Ё фаъолияти прокуратура ба кадом натиҷаҳо ноил гаштааст?
Прокуратура ҳамчун яке аз сохторҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқ, дар таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва назорати риояи қонунгузорӣ нақши калидӣ мебозад.
Дар сатҳи ноҳияи Сангвор низ Прокуратура фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.
Масъулияти асосии он назорат аз болои татбиқи қонунҳо дар ҳамаи соҳаҳо мебошад. Прокуратура ҳамчунин назоратро аз болои фаъолияти мақомоти тафтишотӣ ва таҳқиқотӣ, таъмини қонуният дар парвандаҳои ҷиноятӣ, мурофиаҳои судӣ ва амалӣ намудани чораҳои пешгирии ҷиноятҳо ба зимма дорад.
Дар пайи ин, мо тасмим гирифтем, бо Прокурори ноҳияи Сангвор, Шомирзода Баҳром Худойбердӣ, мушовири адлия, дараҷаи 1, дар доираи таҳияи як матлаб, дар мавриди самтҳои асосии фаъолияти ин ниҳоди муҳими ҳифзи ҳуқуқ суҳбат анҷом диҳем.
Дар оғоз, аз Прокурор хоҳиш кардем, ки дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии мақомоти прокуратура, чанд нуктаро баён намоянд. Зимни суҳбат ӯ гуфт:
-Вазифаҳои мақомоти прокуратура пеш аз ҳама аз таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мустаҳкамсозии сохтори демократии давлат ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ иборат аст.
Прокуратура вазифадор аст, ки қонуниятро дар тамоми сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, новобаста аз тобеият ва шакли моликият, назорат намояд.
Яке аз самтҳои калидии фаъолият назорати риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад, ки ҳамчун арзиши олӣ дар Конститутсия эътироф шудааст.
Бахши муҳими дигари фаъолият – мубориза бо ҷинояткорӣ, коррупсия, экстремизм ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад, ки Прокуратура дар ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ анҷом медиҳад.
Ҳамзамон, Прокуратура дар таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо, иштирок дар баррасии парвандаҳои судӣ, ва дар ҳолати зарурӣ, пешниҳоди шикоят ва эътироз ба қарорҳои суд, салоҳияти фаъол дорад.
Прокуратура ҳамчун ниҳоди назоратии мустақил, доимо барои таъмини адолати ҳуқуқӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон талош мекунад ва омодааст дар ҳама ҳолатҳое, ки дахолати назорати прокурорӣ зарур аст, амал намояд.
- Назорат аз болои иҷрои қонунҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?-Прокуратура, мақоми ягонаи марказонидашудаи давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки дар доираи ваколатҳои худ назорат аз болои риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро таъмин менамояд.
Фаъолияти он мустақиман ба ҳифзи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва манфиатҳои давлату шаҳрвандон равона гардида, Прокуратура вазифадор аст назорат намояд, ки ҳамаи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои хусусӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монанд.
Илова бар ин, Прокуратура як қатор ваколатҳои иловагӣ дорад, ки дар Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Прокуратура» ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд.
-Кадом намуди қонуншиканиҳо дар ноҳия бештар ба қайд гирифта шудааст?
-Дар раванди санҷишҳои назоратӣ як қатор қонуншиканиҳо дар самти истифодаи замин ва супоридани андозҳо ошкор гардиданд.
Санҷишҳо муайян намуданд, ки бархе аз шаҳрвандон талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши замин ва андоз риоя накардаанд. Аз ҷумла, ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки шаҳрвандон:
-Андози заминҳои наздиҳавлигии худро сари вақт пардохт накардаанд;
-Қитъаҳои заминро бе ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда истифода мебаранд.
Прокуратура чунин амалҳоро ҳамчун вайронкунии қонунгузории замин ва андоз арзёбӣ намуда, нисбати шахсони масъул чораҳои зарурии ҳуқуқӣ андешидааст. Ин чораҳо аз огоҳӣ ва пешниҳодҳои ҳатмии бартарафсозии қонуншиканиҳо то пешниҳоди парвандаҳо ба мақомоти дахлдор иборатанд.
Бояд гуфт, ки риоя накардани талаботи қонунгузорӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои истифодаи қитъаҳои замин ва пардохти андоз, метавонад боиси таъсири манфӣ ба иқтисоди маҳаллӣ ва муноқишаи ҳуқуқӣ гардад. Аз ин рӯ, шаҳрвандон бояд сари вақт уҳдадориҳои қонунии худро иҷро намоянд ва ҳама гуна амалҳоро дар доираи қонун ба роҳ монанд.
