Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи ягона ва муассири сиёсӣ дар таърих ва вазъи имрӯзини давлатдорӣ нақши муҳим дорад, зеро ин ҳизб ҳамеша дар барқарорсозии давлати соҳибистиқлолу демократӣ ва рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Воеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи ягона ва муассири сиёсӣ дар таърих ва вазъи имрӯзини давлатдорӣ нақши муҳим дорад. Ин ҳизб бо фаъолияти пайваста ва ҷонноки худ ҳамеша саҳми арзандаашро дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол, рушди демократия ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа гузоштааст. Аъзоёни ҳизб бо риояи принсипҳои демократӣ ва садоқат ба Ватан, ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таъмин гардад ва зиндагии мардум беҳтар шавад. Бо таваҷҷуҳ ба дастовардҳои таърихӣ ва таълиму тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳамчун намунаи масъулиятшиносӣ ва созандагӣ барои дигар ташкилотҳо ва шаҳрвандон хизмат мекунад.

Ҳамин тавр, КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор  ҳамчун нерӯи созанда ва таҳкимдиҳандаи давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи мутамаддин пайваста дар таърихи давлат ва ҳаёти мардуми кишвар нақши муассир дорад. Дар пайи ин мо низ тасмим гирифтем, бо Темур Қурбонзода, раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор чанд саволеро радду бадал созем. Инак, мутаваҷеҳи суҳбати мо бошед!

-Кори асосии Кумитаи иҷроияи Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор аз чӣ иборат аст?  

-Шиори мо: “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон”.

Баҳри пешбурди суббот, ваҳдат ва рушди устувории ҷомеа дар ноҳия, Кумитаи иҷроия ҳамавақт талош меварзад, ки фазои сулҳу оромӣ фароҳам бошад ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия рушд кунанд. Фаъъолияти асосии Кумитаи иҷроияи ноҳия миёни мардум ташвиқу тарғиби сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва баланд бардоштани фаҳмиши сиёсии шаҳрвандон мебошад.

-Мақсади стратегӣ ва ҳадафҳои асосии ҳизб дар ноҳия кадоманд?

-Имрӯз ҷаҳон дар ҳоли пешравӣ қарор дорад, ва дар ин раванд бархӯрди фарҳангҳо ва тамаддунҳо, инчунин таъсири ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳонгароӣ ба фарҳангҳои миллӣ низ ба мушоҳида мерасад. Дар баробари ин, омили бегонапарастӣ дар байни ҷавонон ва таҳдидҳои дигари фарҳангӣ низ ба назар мерасанд. Ҳифз ва нигоҳдории фарҳангҳо ҳамчун дастоварди барҷастаи башарият аҳамияти хоса дорад ва яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеа ва давлат, инчунин ҲХДТ маҳсуб меёбанд.

Дар пасманзари пешравиҳои илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ мушоҳида мешавад, ки баъзе ҷанбаҳои фарҳангӣ дар ҳолати фишор ва буҳронӣ қарор доранд. Дар ҳамин замина, стратегияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор ба ҳадафи асосӣ соҳиб мешавад. Пешгирӣ аз ин тамоюлҳо дар байни ҷавонон ва равона сохтани онҳо ба сӯи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ. Ҳизб кӯшиш мекунад, ки ҷавононро дар рӯҳияи дӯст доштани Ватан ва эҳтиром ба фарҳанги худ ҷалб намояд, то онҳо ҳамчун нерӯи созанда ва масъулиятшиноси ҷомеа барои рушду шукуфоии кишвар саҳмгузор бошанд.

-Ҳизб дар ноҳия бештар ба кадом самтҳо диққат медиҳад?

 

-Бояд аввалан бигӯям, ки бо вуҷуди пешрафти ҷаҳонӣ дар заминаи тараққиёт ва истифодаи технологияҳо, ҳамоно як қатор мушкилоти ҳалталаб дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии инсонҳо ба вуҷуд омадаанд, ки дар ин пасманзара буҳрони фарҳангиро рушд додаанд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор, ҳамчун нерӯи сиёсӣ ва созанда дар ин раванд вазифаи муҳимро,  пешгирӣ аз ин тамоюлҳо дар байни ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи инсондустӣ, ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебинад. Ҳизб диққати махсусро ба рушди маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии насли нав равона намуда, онҳоро водор месозад, ки ҳамчун нерӯи созанда ва масъулиятшиноси ҷомеа саҳмгузор бошанд.

ӣ гуна фаъолияти ҳизб барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шудааст?

-Дар асоси шиори ҲХДТ, ки “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон”. мебошад, ҳамеша кӯшиш менамояд, ки мардуми  кишвар зиндагии шоиста дошта бошанд. ҲХДТ- ҳамчун ҳизби сиёсии ҳоким ва пешбарандаи  сиёсати давлатӣ ба таври мустақил ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шудааст, ки тибқи Барномаи ҳизб амалӣ карда мешавад.

-Дар кори ҳаррӯзаи ҳизб кадом масъалаҳо авлавият доранд?

