Ё чораҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткории ноболиғон чист?

Тарбияи наврасон яке аз муҳимтарин рукни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, дар симои насли ояндасоз давлату миллат пойдориву ояндаи хешро мебинад. Бахусус, дар замоне, ки фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бидуни марз иттилооти саҳеҳу носаҳеҳро пахш мекунанд ва  бо хар роҳу восита ҷавонону наврасонро аз доираи одобу ахлоқ берун мебаранд ва хатарҳои гуногун моро таҳдид мекунанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин масъала ногузир аст.

Ба беназоративу хунукназарӣ роҳ додани падару модарон нисбати таълиму тарбияи кӯдакони худ ва ба ин васила коста гардидани хислату рафтори наврасон ва гаравидани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳо, равияҳои ҷиноятпеша ҷомеаро нигарон кардааст. Президенти  кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон оид ба  рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки насли наврасу ҷавонро дуруст тарбия созем. Зеро,  аксарияти ноболиғоне, ки даст ба содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ мезананд, онҳое мебошанд, ки аз таҳсилу шуғл ва дарёфти касб дур мондаанд.

Имрӯз, 24 ноябр ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор роҳпаймоии оммавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандон, омӯзгорон, хонандагон ва сокинони ноҳия иштирок намуда, бо эҳтироми бузург ба Парчами миллӣ, ки чун рамзи нангу  номи тоҷикон аз замони кадим маҳбуб ва гиромӣ мебошад,  муҳити идона фароҳам оварданд.

Роҳпаймоӣ дар маркази ноҳия оғоз гардида, иштирокчиён бо шиору овезаҳо ва расмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Парчам бо масоҳати калон роҳпаймоӣ намуданд. Ин чорабинӣ аҳамияти баланд дошта,  собит сохт, ки сокинон нисбати рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои миллӣ эҳтироми бузург доранд.

Бояд гуфт, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Сангвор бо эҳтироми баланди ватандӯстиву ватандорӣ арзишҳои миллиро пос медоранд. Парафшонии Парчам ин итминон ва ифтихори онҳо аз соҳибдавлатӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Ин рамз нишонаи истиқлол ва соҳибихтиёрӣ буда,  ба ҷавонон ва насли нав меомӯзад, ки ваҳдату иттиҳод  ва эҳтироми арзишҳои миллӣ асоси пойдории давлат ва ҷомеа мебошад.

Филиали №21 “Амонатбонк” дар ноҳияи Сангвор яке аз марказҳои муҳими хизматрасонии  бонкӣ барои аҳолӣ ва соҳибкорон мебошад. Ин филиал хизматҳои гуногуни молиявӣ ва бонкиро ба мизоҷон пешниҳод менамояд.

Инчунин  бо кормандони соҳибтаҷриба  кӯшиш мекунад, ки ба муштариён тамоми хизматрасониҳои бонкӣ ва молиявиро бо сифати баланд ва зуд дастрас намоянд. Ҳамчунин, филиал ба талаботи замони муосир, аз ҷумла истифодаи технологияҳои электронӣ ва хизматрасониҳои онлайнӣ, диққати махсус медиҳад.

 Дар пайи хизматҳои босифат ва аҳамияти молиявии филиали 21 КВД ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Сангвор мо тасмим гирифтем, ки бо мудири филиал,  Раҷабов Бахтовар Саидумронович, як суҳбати махсус анҷом диҳем. Ҳадафи ин суҳбат пеш аз ҳама барои он аст, ки хонандагони нашрия бо фаъолияти филиал, хизматрасониҳои он ва имкониятҳои молиявӣ барои аҳолӣ ва соҳибкорон ошно шаванд.

14-уми ноябр дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони сершумор чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Сангвор, Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президент муборакбод кард. Зимни баромад ӯ аз корнамоиву ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар ёдовар шуда, нақши шахсияти Роҳбари давлатро дар таҳкими сулҳу суббот ва рушди бемайлони мамлакат баланду бесобиқа ва муҳим арзёбӣ кард.