Санаи 27 феврали соли 2025 бо иштироки масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, раиси ҳавзаи интихоботӣ, волонтёрон ва теъдоди зиёди ҷавонон "Рӯзи интихобкунандаи ҷавон" баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои якҷояи Комиссияи марказии ноҳиявӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия сурат гирифта, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон ва шинос намудани онҳо бо тартиби иштироки фаъолона дар интихобот мебошад.
Зимни баргузории чорабинӣ ба ҷавонон моҳияти интихобот ва аҳаммияти он дар рушди ҷомеа, тартиби ҳозир шудан бо шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба участкаи интихоботӣ, тартиби гирифтани бюллетени овоздиҳӣ ва пур кардани он, инчунин, қоидаҳои рафтор дар участкаи интихоботӣ ва тарзи ба қуттӣ партофтани бюллетен фаҳмонида шуд.
Иштирокдорони чорабинӣ чунин ташаббусҳоро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки интихобот на танҳо ҳуқуқ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад.
 
 
   
 
 
 
 
 
    Дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор санаи 20 феврали соли равон дар ноҳия чорабинии идона ба ифтихори сазовор таҷлил намудани 32-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
     Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат иштирок ва суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ин рӯз табрику муборакбод гуфтанд.
Як қатор кормандони камисарияти ҳарбӣ бо сипоснома ва тӯҳфаҳои пулӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
     Инчунин баҳри болидаруҳии ҳозирин чорабинии фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия пешниҳод гардид.
 
 
 
 
 
  
  
  

    Субҳи имрӯз, санаи 30-юми январи соли ҷорӣ бахшида ба Ҷашни Сада бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ ва меҳмонон дар назди нишони давлатӣ чорабинии идона ва намоиши тухмиҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд.

     Нахуст муовини якуми раиси ноҳияи Сангвор Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ ва ҳайати ҳамроҳонаш аз намоишномаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, дастовардҳои ҷавонону варзишгарон ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин таомҳои миллӣ, ки ба муносибати ҷашни Сада ташкил шуда буд, шинос гардиданд.
Зикр гардид, ки Ҷашни Сада аз қадимулайём бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди қавӣ дошта, ҳамчун ҷузви фарҳанги маънавии халқи тоҷик дар тӯли қарнҳо барои муаррифии мардуми соҳибтамаддуну куҳанбунёдамон ва ҳифзи беҳтарин арзишу суннат ва расму ойинҳои миллӣ нақши арзишманд гузоштааст.