Дар асри 21, ки  илм ва технология бо суръат рушд мекунад,  дар гӯшаҳои ҷаҳон ҷангу ваҳшонияту даҳшати ифротгароёну гурӯҳҳои тундрав ва идеологияи пурзӯри манифатхоҳон ба рӯйи  рӯшноиҳо соя барангехтаанд. Он на  сиёҳӣву торикӣ ва соя  аст, балки хурофот ва ифротгароист, ки аз набуди маърифат, аз тафаккури холӣ  ба вуҷуд меояд.

Ба андешаи соҳибназарон ҷомеае ки тафаккураш холист, он ҷо дурӯғ ҳақ мешавад. Хурофа, ба ҷойи илм, таассуб, ба ҷойи таҳаммул менишинад. Мушоҳидаҳо нишон доданд,  баъзе ҷавонон, ки бояд чароғи фардо бошанд, ба доми онҳое меафтанд, ки бо шиорҳои дурӯғин, бо “ҷаннат”-ҳои сохта, хулоса, бо суханҳои пуч  фиребашон хеле саҳлу осон аст.

Онҳо, ки маърифати кофӣ ва мағзи дарк кардани фиребро надоранд, намефаҳманд, ки бо ҳаёту мамот ва тақдирашон манфиатхоҳон бозӣ мекунанд. Бо ду тангаи пучак фиребашон медиҳанд. Ва онҳоро ба “ҷаннат” неву ба “ҷаҳанам” мефиристанд.

Воқеан, онҳое, ки мағзи холӣ доранд, ба ҷои китоб, туфанг мегиранд. Ба ҷои дониш, вахшониятро дар замири хеш ҷой медиҳанд ва ба ҷойи он, ки ба модару фарзанди хеш муҳаббат варзанд, нафрат пайдо карда, модарро ба қатл мерасонанд.Чӣ дардовар аст. Тифлаконро, ки ҳанӯз аз даҳонашон бӯйи хуши шири модар меояд, онҳоро аз дунёи равшан ноумед месозанд ва тирборон мекунанд.

Занонро асир мегиранд, ба зӯр ба никоҳи хеш медароранд, хариду фурӯш мекунанд, мисле, ки онҳо  инсон нестанд.

Дунёро мехоҳанд пур аз хуну хасм ва  кошонаҳои мардумро саршор аз оҳу доду фиғон дидан мехоҳанд...

Ҳамаи ин, бо номи дин, бо номи ислом, бо шиорҳои дурӯғин амалӣ мегардад. Аммо ин на ислом аст, на ақл. Ин як зулм як фоҷиаи асри навин аст, ки кишварҳои абарқудрат гурӯҳ ташкил кардаву кишварҳои кӯчакро ба пойгоҳи ҷанг таъсис медиҳанд.

Ин падида, мисле, ки гӯё аз гӯшаи ҷаҳолати асримиёнагӣ бархоста, дар асри 21 паҳн шуда, асре, ки бояд асри нур мебуд. Вале, нур ба гур табдил ёфту  зеҳнҳо  хурофотзада...

Чаро чашми иддае аз ҷавонон, дар асри навину тараққиёт, асри рушди илм, асри зуҳури фарҳанги наву тоза танҳо  зулму таадӣ ва қатлу кушторро мебинад?  Чаро онҳо дар сар андешаи онро надоранд, ки модари онҳо ин подоши носавобро рӯйи қалби захмини хеш мекашаду дар ин дунёи чандрӯза дар мотам менишинад? Охир, ин тарҳрезиҳову хунрезиҳо,   бо фармони анна ҳамон  қотилони манфиатхоҳ, ки мактаби қотилиро гузаштаанд ва  соҳиби “Дипломи сурх”-и ифротианд, сурат мегиранд.

Бояд бо таъкид гуфт, ки ифротгароӣ падидаи як дастаи мардум нест,  хатари умумии ҷаҳонӣ аст. Ва то даме, ки мо ба муқобилааш бо силоҳи ақл, дониш ва маърифат муқовимат нишон намедиҳем, ин даҳшату ваҳшоният идома хоҳад ёфт.

