Омӯзгор шахсиятест, ки бо илму ахлоқ роҳи зиндагии насли наврасро равшан мекунад. Яке аз чунин шахсиятҳои арзанда, ки умри бобарори худро ба соҳаи маориф бахшидааст, устоди варзида, Нурулло Абдуллоев мебошад. Ӯ муаллими фанни забони русӣ, 51 сол собиқаи меҳнатӣ дорад.
Нурулло Абдуллоев дар тӯли бештар аз ним аср садоқатмандона ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, ҳазорон шогирдро ба камол расондааст. Ӯ мегӯяд: «Қадру манзалати омӯзгор то имрӯз ба қавле дар дасти хонанда буд. Аммо бо ғамхориҳои пайваста ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, мақоми омӯзгор торафт боло рафта истодааст. Ин ҳама ғамхориҳо моро водор месозанд, ки бо меҳру масъулият ба таълиму тарбияи насли нав машғул бошем.»
Гарчанде устод ба синни нафақа расидааст, вале ба гуфтаи ӯ, азбаски дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 омӯзгори фанни забони русӣ намерасад, боз ба саҳнаи омӯзгорӣ баргаштааст. «Ман бозхонд гардидаму имрӯз ҳам чун пештара бо як дунё муҳаббат ба шогирдон дарс мегӯям. Барои ман омӯзгорӣ танҳо як касб нест, он роҳи ҳаёт, рисолати муқаддас аст”.
Бояд тазаккур дод, ки шахсиятҳое мисли Нурулло Абдуллоев намунаи олии омӯзгоранд. Меҳнати содиқонаи чунин омӯзгорон арзишест, ки бояд гиромӣ дошта шавад. Ба андешаи ӯ, омӯзгорӣ на танҳо таълим додан, балки тарбият кардани инсонҳои соҳибмаърифат аст ва маҳз чунин шахсиятҳо рисолати муқаддаси омӯзгориро бо самимият иҷро мекунанд.
Тарбият - мушкили замони муосир
Устоди собиқадор Нурулло Абдуллоев, ки беш аз панҷ даҳсола дар соҳаи маориф фаъолият дорад, бо нигаронӣ аз вазъи имрӯзаи тарбия ҳарф мезанад. Ӯ мегӯяд, ки тайи солҳои зиёд шогирдони зиёдеро тарбия ва ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ намудааст. Аммо имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири васоити гуногуни иттилоотӣ, масъалаи тарбия ба яке аз мушкилоти асосӣ табдил ёфтааст. «Дар робита ба таълим, то андозаи тавони омӯзгорон сифати таълим хуб аст. Мо мекӯшем, ки ба шогирдон дониш диҳем, то фардо нафари босавод ва муфид барои ҷомеа шаванд.”
Ба гуфтаи ӯ, имрӯзҳо падару модарон дигар мисли пештара нақши асосӣ дар тарбияи фарзандонро иҷро намекунанд, зеро фарзандон баъзан сухани онҳоро намепазиранд. Хоҳиши волидон дигар асту рафтори фарзандон дигар. Интернет ва пойгоҳҳои иттилоотии бемаҳдуд, ки аксаран маводи носолимро таблиғ мекунанд, таъсири манфӣ расонида истодаанд. Ин раванд дар бисёр ҳолат боиси тағйир ёфтани арзишҳои маънавӣ ва ахлоқии наврасон мегардад, таъкид мекунад ӯ.
Нурулло Абдуллоев бар ин назар аст, ки бояд байни мактаб, оила ва ҷомеа як пайванди устувор ва ҳамкории муназзам ба роҳ монда шавад. «Тарбият бояд аз хона сар шавад. Агар волидон фарзандони худро назорат накунанд, мактаб танҳо наметавонад ҳама мушкилро ҳал кунад».
Тағйироти замон ва ҷойгоҳи муаллим
Омӯзгори соҳибтаҷрибаи фанни забони русӣ, аз тағйироти ахири муносибати ҷомеа ба омӯзгорон ва равандҳои нави таълиму тарбия сухан мегӯяд.
