23-юми феврал ба ифтихори Рӯзи Артиши Миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 02011 «В»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Сангвор, чорабинии бошукӯҳ ва хотирмон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини раиси ноҳия, Абдулло Олимзода ва  мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Нурзода Туйчӣ, инчунин дигар масъулону меҳмонон ширкат варзиданд. Зимни суханронӣ Абдулло Олимзода иброз дошт, Ватан ҷойгоҳест, ки инсон дар он зода шуда, дар домони пурмеҳраш ба воя мерасад. Ӯ таъкид намуд, ки ҳифзу нигаҳдории Ватан қарзи муқаддас ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

Қайд карда шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби ҷасорату мардонагӣ буда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ва масъулиятшиносӣ тарбия менамояд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор афсарону сарбозоне, ки содиқонаю софдилона адои хизмат намудаанд, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ анҷом пазируфт.

Н. Алиева