- Диданд: 42
Беҳтарин неъмати инсон ин танисиҳат ва хотири ҷамъ аст. Дар ин баробар метавон ба ин неъмат сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагиро дар ҷомеа низ афзуд. Аммо ин тинҷӣ ва осудагӣ ба баъзе ашхоси ношукр писанд нест. Ин қабил одамон имрӯз шомил ба қувваҳои бадхоҳу ҷангталаб, ки онҳоро террорист, ифротгаро, худкӯш, ҷиҳодталаб меноманд, ҷамъиятҳоеро созмон додаанд, ки ҳамарӯза ба харобкорӣ даст зада, даҳҳою садҳо сокинони осоиштаро ба қатл мерасонанд.
Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон терроризм ва экстремизм, ки ба марги одамони бегуноҳ оварда расонида, модаронро бефарзанд, одамиятро бесарпаноҳ, тифлонро беволидайн мегардонад, мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст.
Пеши роҳи ин амали зишт ва ваҳшиёнаро нагирифтан, майдони фарох кушода додан ба густариши он, бахусус терроризм ва экстремизми динӣ, ифротгароии мазҳабӣ боиси ҳалокати садҳо нафари бегуноҳ мешавад. Онҳо бо ин рафторашон, ки ғайриқонунист, зиндагии осоиштаи мардумро дар минтақаҳо ноором, хонаводаҳои шодро ғамдор, макони ободро валангор кардаву модаронро аз фарзанду шавҳар, духтарону занонро аз хонаву дар ҷудо карда, нафрати мардуми сулҳдӯстро нисбаташон бедор мекунанд. Бетарафӣ дар ин масъала баробари бо дасти худ ба марг ҳукм намудани оянда мебошад.
- Диданд: 64
Масъалаи идора кардани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва хавфноки ҷомеа мебошад. Он на танҳо хатар барои ронанда, балки барои мусофирон ва дигар роҳгузарон низ дошта, ба одамон мусибати сахт меорад. Дар бисёр кишварҳо, идора кардани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазоҳои сахти ҷиноятӣ ва маъмурӣ пешбинӣ мешавад. Дар Тоҷикистон низ ин гуна рафторҳои ѓайри қобили қабул мувофиқи қонун ҷораҷӯӣ карда мешаванд. Зеро, тавре гуфтем ва ба такрор мегӯем, ки идора кардани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ метавонад садамаҳои марговарро ба вуҷуд биёрад. Инчунин натиҷаи он ҷароҳат бардоштан ё як умр маъюб мондан, марг ё талафоти молиявӣ метавонад бошад. Барои пешгирӣ аз садамаҳое, ки омилашон дар ҳолати мастӣ идора кардани нақлиёт аст, қонун ҷазоҳои сахт пешбинӣ мекунанд. Ин ҷазоҳо метавонанд ҷаримаҳои молиявӣ, маҳрум кардани ҳуқуқи ронандагӣ ё ҳатто ҳабсро дар бар гиранд. Ҳадаф аз ҷазоҳо пешгирии рафторҳои хатарнок ва таъмини амнияти роҳҳо мебошад.
Мутаассифона, баъзан шахсон ҳаёти дигаронро фикр накарда, дар ҳолати мастӣ худро идора карда наметавонанд, аммо мехоҳанд, нақлиётро идора кунанд. Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 3.02.2025 шаҳрванд У. Д. В. барои он бо моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 300 (сесад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 21ҳазору 600 сомонӣ ба фоидаи давлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол таъин карда шуд.
- Диданд: 46
- Дар самти ташаккули тафаккури миллӣ ва маънавиёти солим баъзе аз аҳли зиёи кишвар чаро бетарафанд?
-Муҳим ва мубрам будани шинохти ислом дар вазъияти кунунӣ…
-Хурофоту таассуб заминаи ифротгароӣ, чаро ходимони дин дар ин марвид аз худ дарак намедиҳанд?
Масъалае, ки имрӯз ҷомеаро нигарон кардааст, зиёдаравӣ, хурофот ва падидаи таассуб ва таассубгароӣ буда, ки оқибати хатарборе дар қибол дорад. Имрӯз масъалаи ҳасос ва мубрами дигар ин доман густурдани иедологияҳои бегона аст, ки бархӯрд бо тафаккури ҷавонон дорад. Ин ва чанд масъалаҳои нигаронкунандаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта, дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин мавриди таҳлил қарор доданд ва то имрӯз низ аз вазъияти мавҷуда изҳори нигаронӣ менамоянд.
Падидаҳое, ки ба ҷомеа ва давлату миллатҳо хатар эҷод мекунанд, мавриди таҳлилу баррасии Президенти кишваранд ва Роҳбари давлат пайваста бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солим, андешаҳои бикр ва афкори созанда таъкид месозанд. Президенти кишвар дар суханрониҳояшон хеле воқеъбинона таъкид мекунанд, ки яке аз сабабҳои ҳамон ҳодисаҳои нохуше, ки соли 90-ум иттифоқ уфтод, аз бетарафии мардум буд. Ва имрӯз низ ин бетарафиҳо ба мушоҳида мерасад.
Саҳифаи 5 аз 27