-Барои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон чӣ чораҳо андешида мешавад?
-Дар соли 2025, Прокуратураи ноҳияи Сангвор як қатор тадбирҳоро ба мақсади пешгирии ҷавонон аз ҷинояткорӣ, ва шомилшавии онҳо ба ҳаракатҳои ифротӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба иҷро расонид.
Бо ташаббуси Прокуратура ва ҳамоҳангӣ бо Комиссияи ҳуқуқи кӯдак, мутахассисони шуъбаи маориф, омӯзгорони соҳибтаҷриба, инчунин намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раисони ҷамоатҳо, гурӯҳи кории вижа таъсис дода шуд. Ин гурӯҳ дар як қатор муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳои №1, 6, 9 ва мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим, вохӯриву суҳбатҳои тарбиявию ҳуқуқӣ бо хонандагону омӯзгорон баргузор намуд.
Мавзӯъҳои асосии ин вохӯриҳо ба:
-Арзишҳои миллӣ
-Муқаддасоти давлатӣ ва ватандӯстӣ;
-Муқовимат бо ҳар гуна ҷиноят ва қонуншиканиҳо;
-Ҷилавгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террористӣ;
-Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” равона шуда буданд.
Кормандони прокуратура, якҷо бо гурӯҳи корӣ, тавассути ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ, шарҳи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ва таъмини ҳамкории мутақобила бо ҷомеа, нақши муассир доштанд.
-Соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардида буд. Нақши прокуратура дар татбиқи онро бигӯед?
-Бо эътирофи он ки риоя ва иҷрои қонунҳои амалкунанда ва дар маҷмуъ таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа, беш аз ҳама ба фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон вобастааст, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷузъи ҷудонашавндаи сиёсати ҳуқуқии давлат дониста шудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2023, №668 соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардида буд, ки ҳадафи он ноил шудан ба ин мақсадҳо мебошад.
Вобаста ба иҷрои Фармони мазкур аз ҷониби прокурори ноҳия фармоиш оид ба таъсис додани гурӯҳи кории доимамалкунанда аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, маориф ва фарҳанг таъсис дода шуда, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Аз он ҷумла, аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳия, дар ин давом дар ҷамоатҳои Чилдара, Тавилдара, Вахиё, Сангвор ва Ваҳдат, дар деҳаҳои Руботнол, Хамдара, Чашмаи Кабуд, Гирдоб, Ғарибон, Дамоб, Паси Оби-талх, Дашти Ғурк, Норинҷ, Посун, Тавилдара ва Миёнаду, шуъбаи маориф, бахши фарҳанг, Раёсати молия, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Филлиали №21 БДА “Амонатбонк” ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Сангвор вобаста ба шарҳу тавзеҳи меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳукуқӣ ва ғайраҳо вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, баҳри таъмини конуният дар ин самт масъалагузорӣ карда шуд.
Минбари суд низ ҳамчун воситаи тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо самаранок истифода бурда шуда, судҳои сайёр бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гузаронида шуд. Баҳри пешгирии шомилшавии сокинони ноҳия, алалхусус ҷавонон ва шахсони дар муҳоҷирати меҳнатӣ хориҷ аз кишвар қарордошта, тадбирҳои судманд андешида, гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ин самт пурзӯр гардида, кормандони масъули бахши муҳоҷирати ноҳия вазифадор карда шуданд, ки шумораи шахсони айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ бударо муайян карда, мунтазам бо онҳо дар тамос буда, аз кору фаъолияташон воқиф гарданд. Дар ҳолати муайян кардани муддатҳои тӯлонӣ дар тамос набудан бо хешовандон ва ё ҳолатҳои бедарак шудани муҳоҷирони меҳантӣ фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия хабар диҳанд.
Инчунин, бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо дар ҷамоатҳои Чилдара, Тавилдара, Вахиё, Заршуён ва Ваҳдат вобаста ба шарҳу тавзеҳи меъёрҳои Конститутсия қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гиромидошти рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ хусусан байни занону духтарон, инчунин оиди манъ будани воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосҳо, вобаста ба баланд бардоштани маърифтаи ҳуқуқии ҷомеа суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, баҳри таъмини қонуният дар ин самт масъалагузорӣ карда шуд.
-Ташаккур, барои суҳбату посухҳо!
Мусоҳибаи Наҳтутӣ Алиева