Суд яке аз шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд нақши ҳалкунанда дорад. Он кафили волоияти қонун буда, масъули таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, инчунин барқарор намудани адолати иҷтимоӣ мебошад.
Дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои шахс, маҳз суд ҳамчун мақомоти мустақил ва беғараз, сари вақт ва одилона масъалаҳоро баррасӣ намуда, бо қарорҳои худ адолатро барқарор мекунад.
Илова бар ин, суд дар ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ байни шаҳрвандон, ташкилотҳо ва мақомоти давлатӣ нақши калидӣ дорад. Ҳамзамон, фаъолияти одилонаи судҳо ба коҳиш ёфтани зӯроварӣ, худсарӣ ва беқонунӣ мусоидат мекунад, ки ин ба таҳкими адолати иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Ин буд, ки мо тасмим гирифтем бо Салимзода М. Раиси суди ноҳияи Сангвор чанд саволеро дар миён гузорем.
Инак, мутаваҷеҳи суҳбати мо бошед!
ВАЗИФА ВА САЛОҲИЯТ...
-Вазифа ва салоҳияти асосии суд дар чӣ зоҳир мегардад?
-Тибқи муқаррароти моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисахо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иќтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.
Тартиби таъсис, ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Дар қисми 1 ва 2-и моддаи 4 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Точикистон” омадааст, ки ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, ҳифз менамояд.
Вазифаи суд дар Чумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад.
Тибќи муқаррароти моддаи 82 қисмҳои 1 ва 2 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонн “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, судҳои шаҳр ва ноҳия парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дархост ва пешниҳодҳоро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти онҳо вобаста карда шудаанд, баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд.
Судҳои шаҳр ва ноҳия дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ доранд ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
АДОЛАТИ СУДӢ...
-Чӣ гуна таъмини адолати судӣ дар ноҳия ба роҳ монда шудааст?
-Дар зери мафҳуми адолат, ин додрасӣ, накӯкорӣ, яке аз категорияҳои ахлоқ ва ҳуқуқ, ки ба воқеъияти конкретӣ мувофиқ омадан ё наомадани моҳият ва ҳуқуқи инсонро мефаҳманд.
Ягона шакли ба амал баровардани адолати судӣ маҷлиси судӣ мебошад. Аз ин хотир, адолати судӣ дар маънои аслиаш аз ҷониби суд татбиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ нисбат ба баҳсҳо ва масъалаҳои дигари ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои конститутсионӣ, маданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ дар маҷлисҳои судӣ мебошад.
Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки адолати судиро аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ фақат суд ба амал мебарорад. Ҳељ касро бе ҳукми суд ва бар хилофи қонун дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор донистан ва инчунин ҷазои ҷиноятӣ додан мумкин нест. Аз ин рӯ, суди ноҳияи Сангвор фаъолияти худро бар он равона месозад, ки қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоиро дар ноҳия ба роҳ монад.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ кафолат дода шудааст. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Тибқи қонунҳои мурофиавӣ ва моддӣ дар суди ноҳия мурофиаҳои судӣ ба тарзи ошкоро мегузаранд, ба истиснои мавридҳое, ки қонунқои мурофиавӣ муайян намудаанд. Адолати судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо ба амал бароварда мешавад.
Судяҳои суди ноҳияи Сангвор дар рафти омодасозии парвандаҳо ба муҳокимаи судӣ ва ҳангоми баррасии парвандаҳои оилавӣ ва маданӣ мустақилият, беғаразӣ ва холисии худро нигоҳ дошта, роҳбарии мурофиаҳоро анҷом дода, ба шахсони иштирокчии парвандаҳо ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшонро фаҳмонида, ба тарафҳо оқибатҳои содир кардан ё накардани амалҳои мурофиавиро таъкид намуда, ба онҳо дар татбиқи ҳуқуқҳояшон мусоидат намуда, барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи далелҳо, муқаррар намудани ҳолатҳои воқеӣ ва истифодаи дурусти қонунҳо ҳангоми ҳалли парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ шароит фароҳам овардаанд.
Суди ноҳияи Сангвор дар давоми ҳисоботи нимсолаи соли 2025 парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, оилавӣ, маданӣ ва дигар дархосту пешниҳодҳоро дар маҷлисҳои судӣ баррасӣ намуда, адолати судиро бо қабул намудани санадҳои судӣ, аз қабили; ҳукмҳо, ҳалномаҳо, қарорҳо ва фармонҳои судӣ амалӣ намуд.
Дар ин давом суди ноҳияи Сангвор тавонист, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, маданӣ ва оилавӣ адолати судиро таъмин намояд, чунки 90 % парвандаҳо дар маҷлисҳои ошкорои сайёри судӣ баррасӣ карда шуда, санадҳои судии қабулгардида бо парвандаҳои мазкур дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун ба тарафҳо дастрас карда шуда, шаҳрвандон аз санадҳои судии қабулгардида розӣ буда, дар ин давом ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон шикоят нисбат ба санадҳои судӣ ирсол карда нашудааст.
