- Диданд: 435
Дар ноҳияи Сангвор тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2022, №24/10-68, рӯзи 23 декабри соли 2022 паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тариқи шабакаҳои телевизионӣ дастҷамъона дар толорҳои ташкилоту муассисаҳо, дар толорҳои ҷамоатҳои деҳот бо иштироки ҳайати кормандон, шунида шуд.
Дар маркази ноҳия дар 5 толори ташкилоту муассисаҳо, дар ҷамоатҳои деҳот дар толорҳои ҷамоати деҳот шароит муҳайё карда шуд. Суруди миллӣ дар аввал ва анҷоми маҷлис аз ҷониби иштирокчиён сароида шуд.
- Диданд: 486
Мақомоти иҷроияи махалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор иттило медиҳад, ки 10 ноябри соли 2022 бахшида ба “Рӯзӣ Милитсия”дар ноҳияи Сангвор чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия баргузор гардид. Дар чорабини кормандони ШВКД дар ноҳия, собиқадорон бо сипосномаву туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шудаанд. Чорабиниро ҳунармандони қасри фарҳанг бо сурудҳои ватанпарварӣ ҳусни дигар бахшидаанд.
- Диданд: 552
Мақомоти иҷроияи махалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор иттило медиҳад, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд “Агроаксияи Олмон” бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 760 нафар оилаҳои ниёзманд аз ҷумла маъюбони гурӯҳӣ 1,2,3, маъюбони аз овони кудакӣ, ятимон, оилаҳои бесаробонмонда кумаки моддӣ аз қабили орд, равған, шакар,биринҷ, лубиё,макарон, наск,гречка кумак расонида шуд, ки 1124800 сомониро ташкил медиҳад.
- Диданд: 498
Дар доираи нақша-чорабиниҳои тартибдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бахшида ба рӯзи Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тай як ҳафта (аз 31-уми октябр то 5 –уми ноябр) дар тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатӣ конфронс ва мизҳои мудаввар бахшида ба Рӯзи Конститутсия баргузор гардиданд. Дар ин конфронсу мизҳои мудаввар тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, оиди бобҳою моддаҳои Конститутсия маълумотҳои саҳеҳ пайдо намуда, ғизои маънавӣ гирифтанд.
Инчунин бахшида ба ин санаи таърихӣ дар байни мактаббачагон ва аъзоёни маҳфилҳои варзишии муассисаи давлатии мактаби варзишӣ як қатор чорабиниҳо гузаронида шуд, ки дар натиҷа ғолибон бо туҳфаҳои хотиравию Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Саҳифаи 19 аз 26