Оид ба татбиқи Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  03  августи соли 2021, №222  «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  барои марҳилаи якуми солҳои 2021-2025»

        Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои  замони  муосир  ин мубориза  бо коррупсия   мебошад.  Оид ба ин масъала солҳои охир дар матбуоти даврии Ҷумҳурии Точикистон ва берун аз он бисёр фикру ақидаҳо пешкаш  шудаанд.   Аз  нигоҳи луғавӣ истилоҳи «коррупсия»  аз калимаи лотинӣ «corruption», ки  бо маъноҳои  «харидан, вайронкунӣ  ва  ришвадиҳӣ»  фаҳмида мешавад.

     Барои  пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон  бо   коррупсия  соли 2003  Конвенсияи  Созмони   Миллали  Муттаҳид  зидди коррупсия  қабул  карда  шуд.  Бо назардошти аҳамиятнокии  масъалаи мазкур соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи Кулли Созмони  Миллали   Муттаҳид  9  декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия  дар тамоми ҷаҳон эълон гардид.  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳуҷҷати мазкур 25 сентябрисоли 2006  имзо гузошт ва он аз ҷониби  Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии кишвар 16  апрели соли 2008 тасдик гардид.  Аз ин рӯ, тибқи муқаррароти моддаи 10  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Конвенсияи мазкур, ки аз  тарафи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  эътироф гардидааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии  кишвар буда, конунҳои амалкунанда  бояд  мутобиқи талаботи он мувофиқ  гардонида  шаванд.

     Таърих  гузаштаҳои дур ва  корӯшаниҳои зиёде  дорад  ва  дар  бадали солҳои дароз барои ҳар қавму миллат  мӯъҷизаеро офаридааст,  ки он таърих,  забон,  фарҳанг , сару либос , урфу одатҳои миллии  онҳо ба шумор меравад.

    Миллате, ки ба таърихи пурғановати   хеш, урфу одатҳои   миллӣ, фарҳанг  ва  ба забон хеш  эҳтиром намегузорад,  ин  миллат  ба  зудӣ  ба вартаи  ҳалокат хоҳад расид.  Албатта  чунин  падидаҳои  номатлуб  ва  печдарпеч   бисёр  мушкилу нофаҳмо   имрӯз  ба   решаи  миллати куҳанбунёд,  таърихофару  фарҳангсози мо теша зада  истодаанд ва мо бештар,  чӣ марду чӣ зан рӯ ба фарҳанги бегона  овардаем.  Сабаб   дар чист, ки мо ҳама  бегонапараст   шудаем?

     9- уми марти соли 2024  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар  мулоқот  бо фаъолон,  намояндагони ҷомеа ва  ходимони дини кишвар  чунин иброз  намуданд:  «Чаро  мо бегонапарастӣ  мекунем?  Чаро  мо бегонаҳоро  ин қадар ташвиқу   тарғиб   мекунем?» 

     Соле , ки дар   Донишгоҳи  омӯзгории  шаҳри  Куйбишев  феълан  Самара  дохил  шуда  будам,  дар  гурӯҳи  мо  низ чор  нафар  бонудухтарони  тоҷик  роҳхат гирифта  буданд.  Ва   онҳо  ҳамоно  аз  рӯзе, ки  ба  Донишгоҳ  ворид  шуданд,   сару   либоси  миллиашонро  иваз  намуда буданд. Аз ин рӯ,  муаллимаҳо  бо  таҳайюр  аз  мо  мепурсиданд:  «А  где   ваши  таджички?»  Мо   духтарони  Аврупоипӯши (ро) худро  ба  онҳо   нишон  медодем. Онҳо бо  таассуф  мегуфтанд:  «Боже   мой,   как  это?»

   Ба андешаи  ман,  онҳо  мақсад   доштанд, ки   духтарони тоҷикро  бо  сару   либоси  миллӣ  ва  симои тоҷикона  бубинанд.  Дар  рӯ ба рӯи   хобгоҳ(и)    мо   омӯзишгоҳе  буд, ки  дар  он  туркмендухтарҳо  таҳсил   менамуданд.  Дар  муддати  панҷ  сари  соли хониш  надидам,  ки боре  онҳо  сару  либоси миллии  хешро  иваз  намуда   бошанд.   Раҳмат  ба  чунин  миллати тамаддунофар,  миллати  фарҳангӣ,  миллати  таърихсозу  эҳтиромгари арзишҳои   миллии хеш.

Аз ҷониби кормандони суди ноҳияи Сангвор, мақомоти прокуратура ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ  дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ як қатор чорабиниҳои судманд дар ҳудуди панҷ ҷамоати деҳоти Сангвор доир кард  шуданд.  Аз ҷумла, кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ дар корхонаҳо, идораву муассисаҳои маркази ноҳия,ҷамоатҳои деҳоти Тавилдара,  Чилдара ,Вахиё,  Заршӯён ва Ваҳдат бо  сокинон мунтазам вохӯрию суҳбатҳо анҷом медиҳанд. Онҳо дар суҳбатҳо бо сокинон шарҳу тафсири меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар тарҳи нав бо тағйироту иловаҳо қабул карда шуданд, инчунин тағйироту иловаҳои ба Кодекси ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардидаро расонида, оқибатҳои риоя нашудани меъёрҳои ин қонунҳоро шарҳу эзоҳ медиҳанд.