Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия дар таърихи 8 - 9 – уми майи соли ҷорӣ дар қисми низомии 02 011 “В” Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозони ин қисми низомӣ дар доираи силсилачорабиниҳои “Моҳвораи ҷавонон” ва 78 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба суҳбату вохӯриҳо гузаронида, эшонро ба муносибати Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, оиди сиёсати хирадмандонаи сарвари кишвар, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маърӯзаҳо намуданд.
Ҳамзамон, аз тарафи муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш силсилачорабиниҳои варзишӣ ба роҳ монда шуда буд, ки дар натиҷа ғолибони ин силсила чорабиниҳо бо туҳфаҳои молӣ ва Ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.
Ин чорабинӣ дар қисми низомӣ дар як сати хуб гузаронида шуд, ки хурсандии сарбозонро ҳадду канор набуд.