Дар ноҳияи Сангвор як гурӯҳ ҷавонони далеру ватандӯст бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва номуси миллӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд. Ин иқдоми ҷавонмардона бозгӯи сатҳи баланди маърифати сиёсиву шаҳрвандӣ ва омодагии рӯҳии ҷавонони ноҳия дар ҳимояи марзу буми Ватан мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор изҳор медорад, ки даъвати тирамоҳии соли 2025 пеш аз муҳлат ва бо иҷрои 100-фоиз, ба анҷом расонида шуд. Ин дастовард самараи ҳамкории пурсамари мақомоти маҳаллӣ, комиссияи даъват ва волидайни ватандӯст ба ҳисоб меравад.
Инчунин, 27 сентябри соли 2025 , дар ноҳияи Сангвор, дар назди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангии идона бахшида ба Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид. Дар чорабинӣ навдаъватшавандагон ва волидайни онҳо фаъолона иштирок намуданд.
Муовини якуми раиси ноҳияи Сангвор, Муҳамадизода М., дар суханронии худ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи даъватшаванда самимона табрик гуфта, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба падару модароне, ки фарзандонашонро бо ифтихор ба хизмати ҳарбӣ сафарбар менамоянд, изҳори сипос намуданд. Ӯ ҳамзамон ба ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданд, сипосномаи мақомоти иҷроияро тақдим кард.