ИН КУРС ТО КУҶО МЕТАВОНАД БАРОИ БЕҲБУДИИ НАШРИЯҲОИ МАҲАЛЛӢ КӮМАК РАСОНАД?
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” аз 15 то 19-уми сентябри соли 2025 курси махсуси омӯзишӣ таҳти унвони “Нашрияҳои маҳаллӣ: Роҳҳои ҷолибсозӣ ва рақобатпазирии онҳо” барои сармуҳаррирони нашрияҳои маҳаллӣ баргузор гардида истодааст. Ин курсро рӯзноманигори маъруф ва Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Зиннатулло Исмоилзода роҳбарӣ мекунад.
Мавзӯи асосии омӯзиш, баланд бардоштани сатҳи касбии сармуҳаррирон, таҳкими нақши нашрияҳои маҳаллӣ дар ҷомеа ва ҷустуҷӯи роҳҳои баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар шароити муосир мебошад.
Дар ҷараёни курс масъалаҳои муҳиме чун:
-нақши нашрияҳои маҳаллӣ дар оинаи зиндагӣ ва ташаккули афкори умум,
- мушкилоти норасоии мутахассисони баландихтисос,
- болоравии таваҷҷуҳ ба шабакаҳои иҷтимоӣ,
-мушкилоти паҳннамоӣ ва дастрасӣ ба хонанда,
-камфаъолиятии нашрияҳо дар муҳити рақамӣ,
-ҳамгироии нашрияҳои чопӣ ва онлайнӣ,
мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, иштирокчиён дар бораи мушкилоти сохтории нашрияҳои маҳаллӣ, мисли барҳам хӯрдани шуъбаҳои соҳавӣ, паст рафтани сифати таҳлили мавод, кам шудани робитаи мустақим бо хонандагон ва синну соли баланди кормандони эҷодӣ мубоҳиса намуданд.
Зикр шуд, ки дар шароити кунунӣ тақозо ба ВАО-и анъанавӣ коҳиш меёбад, аммо барои гуруҳи муайяни ҷомеа нашрияҳои чопӣ ҳанӯз аҳамияти хос доранд. Аз ин рӯ, тавсия дода шуд, ки гибридсозии муҳтаво - мутобиқсозии нашрияҳои чопӣ ва рақамӣ, бо дарназардошти талаботи гуруҳҳои гуногуни хонандагон, бояд самти асосии рушди оянда бошад.
Инчунин Зиннатулло Исмоилзода гуфт, ки дурнамои нашрияҳоро бояд аз имруз тарҳрезӣ кард, махсусан дар шароите, ки рақобат хеле шадид ва пурзӯр аст. Ӯ таъкид намуд, ки дигар бо чанд маводи обшуста ва нигоҳҳои даргиреҳмонда нашрияро ҷолиб кардан имконнопазир аст ва барои давом додани фаъолият ва муваффақ шудан дар ин муҳит зарур аст, ки ба навоварӣ, мазмуни фарогир ва пешниҳоди воқеан арзишманд диққати махсус дода шавад.
Наҳтутӣ Алиева, рӯзноманигор