Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабиёти классикии тоҷик, аз ҷумла шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома», дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Сангвор, даври ноҳиявии озмуни «Шоҳномахонӣ» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни баргузории озмун таъкид гардид, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ яке аз бузургтарин осори адабиёти ҷаҳон ба ҳисоб рафта, таърихи пурифтихори халқҳои ориёиро таҷассум намуда, дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, адолатпарварӣ ва худшиносии миллӣ нақши бузург дорад. Ин асар ҳамчун сарчашмаи муҳими маънавӣ барои насли наврас хизмат намуда, онҳоро ба омӯзиши таърих ва фарҳанги миллӣ раҳнамоӣ мекунад.
Зикр шуд, ки иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди китобхонӣ ва эҳёи фарҳанги мутолиа дар ҷомеа натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд. Аз ҷумла, баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба як иқдоми беназир табдил ёфта, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ ҳамчун ягона озмуни бузурги китобхонӣ шинохта шуда, аз ҷониби ҷомеа бо хушнудӣ истиқбол мегардад.
Озмуни «Шоҳномахонӣ» низ дар ҳамин замина роҳандозӣ гардида, ҳадафи он бедор намудани завқи китобхонӣ, тақвияти ҷаҳонбинии хонандагон ва тарбияи насли босаводу худшинос мебошад.
Дар даври ноҳиявии озмун хонандагон бо маҳорати баланди қироат ва дониши амиқ аз мазмуну муҳтавои «Шоҳнома» баромад намуда, сазовори баҳои ҳайати ҳакамон гардиданд. Ғолибон барои иштирок дар даври навбатӣ роҳхат гирифтанд ва ҳамзамон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Туйчӣ Нурзода



