Ҷашни Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёинажод ва тоҷикон ба шумор меравад, ки таърихи ҳазорсолаҳо дорад. Ин иди шукргузорӣ аз неъматҳои замин, ҷамъоварии ҳосили солона ва оғози фасли тирамоҳ аст, ки сабади истеъмолии мардумро барои фасли зимистон пурбор мекунад.  Меҳргон, ах номаш ҳувайдост, ки иди меҳру сеҳри замину хони пурҳосили деҳқон аст. Ва тавре аз таърих бармеояд, ин на танҳо иди  мардум, балки “иди шоҳон” низ будааст.

Тибқи  маъоумоти таърихӣ, дар даврони подшоҳони қадим, махсусан дар замони Каюмарс, Ҷамшед ва дигар шоҳони Пешдодӣ - Иди Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мешудааст. Дар ин рӯз шоҳон либоси махсуси зарду сурх мепӯшиданд, дарборро оро медоданд ва мардумро ба базм даъват мекарданд. Ҷашн чанд рӯз идома ёфта, бо шеърхонӣ, мусиқӣ, рақсу бозӣ ва тақдими тӯҳфаҳо сурат мегирифт.

Аз ин рӯ, ҷашни Меҳргонро иди шоҳон унвон кардаанд. Зеро шоҳон дар он рӯз одатан ба мардум эҳсон мекарданд, бар қарздорони дарбанд афв медоданд, озодихоҳонро қадр мекарданд ва дарборро ба рӯйи мардум мекушоданд. Ин ҷашн рамзи адолат, нуру рӯшанӣ, баробарӣ ва шодии умумӣ ба шумор мерафт.

Имрӯз низ Меҳргон ҳамчун як ҷашни миллӣ эҳё шудааст ва мо бо ифтихор онро ҳамчун ҷашни  ниёгон  таҷлил мекунем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар тӯли фаъолияти давлатдории худ ба эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷик аҳамияти бузург додаанд. Бо ибтикор ва роҳнамоии ӯ, бисёре аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон, ки дар замони шӯравӣ фаромӯш шуда буданд, дубора эҳё гардида, ҷойгоҳи сазовори худро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фарҳангии мамлакат пайдо карданд.

Яке аз чунин ҷашнҳо, ҷашни бостонии Меҳргон мебошад. Ин ҷашн  таърихи ҳазорсола дошта, дар замони истиқлоли давлатӣ, маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Иди Меҳргон ба таври расмӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Президенти кишвар ҳамеша таъкид менамоянд, ки фарҳанг ҳастии миллат аст, ва бе шинохти асливу маънои фарҳангу анъанаҳои гузашта наметавон ояндаи миллатро бунёд кард. Ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи ин фарзонафарзанди миллат,  ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон, имрӯз ҳамчун рамзи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ифтихори фарҳангӣ дар ҷомеа мақоми махсус пайдо кардаанд.

Воқеан,Президенти маҳбуби мо,  бо сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи худ дар эҳёи ҷашнҳои миллӣ, махсусан Иди Меҳргон, саҳми бузург гузоштаанд. Ин раванд на танҳо маърифати мардумро боло бурд, балки ба таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдат ва ифтихори таърихии миллати тоҷик замина гузошт.

Имрӯз ҷашни Меҳргонро бо як ҷаҳон меҳру бо дилҳои шоду хонҳои пур аз ҳосили пурбаракати деҳқон пешвоз мегирем. Сабадҳои пур аз ангур, себу анору ва тамоми  зироатҳо  нишони фаровонӣ ва заҳмати ҳалоли мардуманд.

Дар партави ин ҷашни бостонӣ, мо ба ойинаи Меҳргон нигариста, саҳифаҳои таърихи ниёгони худро варақ мезанем. Ва бо ифтихору сарбаландӣ мегӯем:

"Меҳргон муборак бод, Тоҷикистони азиз!!!

Садорат Бафозода, муовини раиси ноҳияи Сангвор