«Муаллимро дигар мисли пештара ба суханаш аҳамияти баланд намедиҳанд. Гарчанде насли имрӯза аз лиҳози фаҳмиш ва дониш хеле пеш рафтааст, аммо алоқамандии онҳо ба талабот ва интизом ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ нест. Бачаҳои мо мехоҳанд ба тарзи Аврупову Амрико хонанд, муошират кунанд, фикр баён кунанд. Аммо мо ҳанӯз ба он сатҳи технология, имконот ва заминагузорӣ нарасидаем. Ин фосила норозигии муайянро миёни хонанда ва омӯзгор ба вуҷуд меорад.»
Мушкили дигаре, ки устод Абдуллоев таъкид мекунад, ин нодуруст фаҳмидани мафҳуми «демократия» аз ҷониби баъзе хонандагон аст: «Баъзеҳо гумон мекунанд, ки замони демократия яъне ҳар коре хостӣ кун, бе ҷавобгарӣ. Аммо онҳо намедонанд, ки озодӣ маънои масъулиятро дорад, на бетартибӣ. Аз ҷавобгарии ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ бархе хонандагон огоҳ нестанд.»
Дар баробари ин, норасоии омӯзгорони касбӣ низ яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи пешбурди босифати таълим ба шумор меравад. Имрӯз на ҳамаи мактабҳо омӯзгорони ҳирфаӣ доранд. Ҷойи муаллимони пуртаҷриба холист ва насли ҷавон ҳанӯз омодагии комил надорад. Ин ҳам боиси коҳиши сифати таълим ва мушкили тарбия мегардад, мегӯяд устод.
Муаллим бояд сутуни маърифат бошад...
Имрӯз муаллимон дипломро мегиранд, аммо на ҳамеша дониши кофӣ доранд. Замоне буд, ки мо бо як ҳисси баланди масъулият ва беғаразона таълим медодем. Дар замони душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ низ, бидуни маош, ба таълиму тарбият машғул будем. Зиндагиро гоҳе хуб, гоҳе нохуб, вале бо ифтихор мегузаронидем, аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигӣ рӯз мебурдем,ба ёд меорад устод. Ин таҷрибаҳои талху ширини рӯзгор, ки муаллимон он замон паси сар карданд, сабақи бузурге барои насли имрӯза аст. Аммо, на ҳар ҷавони имрӯза ин сахтиро қабул мекунад. Имрӯз бисёре аз ҷавонон бо маоши кам кор кардан намехоҳанд.
Кори омӯзгорӣ ҳеҷ гоҳ осон набуд. Вале имрӯз омӯзгорон бештар зери фишори ахлоқӣ қарор доранд. Баъзан муаллимон ғазаби хешро нигоҳ дошта наметавонанд, чунки вазъ душвор аст. Пештар муаллим сиёсат дошт, на ғазаб. Имрӯз бошад, агар муаллим бар сари хонандае садо баланд кунад ё, боз ҳам сахттар, даст бардорад, дарҳол ӯро то додгоҳ мекашонанд.
Волидон мисли солҳои пеш, ки бештар ба тарбия диққат медоданд, имрӯз баъзан аз уҳдаи он намебароянд. Таваҷҷуҳ ба фарзанд бештар ҷисмонӣ шудааст — таъминот, либос, телефон... Аммо ахлоқи фарзанд гоҳе бе роҳнамо мемонад.
Бо вуҷуди камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, хусусан дар самти баланд бардоштани мақом ва шароити иҷтимоии омӯзгорон, боис шудааст, ки имрӯзу ояндаи ин қишри муҳими ҷомеа рӯшантар ба назар расад. Моҳи сентябри имсол маоши омӯзгорон 40 дар сад зиёд шуд. Ин далели равшани таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат аст.
МУАЛЛИМ НАБОЯД ТАСОДУФӢ БОШАД...
Идиев Саъдӣ, омӯзгори собиқадори ноҳияи Сангвор бо таҷрибаи чандинсола ва диди амиқ, аз вазъи кунунии маориф ва муносибати насли нав ба касби омӯзгорӣ бо эҳсоси масъулият ҳарф мезанад. Ӯ аз афзоиши омӯзгорони тасодуфӣ, ки на бо ихлосу дониш, балки барои гузаронидани рӯзгор ба ин касб рӯ меоранд, изҳори нигаронӣ мекунад.
