Дар доираи чорабиниҳои “Моҳвораи Ҷавонон” бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахши ҷавонон дар давоми моҳи май як қатор ҳашару шанбегиҳо баҳри пешрафту ободонии ноҳия гузаронида шуданд. Аз ҷумла, тозаю озода гардонидани кӯчаю роҳравҳои маркази ноҳия, шинонидани гулу гулбуттаҳо ва ниҳолҳои сояафкан дар назди ташкилоту идора ва муассисаҳои таълимӣ.
Имрӯзҳо, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони бинои истиқоматии майори Қушунҳои сарҳадӣ Исмонзода Абдулло, ки дар муноқишаҳои сарҳадӣ аз як пои худ маҳрум гаштааст, оғоз гаштааст, ҷавонон ва ихитиёриёни бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия низ дар баробари дигар ташкилоту муассисаҳо дар ин ҳашари дастҷамъона фаъолона иштирок намуда, саҳми худро баҳри кумаку дастгирии ин ҷавони фидокори Ватан гузошта истодаанд.
Ҳамзамон бахши мазкур ва ихтиёриёни он пайваста ба аёдати ӯ рафта, аз ҳолу зиндагии рӯзмарааш бохабар мегарданд