Рӯзи 25 июли соли 2025 дар ноҳияи Сангвор машқҳои мукаммали мудофиаи ҳудудӣ оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода баргузор гардиданд.

Баргузор намудани машқ тибқи банди 6-и Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши раиси Кумита аз 14 июли соли 2025, №189 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқи мукаммали мудофиаи ҳудудӣ дар ноҳияи Сангвор» амалӣ карда шуд.

Барои анҷоми машқҳо дар майдони варзишгоҳи марказии ноҳия тамоми сохторҳо  ҷалб гардиданд. Аз ҷумла, бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ноҳия, ҳайати роҳбарикунандаи ноҳия, комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, эвакуатсионӣ ва устуворгардонии иншоотҳои иқтисодӣ, зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии ноҳия оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти мудофиаи гражданӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доштанд.

Инчунин дар чорабинии мазкур  сокинони ноҳия аз ҳисоби захираҳои сафарбарӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои марбута фаъолона иштирок намуданд.

Муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ иштирокчиён, бахусус шахсоне, ки синнашон аз 55 боло аст, қадрдонӣ намуд ва таъкид дошт, ки иштироки фаъолонаи сокинон натиҷаи тарбияи дурусти волидайн ва масъулиятшиносии шаҳрвандон мебошад.

Ҳамчунин, аз номи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва сохторҳои марбута бо медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷониби комиссариати ҳарбӣ низ ба чанде аз иштирокчиён ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.

Раиси ноҳияи Сангвор, Давлатзода Маҳмадшоҳ Ӣайрат, баромад намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин машқҳо барои баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва муттаҳидии сокинон дар ҳолатҳои фавқулода аҳамияти калон дорад ва саҳми ҳар як сокин дар амният ва устувории ноҳия муҳим мебошад.

Дар ҷараёни машқҳо техникаҳои шахсӣ ва таҷҳизоти муассисаву ташкилотҳо ҷалб шуда, амалҳои амалӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ба намоиш гузошта шуданд.

Дар ин машқҳо ҳамчунин аз ободиву оромии Тоҷикистон соҳибистиқлол ёдоварӣ карда шуда, таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо саҳми мустақими сокинон ба ҳифзи ҳаёт, амният ва устувории кишвар мебошад.