“ШОҲНОМА” НА ЗЕБИ ҶЕВОНҲО, ОРОИШГАРИ РУҲИЯҲОСТ!

Воқеан миллати мо дар дарозои таърих ҳамвора аз арзишҳои миллӣ, аз арзишҳои меҳанӣ, илмӣ ва адабӣ дифоъ мекард, хусусан дар давраҳое, ки мо соҳиби давлати миллӣ будем, истиқлол доштем. Агар мо давраи Сомониёнро ба хотир биёрем, шахсиятҳое буданд, ки ҳамеша аз фарҳанги мо ҳимоя мекарданд. Дар замони Сомониён давлати мо чеҳраи бузурги миллӣ, ки ифтихори дирӯзу имрӯзи моанд, аз давраи Каюмарс бо Ҷамшеду Кайқубоду Кайхусрав то Яъкуби Лайсу дигарон чеҳраҳои мондагор ҳифзи  фарҳангу тамаддун, дар нигоҳдории давлати миллии мо дар таърих ном гузоштанд. Дар асри гузашта ба озодӣ расидем.  Дар асри навин, хусусан дар замони ба истиқлол расидан ё ин, ки поёни асри 20 ва аввали асри 21,  бо сабабҳои айниву зеҳнӣ, қариб буд, ки миллат пароканда мешуд вааз байн мерафт, вале  Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дасти тавонои худ , киштии ғарқшудаи миллатро  наҷот доданд.

Хонандаи азиз! Манзури ман ин аст,  мехоҳам бигӯям, ки маҳз хизматҳои шоистаи ҳамин фарзонаи фарзанди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо сад ҳазор  ормонҳои миллат дар қалб,  моро боз ба ҳамон саргаҳи тамаддун баргардонд. Имрӯз аз иқдомҳои созанда ва шоистаи Пешвои миллат бармеояд, ки ин миллатро  ба майдони аслии худ ва тамаддуни пурбораш  раҳнамун кардаанд.

Бо ташаббуси эшон Қуръони карим ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ба мардуми тоҷик тақдим гардид. Аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров чоп шуда, ба ҳар як хонадони тоҷик ҳамчун туҳфаи арзишманд супорида шуд. Ва инак, “Шоҳнома”-и безаволи А. Фирдавсӣ низ, туҳфаи беназир ва пурмуҳтавои Пешвои миллат ба хонадони ҳар яки мо расид, ки ба хотири баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии миллӣ ин миллат аст.

Ва бояд гуфт, ки ин туҳфаи беназир, ки ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ ва ҳикматро дар ҳар сатри худ ҷой додааст, бояд аз ҷониби ҳар яки мо, чи хурд ва чи калон  хонда шавад. “Шоҳнома”-и безавол на танҳо як асари адабӣ, балки мактаби ватандорӣ ва мардонагӣ аст. Аз ҳамин рӯ, зарур аст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар маҳфилҳои шоҳномахонӣ ташкил карда шаванд, то насли нав аз ин ганҷинаи маънавӣ дарси меҳанпарастӣ бигирад.

Зеро устод Абулқосим Фирдавсӣ умри азизи худро дар роҳи бедории миллат ва ватандорӣ сарф намуда, бо қалами пурҳунари худ номи тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ абадӣ сохт.

Яке аз қиссаҳои пурмаънии “Шоҳнома” достони “Рустаму Суҳроб” аст, қиссаи падару писаре, ки аз рӯи тақдир дар ҷанги беидрок рӯбарӯ шуданд. Фирдавсӣ дар ин қисса нишон медиҳад, ки ситораи ватандорӣ ва ҷавонмардӣ ҳатто дар авҷи дард ва ҷудоӣ ҳам намемирад. Рустам, рамзи қудрат ва ифтихори миллат, ҷони худро барои ҳифзи Ватан ва номуси мардӣ мебахшад, то номи тоҷик поянда бимонад.

“Шоҳнома” моро меомӯзонад, ки ватандорӣ танҳо сухан нест, амал аст, муҳаббат аст, масъулият аст. Ҳар касе, агар аз ин асари пурғановат дарси хирад бигирад, бешак метавонад ба Ватан ва миллат бо сидқу муҳаббат хизмат намояд.

Пас, мо низ бояд бидонем, ки “Шоҳнома”-ро танҳо барои зеб додани ҷевон ё нигоҳ доштан дар кунҷи хона набояд бигирем. Ин асари безавол барои хондан, фаҳмидан ва зиндагӣ кардан бо маъноҳояш офарида шудааст.

Бояд бо иродаи қавӣ онро то поён бихонем, аз ҳар мисрааш сабақи ватандорӣ, ҷавонмардӣ ва ахлоқи инсонӣ бигирем. Фарзандони худро низ бояд дар ҳамин руҳия, руҳияи меҳанпарастӣ, љасорат,  ѓайрат, шуҷоат ва маънавият ба воя расонем.

Агар ҳар фарзанди мо мисраъҳои “Шоҳнома”-ро дар хотира ҳифз созад ва маънои амиқи онро бифаҳмад, бешак дар дилу зеҳнаш муҳаббати Ватан реша медавонад.

Ҳамин аст, ки мегӯянд, “Масъулияти ҳақиқии волидон, парвариши фарзанди ватандор аст”.  Зеро маҳз дар оила аввалин тухми меҳру муҳаббат ба Ватан кошта мешавад. Аз тарбия ва ахлоқи волидон аст, ки фарзанд рӯҳи ватандорӣ, шуҷоат ва садоқатро меомӯзад. Фирдавсӣ низ ба ҳамин маънӣ таъкид мекунад, ки бузургӣ аз хурдӣ сар мешавад, ҷасорату ватандорӣ аз хонадон, аз сухани падар, аз дуои модар ва аз китобҳои маънавии хонадон  бармеояд.

Бинобар ин, ҳар як падару модар, омўзгорону мурабияҳо  бояд кӯшиш намояд, то насли наву ҷавонро  бо мисраъҳои пурҳикмати “Шоҳнома” ошно созанд. Зеро сухани Фирдавсӣ танҳо шеър нест,  он дарси зиндагӣ, ирода ва ватандорӣ аст...

Исмонов Маҳмадулло,

раиси дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор