Дар асоси амри раиси ноҳия аз 2.05.2023 таҳти № 77 ва ташаббуси мудири бахши занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Исмонова Назокат ва мудири бахши САҲШ (Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ) Нордонаева Мижгона бахшида ба Рӯзи оила дар толори Қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади идона доир гашт, ки дар ин ҷамъомад оилаҳои намунавӣ ва оилаҳои ҷавон даъват шуда буданд.
Сараввал ҷамъомадро ровии ин маҳфил Бахтиёр Фақиров кушода, баҳри расонидани паёми табрикии раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат суханро ба муовини раис Олимзода Абдулло Назрӣ дод. Мавсуф баромад намуда, кулли мардуми ноҳия ва дар симои онҳо тамоми оилаҳои кишварро ба ин рӯзи саид - Рӯзи оила табрику таҳният гуфта, барои тамоми оилаҳои кишвар ва ноҳия пеш аз ҳама якдигарфаҳмӣ , муҳаббат ва садоқатро таманно намуд. Баъдан, барандаи маҳфил он оилаҳои намувии ноҳияро, ки даъват гашта буданд, ба аҳли толор муаррифӣ намуда, аз даричаи зиндагии эшон хирвореро (шаммае зиндагии эшонро) ба самъи мардум расонид.
Дар ҳузури муовини раиси ноҳия Бафозода Садорат Ҳусейн ва мудири бахши кор бо занон ва оила Назокат Исмонова тӯҳфаҳои таъсиснамудаи бахши САҲШ- ро ба се ҷуфт оилаҳои намунавӣ дода шуданд. Аз ҷумла яке аз ин оилаҳои намунавӣ Раҷабов Мирзохудоӣ ва ҳамсараш Гулмирзоева Мевагул ба шумор мераванд. Ҳамзамон ба ду ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ду тифлаки навтаваллуд шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳои молӣ супорида шуд.
Дар анҷом ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи идонаи консертии хеш табъи ҳозиринро болида гардониданд.