Ифротгароӣ на танҳо як идеяи тундравона аст,  он дар асл як “дастгоҳ”-и ваҳшатбори инсонкуш аст, ки ҳеҷ арзишеро намешиносад. Дар зери шиорҳои бардурӯғи динӣ ва идеологӣ, гурӯҳҳои ифротгаро бераҳмона ба ҷони маъсумтарин табақаҳои ҷомеа, кӯдакон ва занон ва мардуми бегуноҳ ҳамла мекунанд.

Ба ёд биоред, дар ҳамлаи ваҳшиёнаи “Толибон” ба мактаби ҳарбӣ, 142 нафар кушта шуданд. Беш аз 130 нафарашон кӯдакони мактабхон буданд. Онҳо бо тирандозии мустақим кушта шуданд. Баъзеашон дар синфхона, баъзеашон дар толори имтиҳон. Яке аз кӯдакон, ки зинда монд, гуфт: "Мо фикр кардем машқи амниятӣ аст… вақте дӯсти ман афтод, фаҳмидам ки мурдааст."

Ё ҳаррӯза тариқи пойгоҳҳои иттилоотӣ мешунавему мебинем, ки ҳазорон кӯдаки бегуноҳ дар минтақаҳои ҷангзада кушта шуданд ё зери  шиканҷа қарор гирифтанд.

Ҳатто, ваҳшониятро бубинед, ки баъзе кӯдаконро ба ҷанг маҷбур карданд, ба онҳо силоҳ доданд ва омӯхтанд, ки “кофир” кушанд. Дар ҳоле, ки кӯдак кофару мусулмонро намешиносад. Магар ин зулм нест? Бедодгарӣ нест? Ифротгароӣ нест?

Дар кишварҳои даргири ҷанги ифротгароён, кӯдакон аз гуруснагӣ, тарс ва бемориҳо мефавтанд. Мактабҳо хароб шуда, кӯдакон имкони таҳсил надоранд. Ҳамаи зиндагиро аз онҳо мерабоянд, магар ин мусулмонист?

ДИИШ баъди ишғоли минтақаҳои  Ироқ, даҳҳо ҳазор зан ва духтарро ба асорат бурд. Онҳо ҳамчун  асбоб харидаву  фурӯхта мешуданд,  ҳатто духтарони 10–12 сола. Занонро маҷбур мекарданд, ки ба ҷангҷӯён ҳамчун ғуломи ҷинсӣ хидмат кунанд. Яке аз зиндамондагон, бо номи Надия Мурад, ки баъдтар ҷоизаи Нобел гирифт. Ӯ мегӯяд:

 

  “Онҳо бо ман ҳамчун  инсон муносибат намекарданд, чун мол ман 6 маротиба фурӯхта шудам.”  Инчунин, ДИИШ марказҳои махсус дошт, ки занонро ҳамчун ғуломи ҷинсӣ нигаҳ медошт.

Мувофиқи маълумотҳо дар соли 2014, беш аз 270 духтари мактабхон дар шаҳри Чибок рабуда шуданд. Қисме аз онҳо баъдан ба фурӯш рафтанд, бо зӯр онҳоро  ба никоҳ дароварда,  ё ҳамчун террорист истифода шуданд.

Шиори Боко Ҳарам ин буд: “Таҳсил барои занон ҳаром аст.” Мисли инҳо ҳазорон мисол метавон зад, ки ҳаёти  инсонро зери савол мебаранд. 

Дар анҷом мебояд, инро гуфт, ки ифротгароён на дин доранд, на инсоният. Набояд, дар муқобили чунин падидаҳои саршор аз ваҳшонияту даҳшат  хомӯш буд...

Маърифат, омӯзиш ва мубориза бо ифротгароӣ, роҳи наҷоти наслҳои оянда аст ва хоҳад буд... Андешаҳои асиршударо бояд раҳо кард, сипаре аз ақлу дониш бояд сохт, ки ҳаргиз ифротгарое натавонад, бо чанд тангаи сиёҳу ночиз модари мову шуморо ба ғам биншонад, хуни фарзандонро резад...

Дар майдони набардҳо ҳарки, бедониш асту бемаърифат нотавон асту бечора ва зархариди ана ҳамон ифротгароён...

Биёед соҳиби андешаи худ бошем, таърихро варақ занем, тамаддунро бишносем, фарҳангро баландтар аз хурофот ҷойгзин кунем...

Андешаро ба дасти дигарон набиспорем!

Наҳтутӣ Алиева