Озмуни Ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!», ки аз соли 2019  инҷониб дар ҳудуди ҷумҳурӣ баргузор гардида истодааст, баҳри баланд  бардоштани савияи дониши шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон  яке аз иқдомҳои наҷибонаи Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Озмуни мазкур аз рӯи шаш наминатсия новобаста аз синну сол дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

     

      Санаи   11  ва 12 уми майии соли равон    дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор низ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “ Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” бо иштироки дӯстдорони илму дониш ва ғолибони даври аввали  ин озмун гузаронида шуд.

      Даври ноҳиявии озмуни мазкурро шахсони зерин ҳакамӣ намуданд: намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳабибзода Манучеҳр, муовини раиси ноҳия - Олимзода Абдулло Назрӣ, мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Раҳмонов Шодӣ, мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳо - Қандова Гулнора,  мудири шуъбаи маориф - Солиҳзода Рухшона ва  мудири бахши кор бо занон ва оила - Назокат Исмонова.

     Дар ин озмун 147 нафар довталабон  аз рӯи 6  номинатсия иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро дар назди аъзои ҳакамон ва иштирокчиёни ин озмун нишон  додаю санҷиданд. Дар ин озмун новобаста ба синну сол аз тарбиятгирандагони Кӯдакистон то шахсони калонсол иштирок доштанд.

        Дар натиҷа бо машварати аъзои ҳакамон  29 нафар иштирокчиёни беҳтарин бо мутолиа ва ҳифз намудани китобҳои бештар ва њифзи ғазалу қасидаҳо  нисбати довталабони дигар тавонистанд ба даври минтақавии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!» роҳхат бигиранд.

       Озмун ба таври шаффоф ва дар доираи риояи шартҳои озмун гузаронида шуд. Довталабон тавонистанд озодона фикру андешаҳои худро баён намоянд. Кулли иштирокчиёни ин озмун ва 29 нафаре, ки ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтаанд, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маориф бо Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои молӣ сарфароз гардонида шуданд.

     Умедворем, ки ғолибон дар даври минтақавии озмуни Ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!» иштирок намудаву бо сазовор гаштани ҷойҳои намоён ноҳияамонро дар байни дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар муаррифӣ хоҳанд кард. Барояшон муваффақиятҳо таманно дорем!