-Дар кори ҳаррӯзаи Ҳизб, ки ҳамчун ҳизби ҳоким ва пешсафи сиёсӣ дар кишвар фаъолият мекунад, якчанд масъалаи аввалиндараҷа ҷой доранд. Инҳо пеш аз ҳама таҳкими суботу ваҳдат ва давлатдории миллӣ, пешбурди рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тарбияи шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, ҳамчунин таъмини амният ва тақвияти ҳукумати демократӣ мебошанд. Ҳизб бо фаъолият ва ташаббусҳои созандааш мекӯшад, ки барои рушди устувор ва шукуфоии кишвар шароити мусоид фароҳам орад ва ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандонро тақвият бахшад.

 -Чӣ гуна робитаи ҳизб бо сокинон ташкил шудааст?

- Робитаи ҳизб бо сокинон пеш аз ҳама тариқи Ташкилотҳои  илбтидоии ҳизбӣ, ки  дар ноҳия теъдоди онҳо ба 40 адад мерасанд ба роҳ монда шудааст. Дар асоси Оинномаи  ҲХДТ ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, соҳа дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкиливу  ҳуқуқиашон робитаро бо сокинон амалӣ менамояд.

-Дар ноҳия фаъолияти шумо ба кадом барномаҳои тарбиявӣ ва маърифати амалӣ мегардад?

-Кумитаи иҷроияи ноҳия дар давоми соли 2025 дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бахшҳои агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муҳоҷират, оид ба корҳои дин, танзими ҷашну маросимҳо, фарҳанг, шуъбаи кишоварзӣ ва комиссариати ҳарбӣ зиёда аз 40 суҳбату вохӯриҳоро бо сокинони ноҳия, бо усули “Деҳа ба деҳа” доир намудааст, ки мавзӯҳо пурра ба маърифатноккунии ҷомеа равона гардидаанд ва ҳамасола дар асоси нақша-чорабиниҳои муштарак чунин вохӯриҳо бо соиконон баргузор мешаванд. Инчунин кумитаи иҷроия дар алоҳидагӣ вобаста ба мавзӯҳои рӯзмарра бо сокинони касбу кори гуногун мизҳои мудаввар, конференсияҳо ва ҷамъомадҳоро баргузор менамояд.

-Барои пешравии ҷавонон дар ноҳия кадом корҳо анҷом ёфтаанд?

- Дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” фаъолият мекунад, ки бо кори назаррас ва мунтазам ба масъалаҳои ҷавонон ва рушди варзиш дар ноҳия равона мебошад. Ташкилот пайваста барои ҷавонон ва наврасон чорабиниҳои маърифативу тарбиявӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва варзишӣ доир намуда, ҳамчунин фаҳмондадиҳӣ ва тарбияи масъулиятшиносии шаҳрвандиро пеш мебарад.

-Фаъолияти ҳизб дар самти пешгирии падидаҳои манфӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ чӣ гуна роҳандозӣ шудааст?

-Мутаассифона, мафкураи нопоку пур аз хушунат ва ваҳшат ҳамоно ба мағзи ҷавонони осебпазир ва ноогоҳ ворид мегардад. Ин раванд одатан бо истифода аз сирри равонӣ, таъсиргузорӣ тавассути иттилооти таҳрифшуда ва ваъдаҳои дурӯғин амалӣ мешавад. Имрӯз бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва камтаҷриба дар майдони шабакаҳои иҷтимоӣ роҳгум задаанд. Онҳо иттилоот ва маълумоти худро на аз манбаъҳои боэътимоди расмӣ ва илмӣ, балки аз сомонаҳо ва саҳифаҳое мегиранд, ки сарчашмаи онҳо шубҳанок ва ҳадафашон ғаразнок мебошад.

Ин гуна манбаъҳо бо истифода аз муҳтавои таҳрифшуда, хабарҳои бардурӯғ ва таблиғоти ифротгароёна ҷаҳонбинии ҷавононро тағйир медиҳанд, онҳоро ба шубҳа меандозанд ва аз арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ дур месозанд. Ҳамин аст, ки ҳифз ва тарбияи дурусти насли нав бо маърифати сиёсӣ ва фарҳангии солим ва дастрасӣ ба иттилооти боэътимод аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷомеа ва давлат мегардад.

Дар ҳамин замина, КИ ҲХДТ дар ноҳия  барномаҳоро барои кор бо ҷавонон ва тарбияи идеологӣ роҳандозӣ мекунад. Бо ташкили чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ, сиёсӣ ва варзишӣ, фаҳмондадиҳӣ ва дастгирии ҷавонон, кӯшиш мекунад, ки онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арзишҳои миллӣ ва маърифати сиёсӣ тарбия ёбанд. Ҳадафи асосӣ ин аст, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва масъулиятшиноси ҷомеа бо ҷаҳонбинии солим ва эътимод ба манбаъҳои расмӣ ва ба ояндаи Ватан саҳмгузор бошанд.

-Сипос, барои суҳбат!

Наҳтутӣ Алиева