-Истифодаи ғаразнок ва ғайривоқеии далелҳои динӣ...

-Роҳҳандозии миллиардҳо доллар аз сӯи кишварҳои абарқудрат барои даст ба амалҳои ҷиноятӣ задани аксари ҷавонони ноогоҳ...

Ифротгароӣ имрӯз яке аз падидаҳои хатарноки ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Ин падида худ ба худ зуҳур накардааст. Инро абарқудратон ба хотири манфиати хеш ва сарнагун кардани сохти давлатдории дигар кишварҳои кӯчак тарҳрезиву роҳандозӣ кардаанд. Ва сафи ин гурӯҳҳоро аз ҷавонони осебпазир пур мекунанд. Иддае ҷавононро бо ҳар роҳу восита мағзшӯӣ карда, на танҳо ба ин гурӯҳҳо шомил кардаву бар зидди давлати хеш истифода мебаранд, балки,  ҳатто чун қотили модару хоҳари хеш омода месозанд.

Оёти қуръониро таҳриф мекунанд, то ҷавононро ба дом кашанд...

Зимни суҳбат  Наҷмиддин Салимов, таҳлилгари масоили сиёсӣ,  корманди Маркази исломшиносии назди Президенти кишвар ба мо гуфт, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифодаи муғризонаи дини мубини ислом ва таҳрифи оёти қуръонӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба эътиқоди динии аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсири манфӣ расонида, ақидаҳои  ифротгароёнаи динии хешро  болои онҳо таҳмил созанд. Ифротгароӣ ва экстремизми динӣ,  яке аз шаклҳои ифротгароӣ буда, шахси ифротӣ, ки ба хурофоти динӣ гирифтор шудааст ва нисбати дини ислом маълумоти саҳеҳ надорад, ба он пойбанд мешавад.  Ин гуна ашхосро ҷалб намудан ба амалҳои экстремистӣ хеле кори саҳлу осон мебошад. Зеро,  ин тоифа зудбовар буда, қобилияти таҳлили дурустӣ амали хешро надоранд ва  зуд аъзои ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрави динӣ мегарданд. Амалиёти террористӣ дар баъзе давлатҳо аз ҷониби ҷонибдорону аъзоёни  ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ содир шуда, нишонаи муваффақиятҳои онҳо дар ин ҷода мебошанд.

Барои ду тангаи сиёҳ ватану виҷдонро мефурӯшанд...

Дар паси ҳамаи ин корҳои ваҳшиёна ташкилотҳои экстремистии динӣ - давлатҳои абарқудрат истодаанд. Ҳатто бидуни зикри ном давлатҳое  ҳастанд, ки дар он ҷо махсусан нисбати Тоҷикистон, ҳатто институти Тоҷикистонро меомӯзанд. Агарчӣ 70 фоизи кишвари моро ҷавонон ташкил мекунанд, на ҳамаи ин ҷавонон маърифату дониши дурусти динӣ доранд. Барои ҳамин бо ҳар роҳу восита, фиреб ва мағзшӯӣ кардани онҳо корест хеле содда. Онҳо ба қавле худфурӯшоне ҳастанд, ки   барои ду тангаи сиёҳ  Ватану виҷдонро  мефурӯшанд. Мисоли оддӣ,  ҳамон аҳдидҳое, ки яке аз “қумандонҳо”-и Афғонистон,  Абдулҳамиди Хуросонӣ боре ба ҷониби Тоҷикистон  таҳдид карда буд. Ва баъдан  боз аз Пешвои миллати мо ва халқи тоҷик бахшиш пурсид. Дар ҳамон бахшишпурсиаш гуфт, ки маро бо маълумоти  нодуруст, махсус аз Тоҷикистон  роҳгум карданд.  Яъне инҳо ҳамон нафарони ношукре ҳастанд, ки  дидаву дониста ба пешравии  ҷомеаи мо монеа эҷод кардан мехоҳанд.  Баҳри ҳадафҳои нопоки хеш маълумоти  нодурустро ба душманону хоҷагонашон расонида,  ба таври худ “ҷиҳод” эълон карданӣ мешаванд.

