Дар гӯши халқи мо ҳанӯз садои он суханони таърихии Президенти ҷавон, Эмомалӣ Раҳмон, садо медиҳад:
«То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ман ором намегирам!»
Ин суханон танҳо як шиор набуданд, балки қасам ва ваъдае ба мардум буданд, ки дар он рӯзҳои норӯшани ҷанг ягона шуълаи умед ба ҳисоб мерафтанд. Вақте ки мардум шикаста ва парешон буданд, вақте ки дили модар бо андешаи фарзанди гуреза пора буд, ин садо -ором, вале устувор, дили ҳазорҳоро дубора ба зиндагӣ пайваст.
Садои он суханон дар гӯши миллат монд, чун аз дили инсон баромада буд, на аз минбари сиёсӣ. Ва вақте ҳазорон гуреза дубора ба оғӯши Ватан баргаштанд, вақте ки Тоҷикистон зери парчами сулҳу ваҳдат зиндагии нав оғоз кард, мардум дарк кард: ин ваъда иҷро шуд, бо ҷонфидоӣ, сабр ва меҳри бепоёни ватандорӣ.
Ин сухан рамзи садоқати Пешвои миллат ба халқу кишвар аст. Он ба мо ёд дод, ки раҳбарӣ ба масъулият ва фидокорӣ вобаста аст. Ва имрӯзи осудагии мо, шодии кӯдакони хушлаҳн, рӯшноии осмони пур аз сулҳ, ҳама шоҳиди онанд, ки он ваъда дар амал татбиқ ёфт.
Садои он сухан имрӯз ҳам дар гӯши миллат боқист, чун садои ваҳдат, садои сулҳ, садои умед.
Олимзода Абдулло,
муовини раиси ноҳияи Сангвор