-Дар давоми нимсолаи аввали соли 2025 чанд адад парвандаи ҷиноятї, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, маданӣ ва оилавӣ дар суди ноҳия баррасӣ карда шудааст?
-Дар давоми ҳисоботи нимсолаи аввали соли 2025 аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Сангвор 6 адад парвандаи ҷиноятӣ, 30 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 2 адад парвандаи маданӣ ва 43 адад парвандаи оилавӣ баррасӣ карда шудааст.
МАҚОМИ СУД ДАР БАРҚАРОРИИ АДОЛАТ...
-Оё дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ пурра таъмин шудааст ва чӣ гуна?
-Суди ноҳияи Сангвор дар давоми нимсолаи аввали соли 2025, ҳангоми баррасии парвандаҳои воридгардида пурра адолати судиро таъмин намудааст. Зеро судя санади судиро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд ва он бояд қонунӣ ва асоснок бошад. Мақсади адолати судӣ на танҳо додани ҷазо ва чораҳои маҷбуркунӣ мебошад, балки дар таъмин намудани таъсири тарбиявии он низ ифода меёбад. Суди ноҳияи Сангвор фаъолияти худро бар он равона месозад, ки қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ дар ноҳия таъмин бошад.
Бояд тазаккур дод, ки судя дар ҳама ҳолат вазифадор аст, манфиатҳои қонунро ҷонибдорӣ намуда, онро аз ҳама гуна сӯиқасд ҳимоя намояд. Ҳамзамон, аз тарафи судяҳои суди ноҳия ҳангоми баррасии парвандаҳои воридгардида ба тарафҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои мурофиавиашон тибқи кодексҳои мурофиавӣ фаҳмонида шуда, дар ин хусус аз онҳо дастхат гирифта шуда, санадҳои қабулнамудаи судяҳо сари вақт дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун ба онҳо дастрас карда шудааст ва бо розигии тарафҳо мазмуну муҳтавои санадҳои судии қабулгардида, дар сомонаи расмии суди ноҳия ба нашр расонида шудаанд.
СУД БАР ЗИДДИ ФАСОД ВА ХУДСАРӢ
-Суд чӣ гуна ба фасодкорӣ ва дахолати ғайриқонунӣ мубориза мебарад?
-Дар давоми 6 моҳи соли 2025 ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҷаласаҳои ҳарҳафтаинаи назди раиси суди ноҳияи Сангвор бо иштироки судя ва кормандони дастгоҳи суд масъалаҳо вобаста ба ҳисси баланди ватандӯстӣ, содиқонаю поквиҷдонона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ва қатъиян худдорӣ намудан аз кирдорҳои коррупсионӣ муҳокима гардида, оид ба масъулияти шахсӣ кормандони суд вазифагузорӣ карда шуда, такрор ба такрор таъкид карда шудаанд, ки аз содир намудани кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта ва дигар кирдорҳои беобрӯкунандаи мақомоти судӣ худдорӣ намоянд.
Инчунин, тибқи нақшаи корӣ парвандаҳои хусусияти коррупсионидошта, ки ба суд ворид гардидаанд, дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ карда шуда, вобаста ба ин масъалаи доғи рӯз дар корхонаю ташкилотҳо, идораҳо ва ҷамоатҳои деҳоти ҳудуди ноҳияи Сангвор суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, вазъи ҳуқуқии қарору қонунҳои қабулшуда ва сиёсати умумии давлатӣ доир ба мубориза алайҳи чинояткории муташаккилона фаҳмонида шуда, вобаста ба сабаб ва ҳолатҳои содир гардидани ин ҷиноятҳо ба корхонаю ташкилотҳо ва ҷамоатҳои деҳот таъинотҳои хусусӣ ирсол карда шудаанд.
ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТ...
- Аз таъмини шафофият ҳангоми баррасии парвандаҳо дар суд мегуфтед!
-Ошкоро будани муҳокимаи судӣ яке аз қисмҳои таркибии демократӣ будани шакли мурофиавии пешбурди адолати судӣ, кафолати ҳуқуқии таъмини қонуният ҳангоми ба амалбарории адолати судӣ ва амалишавии воқеъии ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиа баромад мекунад. Ҳангоми ба тариқи ошкоро сурат гирифтани муҳокимаи судӣ на танҳо ҳар як шахс, балки намояндагони воситаҳои ахбори умум низ метавонанд иштирок дошта бошанд. Ошкоро будани муҳокимаи судӣ пеш аз ҳама функсияи тарбиявӣ ва пешгирии онро таъмин намуда, барои ба даст овардани вазифа ва мақсадҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ шароит муҳайё менамояд.
Бинобар ин, роҳбарият ва судяҳои суди ноҳия тасмим гирифтананд, ки аз рӯи имконият парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ва оилавӣ, ки дар суди ноҳияи Сангвор мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд, ба таври ошкоро дар маҷлисҳои ошкорои сайёри судӣ мавриди баррасӣ қарор диҳанд. То ин ки дониши ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад ва қонунвайронкуниҳо пешгирӣ ќарда шаванд. Дар мурофиаҳои судӣ шаҳрвандон тавонистанд, ки бидуни ягон таҳдид ва фишор ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худро ҳифз намоянд.
