Истиқлол, бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик аст.  Ин неъмати бебаҳо,  барои Тоҷикистон на танҳо рамзи озодӣ, балки оинаи сарнавишти навини миллати тоҷик мебошад. Бо соҳибистиқлол шудан, мо тавонистем давлатдории миллиро таҳким бахшем, забон ва фарҳанги модариро гиромӣ дорем,  арзишҳои миллӣ ва суннатҳои аҷдодиро эҳё намоем. Истиқлол ба насли нав имконият дод, ки бо худшиносӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ барои ободии Ватан ва таҳкими пояҳои давлат саҳмгузор бошанд. Ҳар як дастоварди саноатӣ, ҳар як сохтмони нав, ҳар як ислоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҷассумгари ормонҳои Истиқлол ва иродаи мардуми тоҷик аст.

Бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист дар арсаи байналмилалӣ мақоми худро устувор созад ва обрӯву нуфузи миллати тоҷикро боло барад.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон аз имтиҳонҳои вазнин гузашта, ба як кишвари сулҳпарвару созанда табдил ёфт. Ин истиқлол буд, ки ба миллати тоҷик шуҳрату шон, ваҳдату сарбаландӣ ва эътимод ба ояндаи дурахшон бахшид.

Имрӯз ҳар як сохтмони нав, ҳар як дастоварди иқтисодӣ ва ҳар як қадами созандагӣ таҷассумгари шукуҳу шаҳомати Истиқлол аст. Ҷашни Истиқлол ҳамеша ба мо ёдрас месозад, ки озодиву соҳибдавлатӣ неъмати бебаҳоест ва ҳар фарди ватандӯст вазифадор аст, ки онро ҳифз ва пос дорад.

Шаъну шон ва шукуҳи Истиқлол боз  дар он аст, ки ҳар як фарди ҷомеа худро соҳиби Ватан, ҳимоятгари арзишҳои миллӣ ва масъули сарнавишти давлату миллат медонад.

Президенти кишвар шуҳрати истиқлоли моро аз минбарҳои баланди байналмилалӣ афзуданд ва бо маърифати баланду сиёсати оқилонаву созанда Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, сулҳҷӯ ва созанда муаррифӣ намуданд. Ин Президенти мардумӣ бо иродаи қавӣ ва сиёсати дурбинона тавонистанд ҷойгоҳи давлатро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшанд ва обрӯву нуфузи миллати тоҷикро боло бардоранд.

Маҳз  корнамоиҳо ва шоҳкориҳои Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон рӯзҳои вазнину хунинро пушти сар карда, ба як давлати орому пешсаф табдил ёфт. Имрӯз истиқлол бо шуҳрату шаҳомати худ на танҳо дастоварди таърихӣ, балки нишони ваҳдату сарбаландии тамоми мардуми тоҷик аст.

Истиқлоли давлатӣ ба халқи тоҷик имконият дод, ки бо сарварии Пешвои миллат ба иҷрои лоиҳаҳои бузурги созандагӣ қадам гузорад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор иншооти бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун”, Неругоҳи “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, Неругоҳи “Помир-1”, шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ, нақби Истиқлол, нақби Шаҳристон, нақби Хатлон, нақби Раштон,   фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Маркази савдо ва фарҳанги “Душанбе Мол”, Боғи Истиқлол ва чандини  дигар корхонаҳои саноатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, мактабу донишгоҳҳо  бунёду обод  гардиданд.

Иншооти мазкур на танҳо муҳайёгари шароити мусоиди зиндагӣ барои мардум мебошанд, балки Тоҷикистонро дар арсаи иқтисодӣ, энергетикӣ, маърифату сиёсат ва иҷтимоӣ ба зинаҳои нав бароварданд.

Ҳатто инфрасохтори деҳот низ навсозӣ гардид. Бо дастгирии давлату Ҳукумат роҳҳо, мактабҳо, марказҳои саломатӣ, боғу гулгаштҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳо таҷдид ва бунёд шуданд. Имрӯз деҳоти кишвар чеҳраи нав гирифта, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гаштааст.

Инфрасохтори муосир на танҳо барои сокинон шароити муносиб фароҳам овардааст, балки барои сайёҳон низ муҳити ҷолибу созгорро муҳайё месозад. Тоҷикистон бо табиати нотакрор, манзараҳои дилфиреб ва обҳои шифобахшаш ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтааст. Бо вуҷуди ин, таҷдид ва навсозии инфрасохтор имконият медиҳад, ки меҳмонон бо роҳати бештар сафар намуда, аз зебоиҳои диёр ва фарҳанги тоҷикон баҳра бигиранд ва овозаи ин сарзамини пурганҷро ба дунё баранд.

Дар анҷом мехоҳам ёдовар шавам, ки роҳнамоӣ, корнамоӣ, қаҳрамонӣ ва созандагиву шоҳкориҳои Пешвои миллат буд, ки Истиқлол пояи устувор гирифт ва Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз яке аз ташаббускорони сатҳи  байналмилалӣ гардида,  обрӯву нуфузи худро таҳким бахшида, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро таъмин менамояд.

