Дар ноҳияи Сангвор тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2022, №24/10-68, рӯзи 23 декабри соли 2022 паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тариқи шабакаҳои телевизионӣ дастҷамъона дар толорҳои ташкилоту муассисаҳо, дар толорҳои ҷамоатҳои деҳот бо иштироки ҳайати кормандон, шунида шуд.
Дар маркази ноҳия дар 5 толори ташкилоту муассисаҳо, дар ҷамоатҳои деҳот дар толорҳои ҷамоати деҳот шароит муҳайё карда шуд. Суруди миллӣ дар аввал ва анҷоми маҷлис аз ҷониби иштирокчиён сароида шуд.