САТҲИ ОГОҲИИ МАРДУМ...
-Маърифати ҳуқуқии сокинони ноҳияро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ дар муқоиса ба соли 2024, дар соли 2025 аризақо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти судӣ ба таври назаррас ба маротиб кам ворид гардида, парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ, маданӣ ва оилавӣ камтар мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бо эълон гардидани соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ сатҳи дониши ҳуқуқии сокинони ноҳия даҳчанд боло рафта, онҳо мустақиман метавонанд ҳуқуқ ва манфиатҳои худро дар дилхоҳ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз он ҷумла дар суд худашон ҳифз намоянд.
ИСЛОҲОТ ВА НАВОВАРӢ ДАР СУДИ НОҲИЯ...
-Ягон навоварӣ ва ё ислоҳот дар суди ноҳия ба нақша гирифта шудааст?
-Албатта , суди ноҳия ҳар сол нақшаи кории худро тақия ва тасдиқ намуда, аз рӯи ҳар як банди он фаъолияти кории худро ба роҳ монда, ба ғайр аз ба амалбарории адолати судӣ, дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баҳри баланд бардоштани донишу малакаи ҳуқуқии шаҳрвандон тарғибу ташфиқи қонунгузориро ба роҳ мондааст. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2025 роҳбарият, судя ва кормандони дастгоҳи суд ба нақша гирифтаанд, ки баҳри пешгирии ҷиноятҳо, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳо дар ҳудуди ноҳия судҳои сайёри судӣ ва суҳбату вохӯриҳоро ба маротиб зиёд намуда, дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бароранд.
-Оё тамоми аҳли деҳот бо иттилооти зарурии ҳуқуқӣ таъмин мешавад ё ин кори суд нест?
-Албатта тамоми аҳли ноҳия тавассути воситаҳои ахбори омма, телевизион, радио, маҷалаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Мавҷи Хингоб”, сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ, бо иттилооти зарурии ҳуқуқӣ таъмин карда шуда истодаанд.
Ғайр аз ин, тибқи нақшаҳои кории дохилиидоравӣ роҳбарият ва кормандони суди ноҳия дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор баҳри баланд бардоштани донишу малакаи ҳуқуқии шаҳрвандон тарғибу ташфиқи қонунгузориро ба роҳ монда, ба саҳми сокинони ноҳия таѓйироту иловаҳои ба қонунҳои ҷорӣ воридшударо мерасонанд.
МАСЪУЛИЯТ: ИҶРОИ ҶАРИМАҲО
-Ҷаримаҳо аз ҷониби ҳуқуқвайронкунандагон ва мақкумшудагон сари ваќт пардохт карда мешаванд?
-Аз рӯи маълумотҳои оморӣ дар 6 моҳи соли 2025 ба суди ноҳияи Сангвор аз мақомоти тафтишоти пешакӣ 6-адад парвандаи ҷиноятӣ барои баррасӣ намудан ворид гардида, як ададаш аз соли 2024 ҳамчун бақия ба соли 2025 гузаронида шуда буд, ки ҷамъ 7 ададро ташкил медиҳанд. Парвандаҳои ба суд ворид гардида, сари вақт аз тарафи судяҳо баррасӣ карда шуда, нисбати 5 нафар ҷазои ҷарима, ҷамъ ба маблағи 207140 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуда, ин маблағ пурра рӯёнида шудааст.
Дар ин давра ба суди ноҳияи Сангвор 30-адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ворид гардида, ҳамаи парвандаҳои воридгардида сари вақт баррасӣ карда шудаанд.
Бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии баррасикардашуда нисбати 26 нафар ҷазои ҷарима ба маблағи умумӣ 103685 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуда, он пурра рӯёнида шудааст.
-Оё баҳсҳои оилавӣ, маданӣ зиёд шудаанд?
-Тибқи маълумотҳои оморӣ дар давраи нимсолаи аввали соли 2025 ворид ва баррасии парвандаҳои оилавӣ ва маданӣ назар ба нимсолаи аввали соли 2024 кам гардидааст. Дар ин давра 11 адад парвандаи оилавӣ ва 8 адад парвандаи маданӣ кам баррасӣ гардидааст. Аз ин бармеояд, ки дар ноҳия баҳсҳои оилавӣ ва маданӣ рӯ ба камшавӣ овардааст. Масалан, агар дар давраи нимсолаи аввали соли 2025, ақди никоҳи 9 нафар бекор карда шуда бошад, дар давоми нимсолаи якуми соли 2024, ақди никоҳи 14 нафар бекор карда шуда буд.
-Сипос, барои суҳбати пурмуҳтаво!
Суҳбаторо: Наҳтутӣ Алиева