Чаро китоби осмонӣқуръонро нодуруст тарҷума мекунанд?

Н.Салимов дар идомаи суҳбат ибрози андеша кард, ки  мувофиқи маълумоти ба дасти онҳо расида, роҳбарияти он гурӯҳҳои ифротӣ тарҳеро роҳандозӣ карданд, ки бояд  ба ҷавонони гумроҳу осебпазир бо китоби мукаддаси осмонӣ корбарӣ намоянд, зеро онҳо қуръонро намефаҳманд, азбаски хурофотзадаанд,  зуд  ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд.

Аз ин истифода бурда, бисёр ташкилотҳо бо тарҷумаи нодурусти қуръон мехоҳанд ҳадафҳои  нопоки худро дар ин  ҷода, яъне баҳри расидан  ба нақшаҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат,   ва  тарҳрезӣ шудани нақшаҳои онҳо  амалӣ созанд.

Мусоҳибамон дар зимн гуфт, ки: -як мисоли оддӣ меорам,  қаблан, як мавод ба дастам расид,  то онро таҳлил кунам. Як писари 14-15 сола, ки волидонаш аз аҳли зиё ҳастанд ва дар яке аз Донишгоҳҳои бонуфузи кишварамон ҳамчун устод ба донишҷӯён дарс медиҳанд,  байъат карда,  ба давлати исломӣ даъват намудааст, ки “Мехоҳам,  маро бо яроқ  ва модаҳои тарканда таъмин кунед, дар ҷойҳои серодам дар Тоҷикистон  таркиш ба вуҷуд орам.”

Тасаввур кунед, ки дар он таркиш шояд фарзандону назхдикон ва дӯстони ману шумо бошанд, ва миллати тоҷик, ки  ки осеб мебинанд. Падару модар ва ё хоҳару бародари  ҳамин ҷавон ҳастанд.  Ин гӯна ҷавонон  мағзшӯӣ шудаанд,  онҳо ҳатто чӣ гуфтану чӣ кор карданашонро намедонанд. 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вақте соли 2010-ум супориш дод, то  он ҷавонони тоҷикро, ки  дар хориҷи кишвар таҳсилоти ғайрирасмӣ дар давлатҳои исломӣ доштанд, ба Ватан баргардонанд, банда шоҳиди ҳол будам, ки вақти ба пешвозашон мерафтем, як ноболиғ,  тақрибан 14 сола омадааст,  намедонад, ки хонаашон дар куҷо ва  дар кадом маҳала аст. Барои он, ки аз кӯдакиву хурдсолӣ  падараш онро бурда,  ба яке аз давлатҳои хориҷӣ супоридааст. Дар муддати 5, 10 сол касе аз ӯ пурсуҷӯ накардааст.

Барои ин ҷавононе, ки ҷаҳонбиниашон хеле коста асту  танг онҳоро  бар роҳи нодуруст бурдан хеле осон аст.

Боиси таасуф аст, ки баъзе ҷавононро бо идеологияи сохтаи пурзӯр ҳамон тавре меомӯзонанд, ки  таассубу хурофотро чун  диққати ягона қабул мекунанд. Таассуб дар рагу решаашон чун хун медавад ки “шаҳид” шуданро як амри воқеӣ меҳисобанд. Ба худ савол намедиҳанд, ки  хунрезӣ мекунӣ, оё шаҳид мешавӣ? Ҳатто мехоҳанд аз якдигар як қадам пеш бошанд.

Дини мубини Ислом дини одобу ахлоқ аст, на амалҳои ваҳшиёна...

Дини мубини ислом зидди ҳамаи ин амалҳои ваҳшиёна аст.  Мутаасифона, моҳи декабри соли 2023-юм таркишҳое, ки дар шаҳри Истамбул шуд, дар калисои  масеҳӣ  ва таркишҳое, ки соли 2024-ум дар  Эрон,  дар ҳамаи ин таркишҳо ҷавонони тоҷик даст доштанд. Ин таркишҳо ва ҷавонони тоҷикро давлати Хуросон  ва  давлати  исломии Ироқу  Шом, омода намуда буданд.  Вақте, ки  онҳоро дастгир карданд, диданд, ки аз Тоҷикистон ҳастанд. Дар ҳоле, ки мо бо Эрон ҳамдину ҳамзабонем...   Ва чандин таркишҳои дигар, пушти ин ҳама баъзе ҷавонони тоҷик меистоданд, ки хеле нанговар буд...  

