Имрӯз дар доираи Нақшаи – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ва дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди муҳтавои паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии То ҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 ироа гардида, доир ба масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурўши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию, нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдўстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тољикистон «Дар бораи танзим ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни фаъолону ҷавонон, раисони деҳа ва маҳаллаҳо, директорон ва омӯзгорон, раисони хоҷагиҳои деҳқонон, доир карда шуд.
     Дар баргузори мазкур Раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, муовинони раиси ноҳия, раиси ҷамоати деҳоти Чилдара Шоев Фотеҳ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми мулоқот саволу ҷавоб доир гардид. Дар баргузории мулоқот зиёда аз 100 нафар иштирок намуданд.
 
 
 
 
 

    Санаи 14.01.2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ҷиҳати шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, таҳти унвони “Паёми Пешво, раҳнамои имрӯзу фардои миллат” бо иштироки Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Қурбонзода Темур, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Туйчии Нурмаҳмад доир гардид.

 

 

 

 

 

 

 Дастгоҳи раиси ноҳия

1.Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1809,60  сомонӣ

2.Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1218  сомонӣ

3.Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор – 1 ҷой, маоши мансаби 1484,80 

4.Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи  дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1218 сомонӣ

                           Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи

                                 ҳокимияти давлатии ноҳия

1.Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор -  1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,80  сомонӣ.

2.Мутахасиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлати ноҳияи Сангвор – 1 ҷой маоши мансабӣ 1484,80  сомонӣ.

3.Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимяти  давлати ноҳияи Сангвор –1 ҷой маоши мансабӣ 1484,80  сомонӣ

4.Мутахассиси пешбари шуъбаи  маориф ноҳияи Сангвор – 1 ҷой маоши мансабӣ 1484,80  сомонӣ 

5.Мутахассиси шуъбаи  маориф ноҳияи Сангвор – 1 ҷой маоши мансабӣ 1218  сомонӣ.

6.Мутахассиси пешбари бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор 1-ҷой маоши мансаби 1484,80  сомонӣ

         7.Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги ноҳияи Сангвор 1-ҷой маоши мансаби 1484,80  сомонӣ