Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо ихтиёриён – аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” тибқи нақша - чорабинии бахш дар доираи “Моҳвораи ҷавонон” таҳти унвони “Ҷавонон узви як оилаанд” аз Маркази будубоши “Меҳр”, ки аксарияти ҷавонони имконияташон маҳдуд  дар ин марказ фаро гирифта шудаанд, рӯзи 19 –уми май дидан намуда, бо онҳо аз наздик суҳбату вохӯрӣ гузарониданд. Ҳамзамон аз шароити зисту зиндангии эшон дар ин марказ аз наздик ошно гаштанд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ихтиёриён туҳфаҳои таъсиснамудаи бахши кор бо ҷавонон ва варзишро ба ин ҷавонони имконияташон маҳдуд тақдим намуда, бо ин иқдом ба онҳо таъкид намуданд, ки ҷавонон новобаста ба имконияташон узви як оилаанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ танҳо нестанд ва узви ҷомеа хоҳанд монд.