Қувваи барқ яке аз муҳимтарин неъматҳоест, ки дар шароити муосир зиндагии инсонро бидуни он тасаввур кардан амри маҳол аст. Аз рӯшноӣ то гармидиҳӣ, аз саноат то муассисаҳои мухталиф,  мустақиман ба нерӯи барқ вобастагӣ доранд. Аз ин рӯ, истифодаи сарфакорона ва қонунии қувваи барқ на танҳо як амали хуб, балки вазифаи шаҳрвандии ҳар як шахс мебошад.

Аммо, мутаасифона тайи солҳои охир мушоҳида мешавад,  ба ҷои он ки зумрае қувваи барқро сарфакорона истифода баранд, баръакс онро беҳуда талафот дода, ба хотири манфиати  хеш ба амали ғайриқонунӣ даст мезананд.  Ҳатто, асбобҳои барқиро баъзан хомӯш намекунанд. Гузоштани телевизор ё чароғҳо дар ҳолати фурӯзон бе зарурат, онҳоро нигарон намекунад. Бар зами ин,  истифодабарии ғайриқонунӣ, бо роҳҳои пинҳонӣ, бе ҳисобкунакҳо ё бо дасткорӣ кардани ҳисобкунакҳо, дуздии қувваи барқ, инчунин тасарруфи маблағҳои соҳа ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст.

Ин гуна беэътиноиву беэҳтиромиҳо  боиси зарар дидани низоми энергетикӣ, баланд шудани арзиши истеҳсоли барқ ва фишор ба дигар истифодабарандагон гардид.

Дар робита ба ин, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 апрели соли 2025 ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардида, ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ барои чунин кирдорҳо пурзӯр карда шудааст.

Новобаста аз чораҳои андешидашуда вазъ дар ин самт нигаронкунанда боқӣ монда, ислоҳи он дар қатори  татбиқи чораҳои  таъқиби ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати аҳолиро оид ба истифодабарии  нерӯи барқ талаб менамояд.

Дуздии барқ,  бозӣ бо ояндаи худ аст

Бори дигар ёдрас мешавем, ки бо барқ одилона бояд муносибат кард, қонунгузорӣ инро тақозо мекунад. Қонунгузорӣ барои кирдорҳои ғайриқонунӣ  ҷазоҳои мушаххасро муқаррар кардааст.

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 382 чунин муқаррар мекунад:

Риоя накардани талаботи қонунӣ ҳангоми истифодаи барқ, аз ҷумла:

-истифодаи нерӯи барқ бидуни пайвастшавӣ ба ҳисобкунак;

-худсарона пайваст шудан ба шабакаҳо;

-кандан ё шикастани пломбаҳои ҳисобкунак;

-дахолат ба ҳисобкунак ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади пардохт накардани маблағи барқ (ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят), бо чунин ҷаримаҳо ҷазо дода мешавад:

Аз 1500 то 2250 сомонӣ барои шахсони воқеӣ (аз бист то сӣ нишондиҳанда)

Аз 2250 то 3750 сомонӣ барои шахсони мансабдор( аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда)

Аз 15 000 то 22 500 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ (аз дусад то сесад нишондиҳанда)

Эзоҳ: Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо - 75 сомониро ташкил медиҳад.

Вале агар шахс пас аз ҷарима боз ҳам ин кирдорро такрор кунад, ин амали ӯ дигар танҳо вайронкунии маъмурӣ набуда, ҶИНОЯТ ҳисобида мешавад.

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Моддаи 253¹ чунин ҷазоҳоро пешбинӣ мекунад:

Қисми 1 – дахолат ба ҳисобкунак ва тағйир додани нишондод бо мақсади напардохтани маблағи барқ, агар шахс аллакай як маротиба барои чунин амали маъмурӣ ҷазо гирифта бошад:

-Ҷарима аз 27 350 то 41 025 сомонӣ

ё

-Маҳрум сохтан аз озодӣ то 3 сол

Қисми 2 – агар кирдор бо мақсади ғаразнок, дар ҳаҷми калон, бо маслиҳати пешакӣ, ё бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад:

-Ҷарима аз 60 000 то 90 000 сомонӣ

 ё

Маҳбас  аз 3 то 6 сол бо маҳрум шудан аз ҳуқуқи мансабдорӣ

Қисми 3 – агар кирдор ба миқдори хусусан калон, ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шавад:

-Маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 10 сол

Дар анҷом метавон инро тазаккур дод, ки шахси қонуншинос ва ватандӯст бояд дарк кунад, ки барқ амволи шахсӣ нест, ин моли  давлатӣ ва ҷамъиятӣ аст. Сарфакорӣ ва риояи қонун танҳо вазифаи корманди энергетикӣ нест,  масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Ғайриқонунии истифодаи неруи барқ метавонад,  солҳо пушаймонӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар пай дошта бошад...

Пас, худро эҳтиром ва барқро сарфакорона истифода бубар!

 Собирзода Акобир, ёрдамчии калони прокурори н. Сангвор,

  ҳуқуқшиноси дараҷаи 2