- Диданд: 626
Бо ташаббуси мудири бахши фарҳанг Шарипов Саидбек ва роҳбари Қасри фарҳанг Давлатов Шамсиддин дар толори Қасри фарҳанг бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ намоиши китобҳои нодир, аз ҷумла китобҳои Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон, ки дар онҳо таърих, пешрафт ва ормонҳои миллии халқи азизамон таҷассум ёфтаанд, ба роҳ монда шуда буданд, ки тамошобинон ва иштирокчиёни чорабинии идона аз тамошои ин намоишгоҳ таассуроди ҷиддӣ бардошта, як ҷаҳон маънӣ гирифтанд.
Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, муовинон, мақомотҳои қудратӣ ва дигар шахсиятҳои расмӣ низ аз ин намоишгоҳ дидан намуда, аз ташкилкунандагони ин намоишгоҳ мамнун гаштанд. Чунки аз пайроҳаи фаъолияти Пешвои миллат аз наздик ошно гашта, аз ин мактаби сиёсии сараври кишвар сабақе бардоштанд. Фаъолияти пурсамари Президенти кишвар дар ин китобҳои нодир рӯйи чоп омадаанд, ки ҳар як нафар хонанда аз заҳмату ранҷҳои кашидаи сарвари кишвар баҳри ба даст омадани сулҳу ваҳдат маълумоти мукаммал пайдо менамояд. Инчунин мероси гаронбаҳоеанд барои наслҳои ояндаи миллат.
Намоиш дар як сатҳи хуб ба роҳ монда шуда буд, ки ҳар як бинандаро баихтиёр ба сӯйи хеш ҷалб менамуд. Ин метавонад фурӯғе бошад дар қалби ҷавонон баҳри бедории ҳуввияти миллӣ, хештаншиносию ватандӯстии онҳо.
- Диданд: 739
Мақомоти иҷроияи махалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор иттило медиҳад, ки 10 ноябри соли 2022 бахшида ба “Рӯзӣ Милитсия”дар ноҳияи Сангвор чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия баргузор гардид. Дар чорабини кормандони ШВКД дар ноҳия, собиқадорон бо сипосномаву туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шудаанд. Чорабиниро ҳунармандони қасри фарҳанг бо сурудҳои ватанпарварӣ ҳусни дигар бахшидаанд.
- Диданд: 322

Ҳамдиёрони азиз!
Шашуми ноябри соли 2018 аз рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рӯйдодҳои муҳим ва арзишманд дар зиндагии ҳамаи мо мебошад, 24 сол сипарӣ мегардад. Халқи Тоҷикистонро саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсия мебошад.
Ба муносибати ин санаи таърихӣ ҳамаи Шуморо самимона табрик мегӯям ва ба Шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ таманно дорам.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, пойдевори давлати тозаистиқлол ва раҳнамои миллати созандаву бунёдкори тоҷик ба ҳисоб меравад.
Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихӣ инкишофи худ ворид шуданд ва дар мамлакат давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид.
Саҳифаи 6 аз 6



