- Диданд: 14
Конференсияи илмӣ-амалӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 октябр дар ноҳияи Сангвор ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маылисгощи мацомоти иыроияи щокимияти давлатии нощияи Сангвор, бо иштироки васеи кормандони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти давлатӣ ва фаъолони ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар конференсия масъалаҳои ҳифз, рушди минбаъда, таҳкими мақоми забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суханронӣ Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ, муовини якуми раиси ноҳияи Сангвор таъкид намуд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва омили асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ дар таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Ба гуфтаи ӯ, эҳтиром ба забони давлатӣ танҳо риояи меъёрҳои забонӣ набуда, балки нишонаи эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии кишвар мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд, бахусус кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, бояд барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва истифодаи дурусти он дар муоширати расмию корӣ саҳми муносиб гузоранд.
Дар идомаи конференсия Раҳмон Умаров, корманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор, Муҳаё Раҳимова, корманди Ҷамоати деҳоти Тавилдара, Туйчӣ Нурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва дигар баромадкунандагон андешаҳои худро баён намуданд.
- Диданд: 40
Дар арафаи таҷлили 35-солагии истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳи ҷомеа ба дастовардҳои беназир ва дурнамои кишвар бештар мешавад. Мардум ҳамагӣ дар фикри истиқбол аз 35-умин солгарди истиқлоланду сагони дайдуву дарбадари хокбарсар Муҳамадиқболи Садриддин бо ҳаммаслаконаш дар андешаи туҳмату буҳтону дурӯғпароканиву иғвоандозӣ.
Оре, дар чунин шароит фазои иттилоотӣ фаъолтар мегардад, истиқлолу шукӯҳмандиву намои шуҳрату шони он ба гӯши дӯсту душман мерасад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳои интернетӣ ва дигар минбарҳои рақамӣ аз шаъну шони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва беназиртарин дастоварду рушду такомул сухан меравад. Аммо, сагони гушнаи бестухонмонда ангеза пайдо мекунанд. Вале, ку гӯши гапшунав, бечораҳо чораи дигар надоранд. Агар аз ин аккос монанд, аз дунё мемонанд.
Эй хиёнатпешаҳо! Бояд ба гӯши шумо расонид, ки мавҷудияти андешаи мухолиф дар ҷомеа падидаи ғайриоддӣ нест. Дар ҷомеаи сиёсӣ масъалаи муҳим аст, ки ҳар тараф то кадом андоза барои суханони худ далел меорад, масъулияти иҷтимоӣ нишон медиҳад ва ба манфиатҳои мардум муносибати созанда дорад, оё медонед инро?!
- Диданд: 51
Бо пайравӣ аз иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо роҳнамоиву ташаббусҳои созандаи раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат корҳои ободониву бунёдкорӣ дар маркази ноҳия вусъати тоза гирифта, симои маркази ноҳия рӯз ба рӯз зебову дилрабо мегардад.
Имрӯзҳо дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази ноҳияи Сангвор чеҳраи идона ба бар кардааст. Кӯчаю хиёбонҳо, мавзеъҳои ҷамъиятӣ ва даромадгоҳи ноҳия бо ороишоти идона, Парчами давлатӣ, шиору навиштаҷоти ватандӯстона ва дигар унсурҳои зебодиҳанда оро ёфта, ба муҳити ноҳия ҳусни хоса бахшидаанд.
Яке аз чунин иқдомҳои шоиста дар даромадгоҳи ноҳияи Сангвор амалӣ гардид. Дар ин мавзеъ лавҳаи ороишии бузург бо тасвири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва навиштаҷоти ватандӯстона қомат афрохт.
Саҳифаи 1 аз 30