Он давлатҳо метавонистанд, нисбати Тоҷикистон таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ кунанд. Лекин,  шукри худо обрӯву нуфузи Пешвои миллати моро ҷаҳон мешиносад. Президенти Тоҷикистон  аз минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ баромад  карда мегӯянд, ки “Терроризм ё террорист на дин дораду на давлат”  ва ҳаминро ба назар гирифта, таҳрим ҷорӣ намекунанд.

Бояд ёдовар шуд, ки он ҷангҳои таҳмиливу ифротие, ки дар дохили мамлакати мо сар зада буд, онро ҳам, анна ҳамин давлатҳои абарқудрат тарҳрезӣ карда, қаблан,  ҷавононро гумроҳ сохта, онҳо даст ба бародаркушӣ заданд.

Наҷмиддин Салимов бар он назар аст, бо  вуҷуди оне, ки мақомоти  Суди олӣ тариқи  қарорҳои худ чандин ташкилоту ҳизбу ҳаракатҳои гуогунро  дар Тоҷикистон ташкилоти  террористиву экстремистӣ  эълон кардааст, ҳанӯз ҳам,  ҳастанд ҷавононе, ки огоҳ  нестанд ва тариқи шабакаҳои  ичтимоӣ –интернетӣ, он ташкилоту ҳизбҳоро пайравӣ мекунанд.

9-уми марти  соли 2024-ум Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони  чомеа ва ходимони  дини кишвар таъкид доштанд,  “Гарчанде, дар кишвар бо қарорҳои Судӣ олӣ, фаъолияти  28 ташкилоти экстремистӣ  ва терористӣ манъ шудааст,   вале ҳолатҳои шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо  боз ҳам ба назар мерасанд...”

Худшинос бошед, миллатро арҷ гузоред!...

Барои ҳамин, мо бояд ки ҳеҷ вақт  зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ва фаромӯш накунем,  модоме, ки ҳамин гӯна  ташкилотҳо ҳастанд, модоме, ки  ҳамин давлатҳои абарқудрат барномаҳои худро тарҳрезӣ мекунанд, барономаҳои низомҳои давлатиро  “инқилобҳои ранга” созмон додаанд, мо ҳушёр бошему худшиносу огоҳ...

Бубинед,  дар Ироқ  ё Сурия  амалҳое сар заданд, ки як давлати ободро бо ҳамин нақшаҳои геополитикии худ  давлатҳои абарқудрат барои номувофиқ будани ҷониби дигар ва тибқи  равияву  фармонҳои онҳо кор накардан, низоми давлатро дигар карда,  ба сари қудрат  омаданд. Мисоли дигар,  Афғонистонро бубинед, ки он ба мо ҳамсояву ҳамзабон аст, дар он ҷо “толибон” ба сари қудрат омадаанд, худ гувоҳед, ки  баъзан,   таҳдидҳо низ ба ҷониби Тоҷикистон равона месозанд. Инҳо як шохаи ДИИШанд, мутаассифона, тоҷикистониҳо низ дар ин гурӯҳ шомиланд... Дар он ҷо ба қавле аз таги дор гурехтагиҳо ба маъное, ки худро намешиносанд саф мекашанд ва бар зидди миллати худ таҳдидро раво мебинанд.

Даҳшату ваҳшати гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ тариқи  расона ва пойгоҳҳои иттилоотӣ  дар саросари ҷаҳон пахш мешавад. Вале баъзе ҷавонони мо то ҳол  дарк намекунанд, ки ин гӯна амалҳои разилонаву ҷоҳилона  оқибати хубе ба бор нахоҳанд овард. Ҳатто дарк намекунанд, ки  Ислом дини ноб аст, саропо  бозгӯӣ ахлоқи ҳамидаву  тарбияву адаб аст, на  оини куштору хунрезӣ...

Наҳтутӣ Алиева, рӯзноманигор