Машварати августии омӯзгорон
Санаи 20 августи соли 2025, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, таҳти раёсати Раиси ноҳия муҳтарам Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат ва дигар намояндагони мақомоти қудратӣ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, роҳбарон ва омӯзгорони таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолони соҳаи маориф ва собиқадорони соҳаи илму маориф, машварати августии омӯзгорон баргузор гардид.
Дар оғоз, Раиси ноҳияи Сангвор муҳтарам Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, аз дастовардҳои омӯзгорону хонандагонро мавриди таҳлил қарор дода, ба фаъолияти омӯзгорон, корҳои илмӣ ва эҷодии хонандагон, инчунин дастовардҳои илмӣ-маърифатии муассисаҳои таълимии ноҳия баҳогузорӣ намуда, гуфтанд, ки маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таълим ва тарбияи насли наврасро ҳамчун ояндаи давлату миллат арзёбӣ карда, барои рушду пешрафти соҳаи маориф тамоми шароитҳоро фароҳам оварда истодаанд.
Ҳамчунин Раиси ноҳия бо ишора ба дастовардҳои соҳаи маориф дар соли таҳсили гузашта зикр намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, як қатор муассисаҳои нави таълимӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд, синфхонаҳои иловагӣ сохта шуданд ва бо таҷҳизоти таълимӣ таъмин гардиданд.
Дар идома ӯ аз омӯзгорон даъват ба амал овард, ки бо ҳисси баланди масъулият, меҳру муҳаббат ба фарзандон ва садоқат ба Ватан фаъолияти омӯзгориро идома диҳанд, зеро маҳз омӯзгор аст, ки дар қалби шогирд ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва худшиносии миллӣ мекорад.
Инчунин дар анҷоми ҳамоиш як қатор иштирокдорон, аз ҷумла раисони ҷамоатҳои деҳот, собиқадорони соҳаи илм ва маориф, омӯзгорони таҷрибадор баромад намуда, андешаҳои худро нисбат ба пешрафти соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва тақвияти пойгоҳи моддиву техникӣ иброз доштанд.
Онҳо зикр карданд, ки бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ шароити таҳсилу омӯзиш дар муассисаҳои таълимӣ сол то сол беҳтар гардида, барои омӯзгорон ва хонандагон имкониятҳои нав фароҳам меояд. Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки масъулияти асосӣ дар самти таълиму тарбияи насли наврас ба дӯши омӯзгорон вогузор мешавад, аз ин рӯ ҳар як омӯзгор бояд дар баробари фанни худ ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ низ аҳамияти ҷиддӣ диҳад.
Машварати августии омӯзгорон дар рӯҳияи ҳамкории созанда, баҳри татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф анҷом ёфт.
Дар охир аз тарафи Раиси ноҳия, Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Шуъбаи Маорифи ноҳия ба як қатор омӯзгорон туҳфаҳои хотирмон супорида шуд.
Туйчии Нурмуҳамад