Соли 1992 бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули тарзи ҳаёти солим дар самти сиёсати ҷавонон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид, ки ин нишони возеҳи тавваҷҷуҳи хоссаи давлату ҳукумат ба табақаи фаъоли ҷомеаи имрӯза, яъне варзишгарону ҷавонони нерӯманд мебошад. Қабули  қонуни мазкур барои тарбияи насли замони нав заминаи ҳуқуқӣ ва шароити мусоиде фароҳам овард.

    Ҳамасола дар кишвари мо – Тоҷикистони азиз, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон баъди Истиқлолияти давлатӣ варзиш оммавӣ гардонида шуд ва дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар баҳри машқу тамрини ҷавонон толор ва майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуд, мусобиқаҳои варзишӣ дар риштаҳои гуногуни варзиш  баргузор мегардад, махсусан, баргузории гуштини миллӣ, ки  ҷавонон ба ин намуди варзиш шавқу рағбати зиёд доранд. Ин ҳама аз рушду нумӯи варзиш дар кишвар гувоҳӣ медиҳад.   Яке аз варзишгари  муваффақи кишвар дастпарвари мактаби варзишии ноҳия Додов Орифҷон мебошад. Додов Орифҷон Абдураҳимович 14 январи соли 1996 дар деҳаи Саридашти ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

    Солҳои 2003-2014 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и деҳаи Саридашти ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор таҳсил намудааст.

    Солҳои 2014-2019 донишҷуи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов, солҳои 2019-2022 донишҷуи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултаи ҳуқуқшиносӣ.

 Додов Орифҷон  аз овони наврасиаш ба гуштини миллӣ шавқу рағбати зиёд дошт. Пайваста кӯшиш ва машқу тамрин менамуд, то ин  ки дар ин намуди варзиш муваффақ гардад.Дар рушду нумуи фаъолияти варзишии Додов Орифҷон саҳми мурабиёни соҳаи варзиш Эшонов Ҷумъабек ва Олимов Абдусатор назаррас мебошад. Натиҷаи ҳамин заҳматҳову машқу тамринҳояш буд, ки чандин маротиба дар мусобиқаҳои ин намуди варзиш сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст. Аз ҷумла ҳангоми таҳсил дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ӯ дар мусобиқаҳои гуногун иштирок намуда, бо ҳунари волои хеш худро дар байни мухлисонаш муаррифӣ намуд. Аз ҷумла соли 2016 дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаи гӯштини самбо, ки дар шаҳри Кӯлоб шуда гузашт, иштирок намуда, унвони чемпиониро ба даст овард. 14-уми сентябри соли 2016 бошад дар мусобиқаи гӯштини миллӣ баҳри ба даст овардани «Шоҳҷоиза», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда буд, баромад намуда, сазовори ҷойи дуввум ва медали нуқраи мусобиқот гашт. 23-юми марти соли 2017 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ дар вазни 65 кг баромад намуда, мақоми аввал ва унвони «Устоди варзиш»-ро касб намуд. Солҳои 2017-2018 барандаи ҷоми Пойтахт, соли 2018 иштирокчии бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ҷаккартаи Ҷумҳурии Индонезия оид ба гӯштини кураш, соли 2020 сазовори шоҳҷоиза дар ноҳияи Ёвон, соли 2021 ғолиби ҷоми Наврӯз ва барандаи «Шоҳҷоиза»  автомашина дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, чемпиони бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ. Моҳи июни соли 2021 бахшида ба 24-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе ғолиби мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ дар вазни 65 киллограмм гашта, медали тилло ва «Шоҳҷоиза» - автомашина тамғаи хориҷиро соҳиб гардид. Ӯ дар рақобати ниҳои бо ҳарифи таҷрибадор чемпиони ҷаҳон, ки дар радабандии ҷаҳон дар рақами 1 мебошад, санаи 17-18 декабри соли ҷорӣ дар шаҳр Хуҷанди вилояти Суғд дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ рақобат намуда, сазовори “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардид.  Ӯ дорандаи беш аз 50 медал буда, узви мунтахаби дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаи гӯштини миллӣ, ҷудо ва  устоди варзиш аз рӯи гӯштини миллӣ мебошад.           

            Дар баробари Додов Орифҷон варзишгарони дигари мо аз рӯи варзиши сабук Ғаффоров Ҳасан, Одинаев Меҳроб, Шерзода Дилноза, Каримзода Аҳкомиддин ва Давлатзода Давлатманд шарафу номи ноҳияро дар чандин мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуривӣ ва берун аз он баланд бардоштаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии кулли мардуми ноҳия гардидаанд.

           Аз мулоқотҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар хулоса баровардан мумкин аст, ки Сарвари давлат ба насли ҷавон таваҷҷӯҳи хосса дошта, ба нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷавонон боварии комил доранд. Дар шароити имрӯза дар назди ҷавонон вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ аҳамияти калонеро доро мебошанд ва барои ҷалби бештари ҷавонон ба ҷараёни бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд нақши муҳим доранд.

        Бори дигар Додов Орифҷонро мо барои ин ғолибият самимона табрик намуда, барояш саломатӣ, сарбаландӣ, рӯзгори босаодат  ва дар ҷодаи варзиш муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем. Ғолибият муборак!