Ё ОҚИБАТҲОИ ТАЪЛИМОТИ ДИНӢ ДАР ИНТЕРНЕТ
Имрӯзҳо таблиғи наворҳои динӣ дар фазои маҷозӣ ва пойгоҳҳои иттилоотӣ аз ҷониби баъзе ҷавонон бештар ба назар мерасад. Мутаассифона, бархе нафароне, ки худ дониш ва маърифати кофӣ оид ба дини ислом надоранд, худро ҳамчун донандаи масоили динӣ нишон дода, тавассути наворҳои кӯтоҳ ба “таълим” додани дину мазҳаб машғул мегарданд. Дар аксар ҳолат чунин амалҳо аз ноогоҳӣ, камбуди донишҳои динӣ ва ҳуқуқӣ ва инчунин аз истифодаи нодурусти имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ сарчашма мегирад.
Бояд таъкид кард, ки таълими масъалаҳои динӣ кори ҳар кас набуда, мадорису мактабҳои махсус низ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки мувофиқи қонун ва талаботи он, омӯзиш роҳандозӣ гардидааст. Зеро паҳн намудани маълумоти носаҳеҳ метавонад боиси гумроҳшавии ҷавонон ва ташаккули андешаҳои нодуруст гардад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид менамояд, ки фаъолияти таълимоти динӣ бояд тибқи тартиби муқарраргардида ва бо иҷозати мақомоти дахлдор сурат гирад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, инчунин фарҳанги дурусти истифодаи интернет, яке аз роҳҳои муҳими пешгирии чунин ҳолатҳо ба ҳисоб меравад.
Имрӯз бо рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва дастрас гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ, паҳн намудани наворҳои гуногун дар фазои маҷозӣ хеле осон шудааст. Дар баробари маводи фарҳангиву маърифатӣ, мутаассифона, таблиғу ташвиқи наворҳои дорои хусусияти динӣ низ аз ҷониби баъзе ҷавонон зиёд ба назар мерасад. Бештари вақт чунин наворҳо бе дониш ва таҳлили амиқи мазмун омода гардида, ба аудиторияи васеъ пешниҳод мешаванд.
Аммо талаботи қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаи таълим ва таблиғи динӣ мушаххас ва қатъӣ мебошад. Қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, ки фаъолияти таълимоти динӣ танҳо дар доираи муқаррароти қонун ва бо иҷозати мақомоти дахлдор амалӣ карда мешавад. Ҳадафи чунин талабот пеш аз ҳама ҳифзи амнияти ҷомеа, пешгирии паҳншавии андешаҳои ифротӣ ва таъмини дуруст фаҳмидани арзишҳои динӣ мебошад.
Саволе ба миён меояд, оё он ҷавононе, ки ба таблиғу ташвиқи наворҳои динӣ машғуланд, медонанд, ки талаботи қонун чист ва барои вайрон намудани он чӣ гуна ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст? На ҳар касе, ки чанд маълумоти ибтидоӣ дорад, метавонад ба омӯзонидани масъалаҳои динӣ машғул гардад. Таълими динӣ дониш, масъулият ва иҷозати расмиро талаб мекунад.
Аз ҷониби дигар, масъалаи муҳим ин аст, ки баъзе ҷавонон ҳатто дарк намекунанд, ки гурӯҳҳои ифротӣ низ маҳз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолият бурда, бо усулҳои гуногуни равонӣ наврасону ҷавононро ба доми худ мекашанд. Паҳн кардани наворҳои ба назари аввал «оддӣ» метавонад нохост ба паҳншавии ғояҳое мусоидат намояд, ки ба амнияти ҷомеа таҳдид доранд.
Мутахассисон бар онанд, ки сабаби асосии чунин ҳолатҳо камбуди маърифати ҳуқуқӣ ва иттилоотии ҷавонон мебошад. Баъзан ҷавонон бе дарки оқибатҳои ҳуқуқии амали худ танҳо барои зиёд кардани шумораи обуначиён ё тамошобинон ба нашри мавод даст мезананд. Дар ҳоле ки фазои интернет низ як қисми муҳити ҳуқуқӣ буда, ҳар амали нашршуда метавонад паёмадҳои ҳуқуқӣ дошта бошад.
Дар чунин шароит нақши оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа хеле муҳим мебошад. Баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ, фаҳмондани тартиби дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва тарбияи ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ метавонад ҷавононро аз иштибоҳҳои ҷиддӣ ҳифз намояд.
Ҳар як ҷавон бояд дарк кунад, ки дин арзиши муқаддас аст ва истифодаи он барои ҷалби аудитория ё паҳн кардани маълумоти нодуруст метавонад оқибатҳои ногувор дошта бошад. Риояи қонун, истифодаи дурусти интернет ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ роҳи дурусти пешгирии чунин ҳолатҳо ба ҳисоб меравад.
Муаллиф: Абдулло Олимзода,
муовини раиси ноҳияи Сангвор









