18-уми сентябри соли 2025 дар ноҳияи Сангвор, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, як силсила вохӯриҳо таҳти унвони “Ҳифзи дастовардҳои Истиқлол дар раванди ҷаҳонишавӣ” баргузор гардиданд. Дар ин мулоқотҳо сокинону фаъолони ноҳия, иштирок намуданд.
Мулоқотро Раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аз муҳиммияти ҳифзи дастовардҳои Истиқлол дар шароити муосир ва таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ёдовар шуд. “Имрӯз, дар марҳалаи рушди босуръати ҷомеаи мо, нигоҳ доштани дастовардҳои Истиқлол вазифаи муқаддаси ҳар як фарди кишвар мебошад. Ҷаҳонишавӣ бо тамоми имконот ва мушкилоташ ба мо имкон медиҳад, ки таҷрибаҳои навро омӯхта, ҳамзамон зарурати ҳифзи арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои фарҳангии худро эҳсос намоем.
Баъдан риштаи суханро ба Рудобаи Мукаррам, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва номзади илмҳои филологӣ, дод. Мавсуф, дар суханронии худ аз арзишҳои миллӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванди бедордил дар роҳи ҳифзи Истиқлол ва давлатдории миллӣ изҳори назар намуда, идома дод, ки: "Имрӯзҳо раванди ҷаҳонишавӣ бо тамоми ҷанбаҳои мусбат ва манфии худ ба ҳама кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистони мо, таъсир мерасонад. Ҳадафи мо ин аст, ки дар ин раванд шахсияти миллӣ, фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолро ҳифз ва таҳким бахшем.
Мо бояд ба насли ҷавон тафаккури созанда, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ омӯзонем. Танҳо ҷомеаи дорои ваҳдати фикрӣ, иттиҳоди сиёсӣ ва ахлоқи баланди шаҳрвандӣ метавонад дар шароити ҷаҳони муосир мавқеи худро нигоҳ дорад.
Ҳаракати ваҳдати миллӣ ҳамчун пойгоҳ кӯшиш мекунад, ки дар ҳама гӯшаву канори кишвар, бо ҷалби васеи мардум, хусусан ҷавонон, тафаккури ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои Истиқлолро густариш диҳад.
Мо бояд бо тафаккури нав, вале бо такя ба таҷрибаи таърихӣ, арзишҳои милливу фарҳангии хешро аз асорату фаромӯшӣ эмин дорем."Суханронии пурмуҳтавои Рудобаи Мукаррам бо истиқболи гарми ҳозирин идома ёфт.
Сипас, Рустам Мирзозода, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ибрози андеша карда, таъкид дошт, ки: “Истиқлол пояи асосии давлатдории муосир ва кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад. Мо бояд дар ҳама сатҳҳо барои тақвияти низоми ҳуқуқӣ ва таъмини адолат саҳми муассир гузорем. Дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки таҳдиду хатарҳои нав пайдо мешаванд, афзоиши маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ нақши муҳим дорад. Ҳифзи дастовардҳои Истиқлол танҳо тавассути риояи қонун ва муттаҳидии ҷомеа амалӣ мегардад.
Инчунин дар зимн гуфт, ки Суди Олии Тоҷикистон барои таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон аз ҳама имконот истифода мебарад ва дар ин самт бо тамоми сохторҳои давлатӣ ҳамкорӣ мекунад. Ва таъкид намуд, ки мо бояд бо эътимод ва масъулият нисбати ҳар як қонуни қабулшуда муносибат кунем ва барои ҳифзи истиқлол ва суботи ҷомеа ҳамеша омода бошем.”
Меҳмонони олиқадр нисфирӯзии ҳамон рӯз, мулоқоти дигареро дар толори ҷамоати деҳоти Вахиё баргузор намуданд. Барнома бо сохтор ва муҳтавои яксон идома ёфта, иштирокчиён аз паёмҳои роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ баҳравар гардиданд.
Рӯзи 19-уми сентябр, вохӯрии ниҳоӣ дар қисми ҳарбии воқеъ дар ҳудуди ноҳия дар назар аст.
Нурзода Туйчӣ