Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.

Дар ноҳияи Сангвор низ ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинони маҳаллӣ як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардида истодаанд.

Ҳамчунин, ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори ноҳия корҳои кабудизоркунӣ, шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо ва соҳилҳои роҳҳо мунтазам роҳандозӣ гардидаанд. Сокинон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ дар ҳашарҳо фаъолона иштирок намуда, барои ободу зебо гардонидани маҳалли зист саҳм мегузоранд.

Бешак, корҳои ободониву созандагие, ки имрӯз дар ноҳия идома доранд, дар оянда барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон ва рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа мусоидат хоҳанд кард. Зеро ободии Ватан аз ободии ҳар як маҳал оғоз мегардад ва саҳм гузоштан дар ин роҳи созанда қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ватандӯст мебошад.

Қобили зикр аст, ки сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди босуботи кишвар ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам овардааст. Маҳз дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду пешрафт қадам гузошта, корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар вусъат меёбанд.

Н. Алиева