«Боиси ифтихор аст, ки даврони Истиқлол сабк, шева ва усули давлатдории миллати тоҷикро воқеият бахшид. Он тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва мудофиавиро дар бар мегирад. Мактаби давлатдории миллӣ усулан созмон ёфт. Бунёдгузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зарур аст, ки ин мактаб ба таври фарогир мавриди таҳқиқоти илмӣ, таҳлил, омӯзиш ва баҳрабардорӣ барои имрӯзу фардо қарор бигирад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Аристотел: давлат ва сиёсат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 4-5).
«Хиради азалӣ, интихоби ягона роҳи дурусти раванди сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, қобилияти бузурги ташкилотчигӣ, иродаи қавии сиёсӣ, кордонӣ, ҷавонмардӣ, қудрати дар атрофи худ сарҷамъ кардани қишрҳои гуногуни ҷомеа, сарфи назар аз ҷаҳонбинӣ ва манзалати иҷтимоӣ, ба як мақсад сафарбар карда тавонистани оммаи мардум аз омилҳои асосии обрӯ, эътироф, эътимод ва ба маҳбубияти умумимиллӣ сарфароз гаштани Раҳбар ва Пешвои миллати тоҷик мебошад. Дар ин вазъият, Пешвои миллат ва мардум дар якҷоягӣ ба қувваи бузурги умумихалқӣ мубаддал гаштаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 67).
«Асарҳои офаридаи Пешвои муаззами миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои Истиқлол» ва монанди инҳо, ки дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд, намунаҳои олии таҳлили паҳлуҳои ҳаётан муҳимми зиндагии миллати тоҷик дар тули ҳазорсолаҳо ва замони муосир мебошанд.
Асарҳои Пешвои миллат таҳқиқи ҳамаҷонибаи воқеият ва таҷрибаи таърихии ташаккулёбии миллати тоҷик, дастовард, мушкилот ва бурду бохтҳои онро дар гузашта ва даврони мо дар бар мегиранд. Дар паёмҳо, суханрониҳо, муколама бо мардум самтҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, минтақа ва ҷаҳон мавриди таҳлил, арзёбӣ, хулосабарорӣ ва раҳнамоӣ қарор гирифтаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 67).
«Таълимоти Пешвои миллат – таҳлили илмиву назариявии таҷрибаи таърихии миллати тоҷик ва ҷараёни амалии бунёди давлати миллии тоҷикон дар замони Истиқлол аз ниёзҳои воқеии иҷтимоии давлатдории мо барои имрӯз ва фардо аст.
Ҳангоми чунин таҳқиқ бори дигар муайян мегардад, ки чӣ гуна ин назария ва амалияи давлатдорӣ – ҳамчун ганҷинаи бебаҳо ва дастоварди таърихии мо – на танҳо хоси заковатмандии миллати тоҷик аст, аз таърихи илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ сарчашма мегирад, балки илм ва тамаддуни ҷаҳониро бо сифатҳои арзишманди худ ғанӣ мегардонад» (Ҳамон ҷо. – С. 68).
«Бар асари ҷанги хонумонсӯз, ки онро дӯсткушони душманпарвар бо сад маккорӣ ва ҷилваю ҳилагарӣ рӯйи кор оварданд ва имрӯз ҳам аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ надоранд, садҳо ҳазор хона вайрон, сағиру кабир ҳайрон, мардум саргардон шуданд. Сарвари давлат – сарвару сарпарасти бепарасторон гашт» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 299).
«Таҳлили сифатии фаъолони ба саҳнаи сиёсии солҳои навадуми асри гузашта воридшуда – яке аз фоҷиабортарин давраи таърихии миллати тоҷик, нишонгари он аст, ки бидуни чунин шахсияти бузурге мисли Эмомалӣ Раҳмон, расидани миллати парокандагашта ба сулҳу субот ва таъсисидавлати ягонаи соҳибистиқлол ва ба пайроҳаи рушд раҳнамун сохтани он, ғайриимкон буд» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 655).
«Ҳамзамон бо ин, мо ҷонибдори он ақида ҳастем, ки зуҳуроти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти фавқулодаи сиёсӣ дар таърихи миллати тоҷик, падидаи ғайриинтизор нест. Ӯ ифодакунандаи рушду камол, хираду андешаи таърихии миллати тоҷик дар роҳи Истиқлоли давлатӣ, маҳсули асрҳост, ки дар нақши ин абармарди сиёсат таҷассум ёфт. Эҳёгари ормону орзуҳои миллат дар ҳазораи ахир гашт» (Ҳамон ҷо. – С. 655).
«Насли охири асри ХХ ва оғози нимаи аввали асри ХХI мушоҳидачии фаъоли заҳматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати амалии давлатдорӣ – ташкил ва раҳбарии ҳукумат, пешбурди кори соҳаҳои ҳаётан муҳим ва тақдирсози сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, коркард ва роҳандозии соҳаҳои ҳаётан муҳимми давлатдорӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ, мудофиавӣ, илм, маориф ва фарҳанг мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 656).
«Нобиғагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки дар натиҷаи тадқиқи мавод ва таҷрибаи таърихӣ, махсусан, воқеияти талхи солҳои аввали мустақилият дар ҳаёти халқи тоҷик, муборизаҳои шадиди геополитикии муосир ва зарурати ҳаётии ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон, бо таълифи асар ва суханрониҳои андешамандонаи дар умқи фикр сайқалдида, консепсияи Истиқлоли давлатӣ, масъалаҳои хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро илман коркард ва ба ҳамватанон пешкаш кард» (Ҳамон ҷо. – С. 657).
«Эҷоди асарҳои илмӣ, ибрози мавқеи сиёсӣ дар шакли паём, баёния, суханронӣ, гуфтугӯи мустақим бо халқ аз ҷониби Сарвари давлат аввалин таҷриба дар таърихи давлатдории тоҷикон аст. Дар ин ҳуҷҷатҳо ва ибрози ақидаҳо муҳимтарин сабк, усул, роҳ ва воситаҳои давлатдорӣ, раҳбарии ҷомеа дар лаҳзаҳои мураккаб ва тақдирсози миллати тоҷик ифодаи худро ёфтаанд.
Ҳаётан зарур аст, ки барои наслҳои имрӯз ва оянда ин хирадсолорӣ ва оини давлатдории Пешвои миллат дар асоси методологияи илмӣ мавриди тадқиқ қарор бигирад. Чунин омӯзиш фарогири тамоми соҳаҳои давлатдорӣ – сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бошад»(С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019-с.62
«Ҷумҳурият», № 141-142 (25 257), 22 июли соли 2025