«Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст».
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
34 сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр мебошад. Дар фазои Ватани азизамон хуршеди Истиқлол нурафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад.
Ҳар гоҳ сухан аз Истиқлоли давлатӣ ё миллат меравад, мо бояд ёдовар шавем, ки ҳадафи асосии талоши ҳар як халқ барои озодӣ, таъсиси давлати миллӣ ва истифодаи мустақилонаи корҳои давлатдорӣ мебошад. Истиқлол ба мо имконият медиҳад, ки сохтори давлатдорӣ, фарҳанг, иқтисод ва тарбияро ба таври мустақилона инкишоф диҳем, ормонҳои таърихиро амалӣ созем ва Тоҷикистони ободу шукуфон бунёд намоем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ миллати мо ба дастовардҳои назаррас дар ҳама соҳаҳо ноил шудааст. Истиқлол барои ҳар фарди кишвар озодӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро таъмин мекунад. Мо бояд ҳар рӯз ба қадри ин неъмат бирасем, онро ҳифз намоем ва барои пешрафти Ватан саъй кунем.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ чунин гуфтааст: «Маҳз ба шарофати талошу кӯшиш барои истиқлол, озодӣ ва пешрафти мо тавонистаанд, ки ҳанӯз дар асри даҳум, яъне ҳазору сад сол муқаддам давлати миллии мутамарказ ва дорои ҳамаи аркони зарурии давлатдориро ташкил диҳанд, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ бо номи давлати Сомониён шуҳрат ёфтааст». «Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст».
Баъди ба даст овардани истиқлол дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд. Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба қатори он санадҳои муҳимтарине дохил мешавад, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мо мавқеи махсуси худро доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамеша дар паёмҳо, мулоқотҳо ва суханрониҳояшон масъалаи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани онҳоро ба миён мегузоранд, ки мояи сарафрозии мо, занон аст. Фаъолияти пурсамари занон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва доктору профессорон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам ин ҳама аз файзу баракати истиқлол буда , самараҳои нек ба бор оварда истодааст.
Тамоми дастовардҳои имрузаи ноҳияи Сангвор маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ густариш ёфта истодааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки солҳои пеш дар ноҳия ҳамагӣ ду нафар зан бо маълумоти олӣ фаъолият дошту халос. Айни ҳол, зиёда аз 400 нафар бонувон соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд.
Шумораи умумии аҳолии ноҳия дар шашмоҳи соли 2025, 25 524 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 12 511 нафарашон занон мебошанд. Занони қобили меҳнат 6112 нафар, занони роҳбарикунанда 29 нафар, 19 нафар зан дар хизматчии давлатӣ, 215 нафар дар соҳаи маориф, 142 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 22 нафар соҳаи фарҳанг, 4 нафар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 13 нафар вакилони ноҳиявӣ, 19 нафар вакилони ҷамоатӣ, 20 нафар гирандагони гранти Президентӣ, 82 нафар занон роҳбари хоҷагии деҳқонӣ, 18 нафар занони соҳибкорро ташкил медиҳанд.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар замони истиқлол бо ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, ҳифзи ҳуқуқу озодии занон ва баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, ҷавондухтарони ноҳияи Сангвор имконият пайдо намуданд, ки тибқи квотаи президентӣ аз соли 1997 то инҷониб 306 нафар соҳиб маълумот гашта, 248 нафар донишгоҳу донишкадаҳоро хатм намуда, дар ташкилоту муассисаҳо кору фаъолият доранд. Имсол, 58 нафар духтарон айни замон дар муассисаҳои олӣ таҳсил менамоянд, боварӣ дорам, ки онҳо оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос ба ноҳия баргашта, дар рушду нумӯи ноҳия саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Айни ҳол дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои ҷумҳури 112 нафар духтарон рӯзона ва 38 нафар ғоибона таҳсил доранд.
Имсол аз шумораи 349 нафар хатмкунанда 141 нафарашон духтарон мебошанд, ки 67 нафар тибқи маркази миллии тестӣ ва 10 нафар тибқи квотаи президентӣ дохил шудаанд, ки ин 55 фоизро ташкил медиҳад.
Аз соли 2024 дар ноҳияи Филиали Муассисаи таълимии “Колеҷи тиббӣ-инноватсионии ноҳияи Панҷ” фаъолият дорад, ки дар он зиёда аз 30 нафар духтарон дар омӯзишгоҳи тиббӣ ва 20 нафар духтарон дар колеҷи омӯзгорӣ таҳсил доранд.
Солҳои охир аз ҳисоби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Литсейи касбӣ - техникӣ зиёда аз 200 нафар духтарон ҳунарҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ ва сӯзаниро аз худ намуда, ба меҳнати хонагӣ сафарбар гардидаанд.
Мо бонувони ноҳияи Сангвор шукронаи тинҷиву амонӣ, шукронаи сулҳу ваҳдат, шукронаи сарвари давлатро мекунем, чунки пайваста нисбати занон ғамхорӣ зоҳир намуда, тамоми заминаҳои хуби фаъолиятро муҳаё кардаанд. Мо занон ҷавобан ба ғамхориҳои Ҷаноби Олӣ бо як руҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ифтихор ба арзишҳои миллӣ кору фаъолият намуда, дар амалӣ гардидани дустуру ҳидоятҳои созандаю бунёдкорона ва барои ободии ноҳия ва Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи худро мегузорем.
Назокат Исмонова,
мудири шуъбаи кор бо занон
ва оилаи назди МИҲД-и н. Сангвор