӣ, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ, чунин ашхос бо нашру паҳн кардани наворҳо ва маводҳои пур аз таблиғоти ғаразнок, майдони иттилоотиро ба саҳнаи ибрози фикру ақидаҳои пучу бемағз табдил додаанд.

Мутаассифона, бархе аз онҳо пайрави шахсоне мешаванд, ки суханҳои беасосро танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ истифода мебаранд. Ин гуна афрод бо истифода аз эҳсосоти ҷавонон худро таблиғ намуда, афкори ҷамъиятиро ба самти нодуруст равона месозанд.

Дар натиҷа, ҷавонони сустирода ва камтаҷриба бидуни таҳлил ва андеша аз паси чунин даъватҳо рафта, ба доми хурофот, ифротгароии фикрӣ ва фиреби иттилоотӣ меафтанд.

Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва  парлумони кишвар бо дарки хатарҳои иҷтимоии хурофотпарастӣ ва фиреби мардум, дар қонунгузорӣ меъёрҳое пешбинӣ намудааст, ки барои машғул шудан ба фолбинӣ, ҷодугарӣ ва дигар амалҳои хурофотӣ ҷавобгарии ҳуқуқӣ муқаррар мекунад. Ин иқдом нишонаи равшани он аст, ки давлат ба ҳифзи маърифати ҷомеа, амнияти фикрӣ ва манфиатҳои шаҳрвандон бетараф нест.

Бояд волидон ва муассисаҳои таълимӣ дар робита ба хурофотпарастӣ  андеша созанд ва наслҳоро дар руҳияи баланди миллӣ тарбия намоянд. Зеро, вақте инсон мефаҳмад, ки сарнавишташ дар дасти дониш, меҳнат ва иродаи ӯст, на дар дасти фолбин ё ҷодугар,  барои хурофот ҷой дар мафкура ва шуури ӯ намемонад...

Садорат Бафозода,
муовини раиси ноҳияи Сангвор