Имрӯз дар ноҳияи Сангвор бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол чорабинии бошукӯҳи идона бо иштироки роҳбарияти ноҳия, варзишгарон, собиқадорони соҳаи варзиш, ҷавонону наврасон ва дӯстдорони футбол баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш Раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат суханронӣ намуда, тамоми варзишгарон, мураббиён ва дӯстдорони футболро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона табрик гуфт. Раиси ноҳия қайд намуд, ки рушди соҳаи варзиш, бахусус футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир таваҷҷуҳи бештар пайдо карда, бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин намуди варзиш рушду нумӯи тоза касб намудааст.
Зикр гардид, ки маҳз тавассути дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат ва фароҳам гардидани шароити мусоид имрӯз футбол дар кишвар беш аз пеш миёни ҷавонон маҳбубият пайдо карда, барои омода намудани варзишгарони соҳибмаҳорат ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид муҳайё гардидааст.
Дар ноҳияи Сангвор низ ба рушди соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, барои ҷавонону наврасон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд. Варзишгарони ноҳия пайваста дар мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявӣ ва минтақавӣ иштирок намуда, барои муаррифии ноҳия саҳми арзанда мегузоранд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ як қатор варзишгарони фаъол, мураббиён ва ҷавононе, ки дар рушди футбол ва пешбурди ҳаёти варзишии ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд, бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Раиси ноҳияи Сангвор сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Н. Алиева



