Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Пешгирии экстремизми хушунатомез масъулияти ҳама” дар ноҳияи Сангвор

Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки ҳамасола 12 феврал баргузор мегардад, имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Пешгирии экстремизми хушунатомез – масъулияти ҳама» доир гардид.

Дар кори конференсия раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ  Ғайрат, прокурори ноҳияи Сангвор, Шомирзода Б.Х., сардори шуъбаи Сангвори РКДАМ ҶТ дар ГНР Саймуродов Ш.А. ва судяи суди ноҳияи Сангвор, Гулов Шоҳвалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромадҳо масъулин таъкид карданд, ки экстремизми хушунатомез яке аз зуҳуроти хатарноки замони муосир буда, метавонад боиси нооромии ҷомеа, коста гардидани эътимод миёни шаҳрвандон ва халалдор шудани амнияти миллӣ гардад. Қайд гардид, ки чунин равияҳои номатлуб бо истифода аз таблиғоти бардурӯғ ва сӯиистифода аз эҳсоси ҷавонон онҳоро ба амалҳои зиддиқонунӣ ҷалб менамоянд.

Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат иброз дошт, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳаракатҳои тундгароёна равона гардидааст. Таъкид шуд, ки танҳо бо баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва тарбияи дурусти насли наврас метавон пеши роҳи паҳншавии андешаҳои ифротиро гирифт.

Прокурори ноҳия Шомирзода Б.Х. дар баромади худ оқибатҳои ҳуқуқии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротиро шарҳ дода, зикр намуд, ки ҳар гуна иштироки шаҳрвандон дар фаъолияти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад. Ӯ таъкид кард, ки пешгирӣ беҳтар аз мубориза буда, ҳамкории зич миёни мақомот ва ҷомеа дар ин самт аҳамияти калон дорад.

Сардори шуъбаи Сангвори РКДАМ ҶТ дар ГНР Саймуродов Ш.А. қайд намуд, ки гурӯҳҳои ифротӣ бештар ҷавонони ноогоҳро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми худ мекашанд. Ӯ ҳушдор дод, ки хушунат ва тундгароӣ оқибатҳои фоҷиабор дошта, метавонад ҳаёти инсонро зери хатар гузошта, ояндаи ҷавононро барбод диҳад.

Судяи суди ноҳияи Сангвор Гулов Шоҳвалӣ низ зимни суханронии худ таъкид кард, ки экстремизм ва терроризм на танҳо амнияти давлат, балки оромии ҳар як оиларо зери таҳдид қарор медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, чунин амалҳо боиси пушаймонии дерина ва маҳрум шудан аз озодӣ мегарданд.

Дар рафти конференсия ҳамчунин масъалаҳои тақвияти таълиму тарбия, забономӯзӣ, пешгирии нашъамандӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити муосир барои таҳсил ва рушди ҷавонон идомаи сиёсати ҷавонпарваронаи давлат мебошад.

Дар анҷоми чорабинӣ ғолибони мусобиқаҳои бахшида ба ин рӯз бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Конференсия дар фазои созандаву масъулиятшиносӣ ҷамъбаст гардид.

Нурзода Туйчӣ