- Диданд: 13
«Пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ҳаққи онҳо, то тавонем, ғамхорӣ намоем».
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Нурмаҳмадзода, раиси ноҳияи Сангвор ба аёдати беморон ва пиронсолон рафта, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот раиси ноҳия аз аҳволи саломатӣ ва шароити зиндагии онҳо пурсон шуда, таъкид намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба пиронсолон, беморон ва шахсони ниёзманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Тоҷиддин Нурмаҳмадзода дар суҳбат бо онҳо иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ғамхору мардумпарвар буда, ҳамеша ба масъалаи беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, дастгирии оилаҳои ниёзманд, пиронсолон, беморон ва маъюбон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Раиси ноҳия зикр намуд, ки сиёсати инсондӯстона ва иҷтимоии Пешвои миллат моро водор месозад, ки нисбат ба якдигар меҳрубон бошем, ба шахсони эҳтиёҷманд дасти ёрӣ дароз намоем ва махсусан, пирони рӯзгордидаро эҳтирому қадршиносӣ кунем. Зеро ғамхорӣ ба инсон, дастгирии ниёзмандон ва расонидани ёрӣ ба шахсони дар зиндагӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ гардида, аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ ба шумор меравад.
- Диданд: 7
Имрӯз Тоҷиддин Нурмаҳмадзода, раиси ноҳияи Сангвор бо иштироки роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла намояндагони мақомоти амният, Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, прокуратура ва суди ноҳия ва рисони ҷамоатҳову роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бо сокинони Ҷамоати деҳоти Тавилдара вохӯрӣ доир намуд. Дар мулоқот як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, маишӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди маҳал алоқаманданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ таъкид намуд, ки ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва пешрафти ҳар як маҳал ҳамкории пайвастаи мақомоти давлатӣ, роҳбарони сохторҳо ва сокинонро тақозо менамояд. Дар ин замина, масъалаи иҷрои саривақтии уҳдадориҳои андозӣ баррасӣ гардида, зарурати масъулиятшиносии шаҳрвандон дар иҷрои уҳдадориҳои қонунӣ таъкид карда шуд. Зикр гардид, ки воридоти пурраи андозҳо ба буҷет барои татбиқи нақшаҳои ободонӣ, беҳтар намудани инфрасохтор ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин, масъалаи таъмини сокинони маркази ноҳия бо оби нӯшокӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, оид ба зарурати беҳтар намудани низоми обтаъминкунӣ, нигоҳубини қубурҳои обгузар ва истифодаи сарфакоронаи об андешаронӣ карда шуд. Дар баробари ин, вазъи санитариву экологӣ, ҷамъоварӣ ва интиқоли партовҳо ба партовгоҳи муайяншуда низ баррасӣ гардид. Раиси ноҳия таъкид намуд, ки тозагии муҳити зист масъулияти танҳо сохторҳои коммуналӣ набуда, ҳар як сокин бояд дар ҳифзи тозагии кӯчаву маҳалла ва ҷойҳои ҷамъиятӣ саҳмгузор бошад.
- Диданд: 18
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали картошкапарварон ва намоишу фурӯши картошка бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ ва дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 январи соли 2026, №АП-952, доир намудааст.
Қобили зикр аст, ки фестивали мазкур 8 ноябри соли 2026 дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе доир шудааст.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ, намояндагони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, картошкапарварон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Дар доираи ҳамин чорабинии ҷумҳуриявӣ дастовардҳои картошкапарварони минтақаҳои гуногуни кишвар муаррифӣ гардида, кишоварзони фаъол барои саҳми арзанда ва фаъолияти пурсамарашон бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
- Диданд: 20
Мутаассифона, баъзе афрод ба ҷойи истифодаи имкониятҳои иттилоотӣ барои баланд бардоштани маърифати ҷомеа, онҳоро ҳамчун воситаи ҷалби таваҷҷуҳ, манфиатҷӯӣ ва барангехтани ихтилоф истифода мебаранд. Мухолифони андешадарбандмонда бо нашри барномаҳо ва изҳороти пур аз эҳсосот, баъзан бе пешниҳоди далелу санадҳои муътамад, кӯшиш мекунанд дар байни мардум нобоварӣ, нофаҳмӣ ва нигаронӣ ба вуҷуд оранд.
Мисоли чунин муносибатро дар баромадҳои онҳо дар фазои маҷозӣ, дар баромадҳои Иқболшайтон метавон дид. Ин бадбахт ба ҷойи таҳлили воқеии масъалаҳои рӯз, истифодаи далелҳои мушаххас, суханони пур аз айбҷӯӣ, баҳсҳои эҳсосӣ ва хулосаҳои якҷониба намуда, мехоҳад боз чанд ҷавони дигарро ба доми фиребу найранги худ кашонад.
Истифодаи шиорҳои тунду таҳқиромез, таҳрифи воқеият ва паҳн намудани хабарҳои санҷиданашударо болои ҷавонон таҳмил месозад, аммо ин ҷомеа дигар ба роҳи ӯ намеравад ва нахоҳад рафт. Зеро, Иқболшайтонро дигар ҳама мешиносанд. Ба суханҳои подарҳавои ӯ бовар намекунанд. Дигар ӯ наметавонад ба ҷуз “Фаришта”-ву “малоика”-ҳои атрофаш касеро ҷалб кунад. Бо “Фариштасифат” Муҳиддин Кабирӣ низ Иқболшайтон қаҳр асту ғариба гаштаанд.
Саҳифаи 1 аз 49