«Имрӯз, мутаассифона, баъзе омӯзгорон ҳастанд, ки ҳатто журнали синфро пур карда наметавонанд, чӣ расад ба тарбияи насли нав. Касе ки худ тартибу интизом надорад, наметавонад тарбия диҳад. Муаллим бояд муаллим бошад, бофаҳм, боахлоқ ва масъулиятшинос».
Ӯ таъкид мекунад, имкониятҳое, ки имрӯз барои ҷавонон, бахусус омӯзгорон фароҳам шудааст, дар замони онҳо ҳатто тасаввурнопазир буд: «Мо чунин шароит надоштем. Имрӯз мактабҳо навсозӣ мешаванд, маош баланд мешавад, омӯзгор дастгирӣ меёбад ва ин ҳама бо ташаббусу ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст. Аммо бархе ҷавонон ба ин ҳама бетарафанд. Ин беэътиноӣ нисбати заҳмати давлату миллат аст.»
Ба гуфтаи омӯзгори пуртаҷриба, ҷавонон бояд аз ҳар як имтиёзу имконият дуруст истифода баранд.
Мактаб – набзи ҷомеа, омӯзгор - оинаи виҷдон
Маориф сутуни устувори ҷомеа ва омӯзгор такягоҳи маънавии миллат буд, ҳаст ва хоҳад монд. Мегӯяд Саъдӣ Идиев ва идома медиҳад, ки: «Ахлоқи хонандагон ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ нест. Ҳарчанд робитаи мактаб бо волидон то андозае хуб аст, аммо тарбияи иддае аз фарзандон коста гардидааст». Ва бо шеъре мехоҳад, арзи дилашро баён созад:
Замоне буд, ки одоб нархи хуб дошт,
Арусе рӯи ҳавли рӯфту рӯб дошт.
Писар то ки шавад шахси баодоб,
Падар дар кунҷи хона як-ду чӯб дошт...
Имрӯз “занги охирин”-ро барҳам доданд. Барҳам додани он, на аз замон, балки аз бемасъулиятии омӯзгорон шаҳодат медиҳад. Мактаби рақами як дили ноҳия аст.
Имрӯз падару модароне ҳастанд, ки фарзандонашон то соати 12 ё 1-и шаб дар кӯча мегарданд. Уҳда намекунанд, назорат надоранд. Мекӯшанд ҳама масъулиятро бар гардани мактаб партоянд. Аммо тарбия аввал аз хона сар мешавад.
«Мо пештар аз муаллимамон метарсидем, эҳтиром мекардем. Ман имрӯз ҳам, агар устодам Иди Одинаевро бинам, ҳурматаш дар дилам ҷӯш мезанад. Дар зеҳнам ҳаст, то боодобона ба ӯ салом гӯям. Аммо, боиси таассуф аст, ки дар баъзе маъракаҳо шогирдон боҷуръатона дар паҳлуи мо нишаста, дар як табақ хӯрок мехӯранд. Ба ин чӣ метавон гуфт?
Зимни суҳбат, Саъдӣ Идиев аз устодони даврони мактаби миёна ёд мекунад: Омӯзгороне, ки дар гузашта ба мо таълим доданд, Бегаков, Одинаев, Мирзоев намунаи волои касби омӯзгориву инсоният буданд. Дарсҳои онҳо на танҳо навиштани хати равону шинохтани ҳарфҳо буд, дарсашон як ҷаҳон маънӣ ва як олам панду насҳат дошт.
Дар анҷом ба муносибати Ҳафтаи муаллим, ҳамаи омӯзгорони асили ноҳияро табрик мекунам. Таманно дорам, ки эшон рисолат, асолат ва вазифаҳои пурмасъулияташонро тавре иҷро мекунанд, ки набзи мактаб ва ҷомеа бо нерӯи тоза дакка хӯрад...
Наҳтутӣ Алиева