Пас, месазад, ки мо корномаҳо ва шоҳкориҳои ин марди худододро арҷ гузорем, шукронаи ободӣ ва озодиро намуда, Истиқлолро бо ҷону дил ҳифз намоем. Ҳар як фарди ватандӯст бояд бо меҳру садоқат ва заҳмати созанда саҳми худро дар таҳкими Истиқлол ва шукуҳи Ватан гузорад…

Аблулло Олимзода, муовини раиси ноҳияи Сангвор

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буданд:

«Шоҳнома ин асари безавол бояд ба ҳар хонадони мардуми сарбаланди тоҷик тақдим карда шавад, то наслҳо аз он сабақи мардонагӣ, ватандӯстӣ ва худшиносӣ омӯзанд».

Акнун соати фараҳ фаро омад ва ваъдаи Пешвои маърифатдӯсту фарҳангсолори мо ба иҷро расид. Нусхаҳои тозанашри «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла ба ноҳияи Сангвор, расонида шуданд.

Ин иқдом, ки бо ташаббуси Сарвари давлат амалӣ гардид, на танҳо арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои гузаштагон, балки туҳфаи беназир барои таҳкими худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва бедории маънавии ҷомеа мебошад. Инчунин барои арҷгузорӣ ба таърих ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд.

Дар баъзе минтақаҳо ва байни ҷавонон эҳтимоли кам шудани риояи суннатҳои кӯҳнаи оиладорӣ ва арзишҳои анъанавӣ вуҷуд дорад. Таъсири омилҳои иқтисодӣ, таҳсилот, нақши занон дар ҷомеа, ва таъсири ҷаҳонишавӣ низ метавонанд ба тағйироти суннатҳои оиладорӣ сабаб шаванд.

Аммо аз тарафи дигар, дар бисёр минтақаҳо оилаҳои суннатӣ ҳанӯз ҳам хеле мустаҳкаманд ва эҳтироми суннатҳои миллиро нигоҳ медоранд.
Аммо баъзан вақт бо таъсири ҷаҳонишавӣ суннатҳои оиладорӣ дар баъзе мавридҳо ва байни баъзе гурӯҳҳои ҷомеа метавонанд тағйир ёбанд ва дар навбати худ суст шаванд.

Мардуми мо духтари 18 соларо келин мекунанд, аммо аз ӯ рафтору кирдору гуфтори зани 30-40-соларо интизор ҳастанд. Ба андешаи ман, духтари 18 сола ҳеҷ гоҳ наметавонад фаҳмишу идроки хушдомани 40-45 соларо дошта бошад. Келинро дар муҳити нав бо одамони нав бояд тарбия кард, барои камбудӣ ва иштибоҳоташ на сарзаниш ва ҷазо , балки насиҳат кардану машварат додан  лозим аст. Мушкилоти асосии ҷомеаи мо ҳамин аст, ки бархе дар симои келин як хизматгорро мебинанд. 

Духтари 18-сола, ки бо муҳити нав ва одамони нав рӯбарӯ мешавад, ҳақиқатан ба ҳидоят, дастгирӣ ва фаҳмиш ниёз дорад, на интизории комил ва талаботи барзиёд. Тарзи муносибат бо келин бояд бо сабр ва эҳтиром бошад, насиҳат ва маслиҳат метавонад муносибатҳои оилавиро мустаҳкам кунад ва эҳсоси ҳамбастагии оилавиро бештар намояд. Оила бояд макони муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ ва пуштибонӣ бошад.

Рӯзи 25 июли соли 2025 дар ноҳияи Сангвор машқҳои мукаммали мудофиаи ҳудудӣ оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода баргузор гардиданд.

Баргузор намудани машқ тибқи банди 6-и Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши раиси Кумита аз 14 июли соли 2025, №189 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқи мукаммали мудофиаи ҳудудӣ дар ноҳияи Сангвор» амалӣ карда шуд.

Барои анҷоми машқҳо дар майдони варзишгоҳи марказии ноҳия тамоми сохторҳо  ҷалб гардиданд. Аз ҷумла, бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ноҳия, ҳайати роҳбарикунандаи ноҳия, комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, эвакуатсионӣ ва устуворгардонии иншоотҳои иқтисодӣ, зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии ноҳия оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти мудофиаи гражданӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доштанд.

Инчунин дар чорабинии мазкур  сокинони ноҳия аз ҳисоби захираҳои сафарбарӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои марбута фаъолона иштирок намуданд.

Муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ иштирокчиён, бахусус шахсоне, ки синнашон аз 55 боло аст, қадрдонӣ намуд ва таъкид дошт, ки иштироки фаъолонаи сокинон натиҷаи тарбияи дурусти волидайн ва масъулиятшиносии шаҳрвандон мебошад.

Ҳамчунин, аз номи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва сохторҳои марбута бо медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷониби комиссариати ҳарбӣ низ ба чанде аз иштирокчиён ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.

Раиси ноҳияи Сангвор, Давлатзода Маҳмадшоҳ Ӣайрат, баромад намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин машқҳо барои баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва муттаҳидии сокинон дар ҳолатҳои фавқулода аҳамияти калон дорад ва саҳми ҳар як сокин дар амният ва устувории ноҳия муҳим мебошад.

Дар ҷараёни машқҳо техникаҳои шахсӣ ва таҷҳизоти муассисаву ташкилотҳо ҷалб шуда, амалҳои амалӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ба намоиш гузошта шуданд.

Дар ин машқҳо ҳамчунин аз ободиву оромии Тоҷикистон соҳибистиқлол ёдоварӣ карда шуда, таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо саҳми мустақими сокинон ба ҳифзи ҳаёт, амният ва устувории кишвар мебошад.