Солҳои ҷанг барои мардуми Сангвор ва дигар минтақаҳои осебдидаи кишвар мактаби талхи зиндагиро мемонд.  Мактабе, ки дар он ҳар як кӯдак тарси тиру садои љонгудози онро шинохт, ҳар як модар бо ғами ҷудоӣ зиндагӣ кард, ва ҳар як падар бо хомӯшии сангин боре бар дӯш дошт.

     Ин мардум имрӯз дар фазои сулҳ кор ва  зиндагӣ мекунанд, фарзандонро ба мактаб мебаранд ва умеди фардоро дар дилашон мепарваранд.

    Аз ин рӯ, сулҳ барои онҳо на танҳо як мафҳуми сиёсист, балки як эҳсос, як ниёз, як орзуест, ки онро бо дасти худ нигоҳ медоранд.

   Имрӯз, вазифаи ҳар як шахси ватандӯст ин аст, ки на танҳо сулҳро нигоҳ дорад, худшиносиву худогоњиро фаромўш насозад, бахусус дар замоне, ки гирудорњо ба амният ва вањдати миллии мо тањдид мекунанд.  Мо бояд муҳити одилона, дастгирии рӯҳиву иқтисодӣ ва таваҷҷуҳи самимӣ фароҳам созем, то сулҳу њамдилии мо боз њам устувортар гардад.

 

      Олимзода Абдулло,

      муовини раиси ноҳияи Сангвор