Мақомоти иҷроияи махалии ҳокимияти  давлатии ноҳияи  Сангвор иттило медиҳад, ки 10 ноябри соли 2022 бахшида ба “Рӯзӣ Милитсия”дар ноҳияи Сангвор чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия баргузор гардид. Дар чорабини кормандони ШВКД дар ноҳия, собиқадорон бо сипосномаву туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шудаанд. Чорабиниро ҳунармандони қасри фарҳанг бо сурудҳои ватанпарварӣ ҳусни дигар бахшидаанд.    

 

  

 

   

   

      Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор тибқи Нақша-чорабинии  бахши кор бо занон   ва  оила   мақомоти   иҷроияи   ҳокимияти   давлатии   ноҳия    рӯзи, 13 майи соли 2022 дар қасри фарҳанги ноҳия Рӯзи  байналмилалии  оила ва фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” гузаронида шуд, ки дар ин чорабини аз  ҷамоатҳои деҳоти     Чилдара, Тавилдара, Вахиё, Заршуён ва Ваҳдат бо иштироки  роҳбарону  кормандони муассисаву ташкилотҳои ноҳия, фаъолзанон, оилаҳои намунавӣ,  баргузор   гардида,   аз     тарафи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  ба 1 оилаи намунавӣ туҳфаҳои хотиравӣ,  ба 1 оила шаҳодатномаи  ақди никоҳ ва ба  2  оила шаҳодатномаи таваллуди  кӯдак,  дода     шуда, ба  онҳо   орзуҳои неку  хушбахтӣ таманно  намуданд.

   Инчунин аз тарафи  иштирокчиён ба оилаҳо саволу  ҷавоб гузаронида  шуд, оилаҳои намунавӣ  маслиҳатҳои  хуб ба ҷавонон дода, онҳоро  баҳри ободии диёри хеш     даъват     намуданд.  Аксияи  модарон  зери  унвони  «Оилаи солим-ҷомеаи солим» гузаронида, маводҳо  тақсим карда шудаанд.